Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

300 навъи оши палав. ВИДЕО


Имсол ЮНЕСКО, Бунёди илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид, оши палавро ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддӣ ворид кард. Ин пешниҳод аз тарафи Тоҷикистону Узбакистон ироа шуда буд. Бархе аз ошпазҳо мегӯянд, баробари ҷаҳонӣ шудани оши палав таваҷҷуҳ низ ба ин ғизои маъмул дар Тоҷикистон афзудааст.

Палав на ҳама вақт, балки дар рӯзҳои муайян ва дар мавридҳои гуногуни қабули меҳмон ва ҷашну маросим омода карда мешуд.

Урмонҷон Ҷӯрабеков, ки як сол боз дар Хуҷанд ба ҳайси ошпаз кор мекунад, таҳияи даҳ навъи палавро балад будааст. Ӯ рӯзи 31 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “барои болаззат шудани палав гӯшти қоқ, қазӣ ва, инчунин, кишмиш меандозам.” Ӯ афзуд, ҳар рӯз беш аз 80 кило биринҷро ба дег меандозад ва дар моҳе як бор маҳфили ширинкорону ҳунармандони Суғдро ҳам гарм мекунад. Аъзои ин маҳфил нишасти худро “Гап” меноманд ва ҳар дафъа тақрибан 20 нафар ҷамъ шуда, то омода гардидани оши палав ширингуфториву сурудхонӣ мекунанд.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Соле, ки оши палав ҷаҳонӣ шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:17 0:00

Ҳилолиддин Шамсиев, яке аз ҳунармандони Суғд, ин маҳфилро “гапхӯрӣ” номид ва гуфт, “вақте дар охири нишаст ошро меоранд, сӯҳбати мо, гапи мо самимитар мешавад.» Анъанаи «гапхӯрӣ» ё “оши ҳарифона” асосан дар минтақаи шимоли Тоҷикистон маъмул аст. Иштирокдорони ҷамъомад гуруҳи ҳамсабақон, ҳамкасбон ва ё рафиқону дӯстоне буда метавонанд, ки ҳафтае ё моҳе як бор бо ҳам ҷамъ меоянд. Баҳонаи аслии ба ҳам омадани онҳо хӯрдани як оши палав аст.

Аловуддин Шамсиев, ҳунарманди дигари минтақа гуфт, «кайфияти палав хӯрдан дар ҳамин аст, ки ҳама сарҷамъ шуда, аз як табақи сафолӣ ош тановул кунанд. Ин маззаи дигар дорад. Агар як гурӯҳ ё ҳамсинфон дар гирди ҳамин табақ масъала ва ё маслиҳатеро дар миён гузоранд, он роҳи ҳалли худро ба зудӣ меёбад.»

Фарҳангшинос Муҳиддин Файзуллоев, дар таърифи ин навъи ғизо гуфт, оши палав дар минтақаи Суғд нафақат анъанаи «гап», балки даҳҳо анъанаи дигарро ҳам ба вуҷуд овардааст. «Палав на ҳама вақт, балки дар рӯзҳои муайян ва дар мавридҳои гуногуни қабули меҳмон, идҳо ва ҷашнҳо тайёр карда мешуд. Аз ҳамин ҷост, ки номҳои ош бо маросимаш пайванд аст. Барои мисол, оши тӯй, наҳорӣ, маслиҳатошӣ, оши сол ва ғайра. Оши палав ин музаффарият ва санъати баланди «кулинарияи» мардуми тоҷик аст», - афзуд ӯ.

Вале дар Хуҷанд ду соли ахир гирди номи оши палав ҷашнеро ҳам таъсис додаву беҳтарин таббохони Суғдро гирди ҳам меоранд. Ошпазҳои моҳир бо сабки ошпазии худ садҳо кило биринҷро дам карда ва дар миёни сокинон сабқати ошхӯри беҳтаринро ҳам баргузор мекунанд. Баъдан ин сабқатҳо дар шаҳрҳои калонтарини дигар манотиқи кишвар ҳам баргузор шуд.

Дар пайи ин, соли 2016 Кумитаи байнидавлатии ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии UNESCO оши палавро ба ҳайси мероси фарҳангӣ ба феҳристи худ ворид кард. Бино ба пажӯҳиши донишмандони Академияи илмҳо, дар Тоҷикистон то 300 навъи оши палав мавҷуд аст, вале дар санадҳо барои ЮНЕСКО ҳамчун намуна даҳ навъи ош пешниҳод шудааст.

XS
SM
MD
LG