Сандуқи Байналмилалии Пул (IMF) мегӯяд, ҳарчанд дар ду соли охир Тоҷикистон ислоҳоти муассирро роҳандозӣ кардааст, вале омилҳои берунӣ ба рушди воқеии иқтисод дар кишвар асари манфӣ гузоштаанд. Дар баёнияи Сандуқи Байналмилалии Пул, ки рӯзи 30-юми май дар вебсайташ нашр шуд, ба осебпазирии иқтисоди Тоҷикистон дар баробари омилҳои берунӣ, коҳиши захираҳо ва рушди кунди иқтисодӣ ишора шудааст.
Мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон қаблан гуфта буданд, ки ба хотири муқобила бо асари бӯҳрони иқтисодӣ имкони дарёфти то 500 миллион доллар ёрии молӣ аз Сандуқи Байналмилалии Пулро баррасӣ мекунанд.
Ин хулосаҳо баъди анҷоми боздиди ҳайати СБП ба раҳбарии Пол Росс аз Тоҷикистон ба даст омадааст. Ин ҳайат аз рӯзи 17 то 30-юми майи дар Душанбе буд. Ҳайати СБП дар Тоҷикистон бо Давлаталӣ Саид – муовини нахуствазир, Абдусалом Қурбониён – вазири молия, Неъматулло Ҳикматуллозода – вазири рушди иқтисоду тиҷорат ва Ҷамшед Нурмуҳаммадзода – раиси Бонки миллии Тоҷикистон дидор ва дурнамои ҳамкориҳои ин ниҳоди молиро бо Тоҷикистон баррасӣ кардааст. СБП ба зарурати ислоҳоти боз ҳам ҷиддитар дар Тоҷикистон таъкид кардааст.
Дар баёнияи Сандуқи Байналмилалии Пул аз музокирот бо мақомоти расмии Тоҷикистон дар атрофи таъмини рушди фарогири иқтисодӣ, эҷоди ҷойҳои кор, боло бурдани даромад ва коҳиши мизони фақр маълумот дода шуда, аммо рӯшан нест, ки ҷонибҳо дар мавриди ироаи кумакҳои молии ин ниҳоди байналмилалӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ба тавофуқ расидаанд ё не. Мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон қаблан гуфта буданд, ки ба хотири муқобила бо асари бӯҳрони иқтисодӣ имкони дарёфти то 500 миллион доллар ёрии молӣ аз Сандуқи Байналмилалии Пулро баррасӣ мекунанд.
Масъулони Бонки миллӣ, вазоратҳои молия ва рушди иқтисод аз ифшои ҷузъиёти музокирот бо ҳайати Сандуқи Байналмилалии Пул худдорӣ карданд. Танҳо нуктаи мушаххаси СБП дар бораи таҳаввулоти мусбати молӣ ба тасмими ахири Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамсонсозии арзиши расмӣ ва бозории қурби асъор таъкид шудааст. Дар баёнияи Сандуқи Байналмилалии Пул гуфта шудааст, ин амр метавонад ба таҳти назорат гирифтани ҷараёни таваррум, эҳёи эътимод ба пули миллии сомонӣ ва барқароршавии захираҳои буферӣ кумак кунад.
Зимнан, дар охири ҳафтаи гузашта Бонки миллии Тоҷикистон ба манзури таъсир расондан ба бозори хариду фурӯши асъор дар кишвар, бо як қарораш қурби сомонӣ дар баробари доллари амрикоиро 32 дирам поин бурд. Ба ин тартиб, қурби як доллари амрикоӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 24-уми май дар сатҳи 8 сомониву 82 дирам муқаррар шуд.
Дар фурӯши ғайрирасмӣ қурби доллари амрикоӣ тақрибан 3 дирам бештар буда, ҳудудан 8,86 сомонист. Доллари амрикоӣ муҳимтарин арзи хориҷӣ дар Тоҷикистон аст, ки мувофиқи он қиматҳо дар бозору хадамот тағйир меёбад ва дар панҷ моҳи охир беш аз 10 дар сад гаронтар шудааст.
Ҳеч кадом аз ниҳодҳои муътабари молӣ ба кишваре, ки дар онҷо ислоҳоти иқтисодӣ анҷом намешаваду шаффофият вуҷуд надорад, кумаки молӣ намекунад.
Коршинос: Тоҷикистон тавсияҳои СБП-ро пурра иҷро намекунад
Дар ҳамин ҳол, иқтисоддонҳои тоҷик мегӯянд, ки дар бештари маврид давлати Тоҷикистон тавсияҳои ниҳодҳои байналмилалии молӣ, аз ҷумла, Сандуқи Байналмилалии Пулро ба инобат намегирад. Ба гуфтаи таҳлилгар Зафар Абдуллоев, намояндагони ҳукумати Тоҷикистон дар музокирот омодагии худро барои ислоҳоти ҷиддии иқтисодӣ дар кишвар иброз дошта, вале дар амал ваъдаҳо иҷро намешаванд.
Масалан, ба гуфтаи вай, СБП ба Тоҷикистон тавсия дода буд, то дар айёми бӯҳрони иқтисодӣ аз бунёди сохтмонҳои бузург худдорӣ кунад, бо ин вуҷуд дар кишвар сохтмони нирӯгоҳи Роғун ҳамчунон идома дорад. “Беэътиноӣ ба тавсияҳои созмонҳои муътабари молии ҷаҳон, мумкин аст, ба эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҷалби сармоя ба иқтисоди кишвар асари манфӣ гузорад. Зеро кишварҳои кумаккунанда ва сармоягузорон қабл аз вуруди сармоя ба Тоҷикистон бо гузоришҳои СБП, Бонки Ҷаҳонӣ ё Бонки Осиёии Рушд дар бораи вазъи воқеии иқтисод ва фазои сармоягузории ин кишвар ошно мешаванд”, - афзуд ӯ.
Абдуллоев мегӯяд, шояд ба ҳамин далел дар Тоҷикистон сармоягузорони бузурги Русия, Кувайт, Эрон ё кишварҳои Аврупо фаъолият надоранд ва сармояи мустақим ворид накардаанд. Ӯ афзуд, “ҳеч кадом аз ниҳодҳои муътабари молӣ ба кишваре, ки ислоҳоти иқтисодӣ анҷом намешаваду шаффофият вуҷуд надорад ва қарзҳои хориҷӣ ғайримақсаднок истифода мешавад, кумаки молӣ намекунад. Масалан, дар чанд соле қабл кумаки молии Сандуқи Байналмилалии Пул барои ҳимоят аз устувории пули миллӣ, рушди бахши макроиқтисодӣ ва коҳиши мизони фақр ба гурӯҳҳои молии алоҳида тақсим гардид. Ин ҳодиса боис ба ихтилофи назарҳои ҷиддӣ миёни Тоҷикистон ва СПБ шуда буд.”
Дар зимн, Сандуқи Байналмилалии Пул дар соли 2008 пас аз як арзёбии ширкати “Ernst&Young”, Бонки миллии Тоҷикистонро ба ироаи маълумоти барғалат ба хотири дарёфти 47 миллион доллар қарз аз ин созмон муттаҳам карда буд. Он замон Бонки миллӣ айбномаро қабул карда, ризоият дод, ки ин қарзашро қабл аз муҳлат баргардонад. Пас аз ин моҷаро Сандуқи Байналмилалии Пул ба Тоҷикистон қарзу кумакҳои қобили мулоҳиза намедиҳад ва асосан бо расондани кумакҳои фаннӣ ҷиҳати рушди ниҳодҳои Тоҷикистон иктифо мекунад.
24 соли ҳамкорӣ бо Сандуқи Байналмилалии Пул
Тоҷикистон аз соли 1993 узви Сандуқи Байналмилалии Пул аст ва дар ин муддат аз ин ниҳод ба маблағи тақрибан 200 миллион доллар қарзу кумакҳои билоивази молӣ дарёфт кардааст. Дар сомонаи намояндагии ин ниҳод дар Душанбе гуфта мешавад, ки Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир қарзи пардохтношудае аз ин ниҳод надорад.
Тоҷикистон, ки дар солҳои охир аз Чин кумакҳои саршоре ба даст оварда буд, ба ёриҳои Сандуқи байналмилалии пул ва дигар ниҳодҳои байналмилалии молӣ, ки аксаран таҳти шартҳои сахт ва дар ивази анҷоми ислоҳоти мушаххас дода мешаванд, таваҷҷӯҳи чандон нишон намедод. Вале дар пайи буҳрони иқтисодии ду соли охир водор шудааст, ки барои дарёфти кумакҳои молӣ ба СБП муроҷиат кунад.
Сандуқи байналмилалии пул қаблан дар як иттилоияи расмӣ таъкид кард, танҳо дар сурате ба Тоҷикистон кумак хоҳад кард, ки агар мақомот барномаи муаасири ислоҳоти иқтисодиро рӯи даст гиранд.