Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати рушди иқтисод: Пешбиниҳои IMF "пессимистона" аст


​Як мақоми баландпояи Вазорати рушди иқтисод пешбинии ахири Сандуқи байнулмилалии пулро, ки гуфт, Тоҷикистон зери таъсири бӯҳрони молии Русия ба ҳолати осебпазирӣ расидааст, бадбинона хонд.

Cандуқи байнулмилалии пул (IMF) дар гузориши нави худ гуфт, иқтисоди Тоҷикистон зери таъсири буҳрони Русия ва коҳиши нархи пахтаву алюминиюм ба ҳолати осебпазирӣ афтодааст. Аммо як мақоми аршади Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ арзёбиҳои Сандуқи байнулмилалии пулро “пессимистона” номид.

Ҳамсӯҳбати мо, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, “пешгӯиҳои IMF дар мавриди рушди иқтисод дар Тоҷикистон дар солҳои 2009, 2010 ва 2011 ҳам “пессимистона” буд. Аммо новобаста аз он, ҳукумати Тоҷикистон ба нишондодҳои баландтар ноил шуд. Барои он ки пешгӯиҳои онҳо ҳамавақт консервативӣ аст. Дувум, онҳо иттилои комил аз зарфиятҳои дохилии иқтисоди кишвар надоранд. Онҳо танҳо дар асоси тамоюлҳои беруна баҳогузорӣ мекунанд.”

Ба ақидаи Шӯрои иҷроияи IMF, Тоҷикистон ҳоло бояд фавран монеаҳои рушдро бо ислоҳоти сохторӣ аз миён бардорад, сармоягузориҳоро пуштибонӣ кунад ва ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳад. Мусоҳиби мо аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо мегӯяд, “Сандуқи байнулмилалии пул тавсияҳои зиёд медиҳад, вале барои иҷрои онҳо ёрӣ намекунад. Ё танҳо ба шарти гузарондани ин ва ё он ислоҳот кумаки молӣ мекунад. Мо наметавонем ба якборагӣ ба шартҳои ин созмон ризо шавем, чунки бояд омӯзем, он ба манфиатҳои миллии мо созгор ҳаст, ё на.” Бо ин вуҷуд мегӯяд, ин мақоми баландпояи Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Тоҷикистон ислоҳоти сохтори идоракунии давлатро идома медиҳад: “Барои мисол, баъд аз бӯҳрони молиявии соли 2008-2009 ҳукумат мушаххас кард, ки зарурати созмони Вазорати алоҳидаи саноат ва технологияи нав пеш омадааст ва алакай ин ислоҳот амалӣ карда шуд. Қабл аз ин ҳам дар баромадҳои худ президент аз мардум даъват кард, дусола захираи худро анҷом диҳанд. Шояд бисёриҳо зарурати ин корро дарк намекарданд, аммо ин даъват воқеан самимӣ буд. Ин даъват дар пасманзари он аст, ки дар мо фарҳанги истеъмол вуҷуд надорад.”

Ӯ дар идома афзуд, дар солҳои охир аз хориҷ ба кишвар то 4 миллиард доллар ва бештар аз он пул меомад, аммо ин суолро гузошт, ки “мардуми онро ба чӣ сарф мекарданд?”

“Дар 500 миллион доллари он мошини сабукрав хариданд. Билохира боз пул баргашт ба кишварҳои назди Балтик ва Русия. Чунки мошин бо бензин ҳаракат мекунад ва мо сӯзишвориро аз Русия ворид мекунем. Агар мо ба ҳамин пул техникаву мошинолоти кишоварзӣ мехаридему аз як замин ду ва ё се ҳосил мегирифтем ин аллакай сармоягузорӣ ба оянда мешуд,” – таъкид дошт мақоми баландпояи Вазорати рушди иқтисод ва савдо.

Мудирони иҷроияи Сандуқи байнулмилалии пул аз рушди муҳими иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон дар даҳсолаҳои гузашта истиқбол мекунанд, аммо мебинанд, ки коҳиши талаботи беруна ва “пули муҳоҷирон” осебпазирии кӯтоҳмуддатро афзоиш додаанд. Бинобар ин, онҳо аз ҳукуматиТоҷикистон тақозо доранд, ки монеаҳои беруна ва молиявиро ба хотири рушди миёнадаврӣ аз байн баранд.

Шӯрои мудирон бар ин аст, ки барои ҳифзи захираҳои давлатӣ ва рақобат қурби фарохтар ва тағйирпазири сомонӣ зарур аст. Онҳо аз мақомоти тоҷик даъват мекунанд, марзҳои расмии табодули асъорро, ки ба таври маъмурӣ ҷорӣ мешаванд, аз байн баранд ва мудохиларо ба бозори пули хориҷӣ ба андозае кам кунанд, ки танҳо аз ҷаҳишҳои беш аз ҳад пешгирӣ намояд. Мудирон, инчунин, аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, мудирияти захираҳоро, аз ҷумла бо афзоиши дороии пулӣ ва тилои Бонки миллӣ беҳтар кунанд.

Сандуқи байнулмилалии пул, инчунин, аз талошҳои мақомоти Тоҷикистон барои тақвияти сиёсати пулӣ дар ҳоли афзоиши фишори таваррум ҳимоят карда, аммо хостааст, Бонки миллӣ бояд танҳо аз бонкҳое пуштибонӣ кунад, ки захираҳои кофӣ доранд ва ба ҳолати омодагии онҳо ба бӯҳрон бештар аст. Шӯрои мудирон Тоҷикистонро ба ислоҳоти ҷасуронаи сохторӣ даъват кардааст, то модели нави рушдро амалӣ намояд. Ин нукта ҳамчунин ба ширкатҳои зери назорати давлат рабт дошта, чораҳои таҳкими зербино, густариши маърифати молиявии аҳолӣ, боз кардани фазои бештари сармоягузорӣ ва коҳиши вобастагии кишварро аз “пули муҳоҷирон” ҳамчун “мотор”-и иқтисодиёт дар назар дорад.

XS
SM
MD
LG