Олег Панфилов, хабаринигор ва публисисти зодаи Тоҷикистон, китоби "Таърихи зиддишӯравӣ"-ашро бо забони чехӣ дар шаҳри Прага муаррифӣ кард. Ин китоб дар бораи далелу ҳодисаҳои норӯшани империяҳои Русияву Шӯравӣ буда, баҳори имсол аввал ба забони украинӣ чоп шуд ва, ҳоло ба қавли Панфилов, нусхаҳои он барои нашр бо забони гурҷӣ ва булғорӣ низ омодааст.
Дар Гурҷистон чанд сол боз ҷашни "Панфилоба" баргузор мешавад, ки он рӯз Олег Панфилов барои теъдоди бузурги меҳмонҳои ҷашн оши палави тоҷикӣ мепазад.
"Таърихи зиддишӯравӣ" таърихи 150-солаи ҷанги Русия ва Чукотка, аслу насаби императорҳои Русия ва далелҳои дигарро дар бар мегирад. Дар ин китоб, инчунин, ба рӯйдодҳои хунини муосир - ду ҷанги Русияву Чеченистон, ҷанги Русияву Гурҷистон, ҷанги Русияву Украина ва ғасби Қрим - руҷӯъ шудааст.
Ин китоб маҷмӯи мақолаҳоеро, ки дар Радиои Озодӣ дар солҳои охир нашр шудаанд, низ дар бар мегирад. Олег Панфилов дар рӯнамоии китобаш дар ҳузури донишмандону хабарнигорон ва сиёсатмадорони Ҷумҳурии Чех гуфт, бо вуҷуди онки солҳо дар Маскав кору зиндагӣ кардааст, вале ҳаргиз шаҳрванди Русия набуд. "Ман тоҷикам ва дар Тоҷикистон зода шудаам", - таъкид дошт ӯ.
Ҳамоиши рӯнамоӣ аз китоби "Таърихи зиддишӯравӣ"-ро дар Прага вакили Ҷумҳурии Чех дар порлумони Аврупо Яромир Штетина раҳбарӣ мекард ва дар ҷараёни он вазири собиқи корҳои хориҷии ин кишвар Карл Швартсенберг низ ҳузур дошт. Олег Панфилов рӯзи 15 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин китоб ба забонӣ русӣ нашр нашудааст, аммо агар тарҷумоне ё нашриёте аз Тоҷикистон омодааст, онро ба чоп расонад, бидуни ҳаққи қалам нусхаашро дар ихтиёри онҳо хоҳад гузошт.
"Чопи китоб ба забони русӣ ва Русия аз ман не, аз нашриёт вобаста аст. Аммо дар Русия ба хотири имиҷи бади ман, аз эҳтимол дур аст, ки касе онро ба ба табъ расонад. Дар кишварҳои дигар нашри ин китоб ба забони русӣ шояд ба манфиат нест", - гуфт ӯ.
Олег Панфилов, профессори Донишгоҳи давлатии Иляи Гурҷистон, соли 1957 дар Тоҷикистон таваллуд шудааст. Ӯ соли 1979 донишгоҳи Хуҷандро хатм карда, дар Институти таърихи Академияи илмҳои Тоҷикистон ба кор пардохтааст ва солҳо боз машғули рӯзноманигорист.
Панфилов муаллифи чанд китоб, аз ҷумла дар бораи хабарнигорони кушташудаи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аст. Вай аз соли 1993 дар Русия ба сар мебурд ва аз соли 1997 сарварии Маркази журналистикаи изтирориро бар ӯҳда дошт. Аммо баъдан ба Гурҷистон рафт ва ҳоло муқими шаҳри Тифлис аст. Дар онҷо чанд сол боз ҷашни "Панфилоба" баргузор мешавад, ки он рӯз Олег Панфилов барои теъдоди бузурги меҳмонҳои ин ҷашн оши палав мепазад.
Вай барандаи Шоҳҷоизаи ҷашнвораи синамоии "Симои ойин" (1993) буда, дар соли 2009 ҷоизаи Information Safety and Freedom, ISF "Барои озодии матбуот"-ро гирифтааст. Ҳамчунин ба ордени гурҷии "Шараф" дар соли 2013 сазовор гаштааст. Муаллиф ва мураттиби 35 китоб, зиёда аз 4000 мақола дар кишварҳои гуногун ва нависандаи сенарияи 8 филм аст.