Як муҳоҷири тоҷик, ки чор соли қабл аз тарафи афроди ношинос дар Русия латту кӯб шуда ва дар пайи он гурдаҳояшро аз даст дода буд, даргузашт. Сайёд Шералиев, зодаи ноҳияи Восеъ, 25 сол дошт ва рӯзҳои охир дар Маркази трасплантология ё пайвандсозии гурда табобат мегирифт.
Маркази миллии табдили аъзои бадан мегӯяд, аз соли 2011 ба ин сӯ дар Тоҷикистон 200 ҷарроҳии табдили гурда ва 15 ҷарроҳии табдили ҷигарро анҷом додааст.
Абдулло Шералиев, падари Сайёд, рӯзи 12 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳангоми зарбу лат дар Русия гурдаҳои писараш осеб дида ва онҳо барои наҷоти ӯ тамоми дороиашонро харҷ карданд, аммо ба ҷое нарасиданд. “Чанде аз мардум ҳам ба мо кӯмак карда буданд. Ману хоҳараш ба ӯ гурдаамонро додем, вале натавонистем, ӯро наҷот диҳем. Ҳоло ҷасадашро ба зодгоҳ бурда, дар онҷо ба хок месупорем. Чораи дигар нест”, - афзуд ӯ.
Шералиев тобистони соли равон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки писараш Сайёд барои пайванди дубораи гурда ба 75 ҳазор сомонӣ (ҳудуди даҳ ҳазор доллар) ниёз дорад. Вай гуфта буд, охирин дороияш – манзили нимсохти худро ба гарав гузошта, аз бонк қарз гирифт, то фарзандашро муолиҷа намояд.
Дар Маркази миллӣ-илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон дар Душанбе, ки Сайёд онҷо бистарӣ буд, он замон вазъи ин сокини ҷавони Восеъро “вазнин” арзёбӣ карда буданд. Пизишкон гуфтанд, Сайёд танҳо бо “гемодиализ” зиндагӣ дорад, ки муваққатӣ ба ҷойи гурда истифода мешавад. Танҳо маблағи интиқоли гурдаи падар ба бадани Сайёд дар ин марказ ҳудуди 48 ҳазор сомонӣ мушаххас шуда буд.
Ба гуфтаи Абдулло Шералиев то тобистони соли ҷорӣ Сайёдро барои табобат ду бор ба Русия низ бурда ва як гурдаи хоҳарашро ба ӯ дода буданд. Аммо дар пайи номуваффақ анҷом гирифтани ҷарроҳӣ гурдаи нав низ кор накардааст: “Дар беморхонаи ҳарбии Подолски вилояти Маскав чанд муддат табобат гирифтем, ки Сайёд ба по хест. Баъд табибон маслиҳат доданд, ки ба Душанбе омада, идомаи табобатро дар Маркази траспланталогия гузаронем. Баъди бозгашт як гурдаи хоҳарашро ба Сайёд насб карданд, вале баъди чанд муддати ҷарроҳӣ гурдаи нав аз кор монд».
Аммо хоҳари Сайёд ҳам аз як гурдааш маҳрум шуд. Абдулло Шералиев, ки ягона даромадаш аз фурӯши нишолло дар бозорҳои Душанбе буд ва рӯзона ҳудуди 20-30 сомонӣ ба даст меовард ва бо вуҷуди дасткӯтаҳӣ то лаҳзаи охирин барои ба по хестани писараш талош кардааст.
Маркази миллии табдили аъзои бадан мегӯяд, аз соли 2011 ба ин сӯ дар Тоҷикистон 200 ҷарроҳии табдили гурда ва 15 ҷарроҳии табдили ҷигарро анҷом додааст. Тайи 6 моҳи аввали соли равон дар ин марказ 41 ҷарроҳии гурда ва ду ҷароҳии ҷигар анҷом шудааст. Ҳамчунин моҳи август дар Тоҷикистон барои нахустин бор ҷарроҳии устухони мағзи сар анҷом гирифт.
Дар Русия, бино ба ҳисобҳо, аз 1 то 1,5 миллион муҳоҷир аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Ҳар сол дар ин кишвар садҳо шаҳрванди Тоҷикистон ба иллатҳои мухталиф аз олам чашм пӯшида ва ё бо осебу маризиҳои гуногун ба ватан бармегарданд.