Мақомоти беҳдошти Тоҷикистон аз таҷрибаи пайвандсозии узвҳои бадани инсон дар кишвар ситоиш карда гуфтанд, ки ин таҷриба дар маҷмӯъ муваффақиятомез буд ва таваҷҷӯҳи муштариёни хориҷӣ ҳам афзудааст. Дар давоми ду соли гузашта дар Тоҷикистон 287 амалиёти пайвандсозӣ анҷом шуда, дар 4 ҳолат марги беморон сабт шудааст. Аммо бархе аз мунтақидон мегӯянд, таҷрибаи пайвандсозии узвҳо дар Тоҷикистон нав буда, на ҳама беморон ба мутахассисони ватанӣ эътимод доранд ва ҳанӯз ба анҷоми чунин амалиёти гарон дар хориҷа тарҷеҳ дода мешавад.
Гузориши видеоӣ инҷост:
"Хориҷиҳо ҳам дар Тоҷикистон амалиёт мешаванд"
Мавзӯи пайвандсозии узвҳо яке аз масоиле буд, ки рӯзи 11 январ дар нишасти матбуотии мақомоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон матраҳ шуд.
Соли 2015 раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар як сӯҳбаташ ба ин масъала ишора карда, таъкид намуд, ки тибби кишвар тавре бояд бошад, ки дигар мансабдорони баландпоя барои табобат ба хориҷ нараванд.
Мақомоти тоҷик гуфтанд, таҷрибаи ду соли охири пайвандсозии узвҳо, ки дар аксар ҳолат марбут ба гурдаи инсон аст, муваффақиятомез буда, барои чунин амалиёт 27 шаҳрванди Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Лубнон ва Арабистони Саудӣ ҳам муроҷиат кардаанд. Файзалӣ Мавлонов, муовини мудири Маркази пайвандсозии узвҳои Тоҷикистон рӯзи 11 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, хориҷиҳо қимати анҷоми амалиётро барои худ муносиб дарёфта, ба кишвар омадаанд.
Мавлонов гуфт, арзиши тамоми хароҷоти амалиёт барои пайвандсозии гурда барои шаҳрвандони Тоҷикистон 47 888 сомонӣ ва пайвандсозии ҷигар 118 000 сомонӣ мебошад. Ӯ гуфт, арзиши ин амалиёт "ҳатто бо тағйир ёфтани қурби доллар дар бозор ҳам дигар нашуд".
Адами эътимод ба тибби ватанӣ
Дар ҳамин ҳол, кам нестанд он беморони ниёзманд ба гурда ё ҷигари донорӣ, ки ба тиб ва мутахассисони маҳаллӣ эътимод надоранд. Онҳо мегӯянд, омода ҳастанд бо сарфи ҳадди ақалл 13 ҳазор доллар худро ба клиникаҳои Ҳинду Олмону Русияву Исроил бирасонанд ва интизори анҷоми муваффақиятомези ин амалиёт шаванд. Далели онҳо – шубҳа дар касбияи пизишкони ватанӣ аст. Расонаҳо борҳо масъалаи дар хориҷ муолиҷа ё амалиёт шудани мансабдоронро матраҳ карда ва аз вазири тандурустӣ то раҳбарияти донишгоҳи тиббиро интиқод кардаанд, ки саломати худро ба шогирдону дастпарвардаҳояшон бовар намекунанд.
Соли 2015 раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар як сӯҳбаташ ба ин масъала ишора карда, таъкид намуд, тибби кишвар тавре бояд бошад, ки дигар мансабдорони баландпоя барои табобат ба хориҷ нараванд. Бархе гузоришҳо мегӯяд, ки мақомоти тоҷик аксар вақт барои муолиҷа ё амалиёт ба Русия, Олмон, Ҳинд ва ё Исроил сафар мекунанд.
Қадамҳои нахустини хадамоти сайёр дар минтақаҳо
Ҳоло таҷрибаи пайвандсозии гурда дар манотиқи Тоҷикистон ҳам ба роҳ монда шудааст, вале ба қавли масъулин, ин амалиёт ба таври сайёр сурат мегирад. Аз ҷумла, соли 2016 дар бемористони марказии шаҳри Данғара ва Хуҷанд ингуна ҷарроҳиҳо анҷом шудааст. Одилбек Иброҳимов, як сокини вилояти Ҷалолободи Қирғизистон аст.
Вай охири соли 2016 дар Данғара гурдаашро табдил кард. Мегӯяд, ба он хотир ба мутахассисони тоҷик муроҷиат кард, ки дар Тоҷикистон дар фурсати барои ӯ муносиб ин амалиётро барпо карда аз ин пеш амакаш ҳам айни чунин амалиётро дар Тоҷикистон гузашта буд. Ба гуфтааш, арзиши ин амалиёт ҳам барояш хеле муносиб буд. Одилбек гуфт, ки бар ивази 7500 доллар ба ӯ гурдаи бародараш Гулабдулло Абдурасуловро пайванд карданд.
Дар Тоҷикистон танҳо хешовандон ҳақ доранд барои ҳамдигар донор бошанд. Пайванд кардани узвҳои бадани ҷасади беҷон ба нафари дигар ва ҳамчунин харидуфурӯши узвҳои бадан иҷозат нест. Мақомот бо ин васила мехоҳанд аз бозори сиёҳи тиҷорати аъзои бадан ҷилавгирӣ кунанд.