Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

IMF: Ду бонки тиҷоратии Тоҷикистон дучори мушкил шудаанд


Сандуқи байналмилалии пул мегӯяд, ду бонки бузурги тиҷоратии Тоҷикистон, ки 41 дарсади кулли суратҳисобҳои кишвар дар онҳо ҷойгир аст, дучори мушкил шудаанд.

IMF ё Сандуқи байналмилалии пул дар гузориши тозаи худ вазъи низоми молиявии Тоҷикистонро “осебпазир” унвон кардааст. Дар гузориши “Арзёбии вазъи низоми молиявии Тоҷикистон”, ки аз сӯи Сандуқи байналмилии пул рӯзи 11 феврал ба нашр расид, гуфта мешавад, ду бонки бузурги тиҷоратии Тоҷикистон, ки 41 дарсади кулли суратҳисобҳои бонкии кишвар дар онҳо ҷойгир аст, дучори мушкил шуданд.

Бинобар хулосаи санҷишии Сандуқи байналмилалии пул “яке аз ин бонкҳои бузург қобилияти пардохташро гум кардааст ва бонки дигарӣ ба талаботи устувориву пардохтпазирӣ ҷавобгӯ нест”.

Аммо муаллифони ин гузориш дақиқ нагуфтаанд, ки онҳо кадом ду бонки бузурги Тоҷикистонро дар назар доранд.

Муаллифони ин гузориш навиштаанд, Сандуқи байналмилалии пул ҳанӯз соли 2007 барои беҳтар кардани низоми молӣ ба давлати Тоҷикистон 11 тавсия дода буд. Бинобар арзёбии муаллифони ин гузориш Тоҷикистон аз ин 11 тавсия то кунун 4 тавсияро пурра, 6-торо қисман ва як тавсияро комилан иҷро накардааст.

Низоми молии Тоҷикистон осебпазир аст.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:59 0:00

Дар ин тавсияи иҷроношуда Хазинаи байналмиллалии асъор аз Тоҷикистон хоста будааст, ки “имтиёз ва монополияи ширкатҳои давлатии суғурта аз байн бурда шавад”.

Ин гузориши Сандуқи байналмилалии пул дар ҳоле нашр шуд, ки ахиран як ҳайати ин созмон бо роҳбарии Пол Росс бо вазъи иқтисоди Тоҷикистон ошно шуда, бо мақомдрони баландпояи кишвар дидору гуфтугӯ дошт. Пол Росс, намояндаи Сандуқи байналмилалии пул дар ин сафар бо нахуствазир Қоҳир Расулзода ва муовин ӯ Давлаталӣ Саид ва ҳамчунин роҳбари Бонки миллӣ − Ҷамшед Нурмуҳаммадзода мулоқот анҷом дод.

Масъулони дафтари Сандуқи байналмилалии пул аз шарҳи ҷузъиёти ин дидорҳо ва ҳадафи сафари намояндагони хазина ба Тоҷикистон худдорӣ карданд. Вале як манбаи Озодӣ мегӯяд, ҳини сафари ин ҳайат ҳукумати Тоҷикистон аз Хазинаи байналмиллалии асъор дар шароити буҳрони иқтисодӣ ҳудуди 100 миллион доллар кумаки молӣ дархост кардааст.

Аммо Хазинаи байналмиллалии асъор дар иттилоияи расмии хеш таъкид кардааст, ки танҳо дар сурате омода аст ба Тоҷикистон кумак кунад, ки агар мақомот барномаи муаасири ислоҳоти иқтисодиро рӯи даст бигиранд. Ба ибораи дигар, Сандуқи байналмилалии пул танҳо дар сурати ислоҳот ва ё реформаҳо омодааст, ки ба Тоҷикистон ёрии молӣ бирасонад.

Манзур иҷрои 11 тавсияест, ки Хазинаи байналмилалии асъор бо Тоҷикистон дар миён гузоштааст. Ин ниҳоди молӣ ба Тоҷикистон тавсия додааст, ки аз таҷрибаҳои хуби байналмилалӣ дар заминаи муқовимат бо бӯҳронҳои иқтисодӣ истифода кунад ва ниҳодҳои иловагиеро барои суботи иқтисодӣ таъсис диҳад. Аз ҷумла, ба Тоҷикистон тавсия шудааст, ки монополияи ширкатҳои давлатии суғуртаро аз байн бубарад ва ҳамчунин як ниҳоди мустақилеро таъсис бидиҳад, ки салоҳияти танзими соҳаи суғуртаро дошта бошад.

Таъсиси як шуъбаи вежаи “устувории молӣ дар назди Бонки миллӣ” бо салоҳияти пешбурди сиёсати коҳиши буҳронҳо аз тавсияҳои дигари Сандуқи байналмилалии пул будааст.

Собир Вазиров, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, яке аз вазифаҳои аслии Хазинаи байналмилаллии асъор нигоҳ доштани устувории низоми молиявии кишварҳо, хусусан давлатҳои рӯ ба рушд аст ва дар шароити таъсири манфии буҳрони иқтисодӣ Хазинаи байналмиллалии асъор бояд ба Тоҷикистон кумак кунад. “Қарзи хориҷии Тоҷикистон ҳудудан дар сатҳи 28 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қарор дорад. Ин хеле нишондиҳандаи хуб аст ва аз устувории низоми молиявӣ ва пардохтпазирии Тоҷикистон дарак медиҳад. Яъне, сатҳи қарзи хориҷӣ баланд нест ва дар такя ба ин нишондод Хазинаи байналмиллалии асъор бояд ба Тоҷикистон кумак расонад,”- гуфт Собир Вазиров.

Сандуқи байналмилалии пул дар соли 2008 пас аз аудити Эрнст энд Янг (Ernst&Young), Бонки миллии Тоҷикистонро барои пешниҳоди маълумоти барғалат аснои гирифтани 47 миллион доллар қарзи ин муассисаи байналмилалии молӣ муттаҳам карда буд. Он замон Бонки миллӣ айбномаро қабул карда, ризоят дод, ки пулро қабл аз муҳлат ба хазина бозпас гардонад.

Пас аз ин моҷаро Хазинаи байналмиллалии асъор ба Тоҷикистон қарзу кумакҳои қобили мулоҳиза намедиҳад ва танҳо бо расондани кумакҳои фаннӣ ҷиҳати рушди ниҳодҳои Тоҷикистон иктифо мекунад.

XS
SM
MD
LG