Карлос Пенеруа, раҳбари ҳайати намояндаигии Сандуқи байналмилалии пул имрӯз пас аз дидор ва мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, эълом кард, ки барномаи ҷадиди ҳамкории ин муассиса ба ислоҳоти системаи бонкии Тоҷикистон марбут хоҳад буд.
Дар пайи ошкор шудани иттилоъи носаҳеҳи давлати Тоҷикистон дар мавриди захоири тилло ва арзи хориҷии ин кишвар равобити миёни Тоҷикистон ва Сандуқи байналмилалии пул ба сардӣ гароида буд. Натоиҷи таҳқиқоти ҳайати вижаи Сандуқи байналмилалии пул дар Тоҷикистон ва идомаи ҳамкориҳои дуҷониба миёни ин муассиса бо давлати Тоҷикистон мавзӯи аслии мулоқоти раҳбари ҳайати намояндагии Сандуқи байналмилалии пул ва раиси ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил додааст.
Раҳбари ҳайати намояндагии Сандуқи байналмилалии пул дар хатми ин мулоқот ба хабарнигорон гуфт, ироаи маълумоти носаҳеҳ дар мавриди захоири тилло ва арзи хориҷии ин кишвар аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон боис шуд, ки коршиносони ин муассиса ба таҳқиқи вазъият бипардозанд. Вай гуфт, аз натоиҷи ин таҳқиқ ва аз тавофуқи ҳосилшуда бо Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи як барномаи нави ҳамкорӣ раиси ҷумҳурии Тоҷикистонро огаҳ кардаааст. Тарҳи ҷадиде, ки ин муассиса ба иҷрои он шурӯъ хоҳад кард, ислоҳоти системаи Бонки миллии Тоҷикистонро ҳадафи худ қарор додааст. Ва роҳандозии ин барнома имкон медиҳад, ки минбаъд ҷойе барои ироаи иттилоъи носаҳеҳ боқӣ намонад.
Оқои Пенеруа дар посух ба суоли хабарнигорон дар бораи рафъи ихтилофот миёни ин муассиса ва давлати Тоҷикистон чунин гуфт, «ҳадаф аз ин барнома пушти сар гузоштани мавзӯи ироаи иттиллои носасеҳ аз тарафи бонки миллии Тоҷикистон аст. Ва ҳоло вазифа чунин гузошта шудааст, ки ҳамкорӣ бо Тоҷикистон оғоз ва идома ёбад. Ва мебояд дар чаҳорчӯби ин барнома бовар ва эътимоде, ки Тоҷикистон дар натиҷаи ин рӯйдоди номатлуб аз даст дода буд барқарор шавад».
Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, низ таъйид кард, ки мушкилот ва ихтилофи назаре, ки бо Сандуқи байналмилалии пул доштаанд, бартараф шудааст. СБП дар моҳи марти соли равон аз давлати Тоҷикистон пардохти фаврии 47-уним миллион доллар қарзҳои худро тақозо кард. СБП эълом кард, ки давлати Тоҷикистон ин миқдори маблағи қарзро аз ин ниҳод тавассути маълумоти бардурӯғ дастрас кардааст.
Ва аммо Карлос Пенеруа, раҳбари ҳайати намояндагии Сандуқи байналмилалии пул, гуфт, ки дар мавриди барномаи ҷадиди ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон ба раҳбарияти худ гузориш дода ва талош хоҳад кард, то ризоияти онҳоро барои иҷрои он ба даст оварад.