Бонки авруосиёии рушд, ки як саҳҳоми аслиаш Русия аст, эълон кард, ки қасд дорад, барои иҷрои барномаи ислоҳот дар иқтисоди Тоҷикистон даҳҳо миллион доллар қарзи боимтиёз бидиҳад. Дар ин бонк рӯзи 29-уми апрел ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки бо тавсияи шӯрои Бунёди зиддибӯҳронии Иттиҳоди ҳамкориҳои иқтисодии Авруосиё (ЕвразЭС) ҳукумати Тоҷикистон ва бонки мазкур ба таҳияи барномаи миёнамӯҳлати иқтисодӣ шурӯъ карданд ва қарор дар бораи сармоягузории он нимаи дуввуми ҳамин сол қабул мешавад.
Алишер Мирзоев, сардори раёсати сиёсати ислоҳоти иҷтимоӣ ва иқтисодии раёсати Бонки авруосиёии рушд рӯзи 29 апрел дар як посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ навишт, ки ҳаҷми қарз ба Тоҷикистон баъди таҳияи барнома ва мувофиқат бо мақомоти кишвар муайян мешавад, вале мумкин аст, баробар ба қарзе бошад, ки Бонки авруосиёии рушд соли 2010 ба Тоҷикистон дода буд. Дар он сол ва дар замони бӯҳрони молӣ дар саросари ҷаҳон Тоҷикистон аз Бунёди зиддибӯҳронии Авруосиё 70 миллион доллар қарз гирифт, ки ба гуфтаи Алишер Мирзоев, барои маблағгузории арсаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ масраф мешуд.
Шартҳои ихтисоси қарз ба гуфтаи Алишер Мирзоев, иҷрои баъзе шартҳо аз ҷумла беҳтар кардани мудирият дар ҷамъоварии молиёт, мустаҳкам кардани назорат бар хароҷоти давлатӣ аз тариқи рушди аудити дохилӣ ва хориҷӣ ва осон кардани дастрасии ҷомеаи маданӣ ба иттилооти сарфу харҷи буҷа будааст. Ба гуфтаи Алишер Мирзоев, қарзи 70-миллиондолларии Бунёди зиддибӯҳронии Иттиҳоди ҳамкориҳои иқтисодии Авруосиёро Тоҷикистон солҳои 2010-2011 истифода кардааст.
Дар баёнияи расмии Бонки Авруосиёии Рушд, ки рӯзи 28-апрел нашр шуд, омадааст, ки мутахассисони ин муассисаи молӣ аз рӯзи 14-ум то 18-уми апрел дар Душанбе қарор доштанд ва бо намояндагони ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла дар вазорати молия, Бонки миллӣ ва дигар мақомот вазъи иқтисодӣ ва самтҳои асосии ислоҳоти иқтисоди бемори кишварро баррасӣ карданд. Бино ба арзёбии Бонки авруосиёии рушд, дар семоҳаи аввали соли равон, рушди муназзами иқтисоди Тоҷикистон идома ёфт ва дар ин муддат 7 дар сад афзоиш ёфта ва сатҳи тавварум дар семоҳаи аввали сол 4,1 дар садро ташкил дод.
Ба гуфтаи Бонки авруосиёии рушд, фаъолияти баланди иқтисодӣ, беҳбуди мудирият дар низоми молиёт ва харҷи дуруст аз буҷа ба ҳукумат имкон дод, даромадро назар ба хароҷот аз буҷа зиёд кард ва захираҳои молии ҳукуматро, ки дар солҳои бӯҳронӣ бисёр кам шуда буд, афзоиш диҳад. Айни замон ба гуфтаи ин ниҳоди молӣ, бо вуҷуди афзоиши маҷмӯи маҳсулоти нохолиси миллӣ ва даромади аҳолӣ, Тоҷикистон дар баробари таконҳои берунӣ ва бахусус дар баробари тағйири вазъи иқтисоди Русия, ки имсол рушди он кундтар мешавад, бисёр осебпазир мемонад.
Ба гуфтаи Бонки авруосиёии рушд, мумкин аст, дар сурати бад шудани вазъи иқтисодии Русия, интиқоли пули муҳоҷирон ба кишвар кам шуда, ба тамоми нишондиҳандаҳо макроиқтисодӣ, аз ҷумла рушди мизони тавлидоти нохолиси миллӣ таъсири манфӣ гузорад. Дигар ин ки нархи алюминий ва нахи пахта – ду маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон - дар бозорҳои пурталотуми ҷаҳонӣ низ метавонад, рушди иқтисодии Тоҷикистонро суст кунад, зеро ин ду моли аслии воридотии кишвар аст.
Дар ин марҳила ба гуфтаи коршиносони бонк, масъалаи муҳим боло бурдани захираҳои асъори хориҷии Тоҷикистон аст, ки ҳоло танҳо барои воридоти якуниммоҳаи муҳимтарин маҳсулот кифоят мекунад, ки бисёр кам аст. Бар тибқи гуфтаи Алишер Мирзоев, барномаи миёнамӯҳлати ислоҳот, «ҳалли мушкилоти бунёдии иқтисодӣ ва бахусус беҳбуд бахшидан ба кори низоми бонкӣ ва ҳамчунин мудирияти захираҳои молии Тоҷикистон»-ро дар назар дорад.
Коршиносони Бонки рушди Авруосиё ба Тоҷикистон тавсия додаанд, ки заминаҳои дохилии рушди иқтисодро аз ҷумла аз роҳи беҳтар кардани шароити тарсноки сармоягузорӣ ва таҳким бахшидан ба низоми бонкии кишвар беҳтар кунад.
Бунёди зиддибӯҳронии Иттиҳоди ҳамкриҳои иқтисодии Авруосиё соли 2009 бо сармояи бештар аз 8,5 миллиард доллар аз тарафи Русияву Арманистону Тоҷикистон ва Қазоқистону Қирғизистон, Ҷумҳурии Белорус таъсис дода шуд ва ҳадафи он рафъи паёмадҳои бӯҳрони молии саросарӣ дар кишварҳои узв ва ҳамчунин мусоидат ба ҳамгироии кишварҳои минтақа аст.
Бонки рушди Авруосиёро соли 2006 Русия ва Қазоқистон барои мусоидат ба рушди иқтисоди бозаргонӣ таъсис доданд ва сармояи аввалияи он 1,5 миллиард долларро ташкил медиҳад. Бонки Авруосиё баъдан ҳаққи мудирияти захираҳои Бунёди зиддибӯҳрониро ба даст овард.
Тоҷикистон, ки барои барномаҳои ислоҳоти иқтисодиаш умдатан аз Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи Байналмилалии Пул қарз мегирифт, тайи ду соли ахир, дигар ба Сандуқи пул муроҷиат накардааст. Сармоягузорони аслии ин ду муассисаи молӣ кишварҳои ғарбӣ ва аз ҷумла Амрико аст.
Ҷамъи қарзҳои хориҷии Тоҷикистон то 1 январи сол равон ба 2 миллиард1 161 мииллион доллар расидааст. Қариб нисфи ин қарз қарзҳои давлатии Чин буда, бақияаш асосан аз ниҳодҳои молии байналмилалӣ, бо шумули Сандуқи байналмилалии пул, Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки осиёии рушд мебошад.