Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кафгири тиллоӣ" ё талошҳо барои ҷаҳонӣ кардани оши палав


Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз баргузории ҷашнвора - озмуни “Оши палав” бо беш аз 200 деги он дар таърихи 22 август хабар дод.

Қурбон Ғуломзода, сардори раёсати фарҳанги вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфт, ки ҷашнвора - озмуни “Оши палав” рӯзи 22 августи соли ҷорӣ дар “Боғи Дӯстии Халқҳо”-и шаҳри Душанбе бо ширкати намояндагони 68 шаҳру ноҳияи кишвар баргузор мегардад.

Масъулони вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳадафи аслии ҷашнвора-озмуни “Оши палав”-ро "тарғиб ва оммавигардонии суннатҳои беҳтарини миллӣ” арзёбӣ карда, воситаи хубе барои ваҳдати миллӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ, тарбияти фарҳанги ошпазӣ ва такмили маҳорати касбии ошпазҳо медонанд.

Зеро ба бовари ин масъулон, тавассути баргузории Фестивал анъанаи ошпазӣ ва намунаҳои фарҳангу санъати марбут ба он тақвият ёфта, ба дастгирии ҳунармандон, ошпазон, косибон, кишоварзон ва ашхоси дигар, ки дар таҳияи масолеҳи оши палав сахмгузор мебошанд, мусоидат мекунад.

Ин аст, ки ба гуфтаи Қурбон Ғуломзода, сардори раёсати фарҳанги вазорати фарҳанги Тоҷикистон, “аслан ҷашнвора - озмуни ҷумҳуриявии «Оши палав» дар ду давр гузаронида мешавад: нахуст дар сатҳи ноҳиявӣ рӯзҳои 1, 8 ва 15-и август ошпазҳои беҳтарин ва санъаткорони халқӣ интихоб шуда, ба даври дуввум ё ҷумҳуриявӣ роҳ меёбанд.

Ба ин тартиб, ба гуфтаи Ғуломзода, 68 ошпази беҳтарини шаҳру ноҳияҳо дар “Боғи Дӯстии Халқҳо”-и шаҳри Душанбе дегҳои худро гузошта, бо тамоми нозукиҳо ва ҳунарнамоиҳо оши палав пухта, дастархони намоишӣ меороянд. Аммо ҳар ошпаз ҳамон палави хосси ноҳияи худро мепазад ва ба ҳар ноҳия гузоштани то 3 деги миёнаи ғунҷоишаш тақрибан 20 кг тавсия дода мешавад.

Қурбон Ғуломзода мегӯяд, доварон ба ҳунари санъаткорон, ба оши палави ошпазҳо ва шартҳои дигар баҳогузорӣ намуда, беҳтаринҳоро аз рӯйи шартҳои пешниҳодшуда интихоб менамоянд.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ҷаноби Ғуломзода, ҷоизаи асосӣ “Кафгири тиллоӣ” буда, ба ошпази беҳтарин супурда мешавад. Ҳамчунин мукофоти пулӣ ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ низ тақдим мегардад. Санъаткорон ва ошпазҳои бомаҳорат бо дипломҳо, ҷоизаву туҳфаҳо сарфароз хоҳанд гашт. Илова ба ин, ба ҳар як иштирокчии Фестивал сертификат дода мешавад.

Зимнан, ҳудуди ду моҳи қабл дар шаҳри Хуҷанд ҷашнвораи “Оши палав” баргузор шуда буд. Ин ҷашнвора 16 июн дар Маҷмааи таърихию фарҳангии Қалъаи Хуҷанд бо ширкати 40 ошпази моҳир аз шаҳру навоҳии Суғд баргузор шуд, ки 80 дег оши палавро омода намуданд. Ин ҷашнвора бо ибтикори ҳукумати вилояти Суғд доир шуд ва ба ғолибон тӯҳфаҳо аз 1000 то 5000 сомонӣ тақдим гардид.

Баргузории ҷашнвораҳои “Оши палав” дар манотиқ ва ҳамин тавр дар маркази Тоҷикистон дар ҳолест, ки ҳам ҳукумати Тоҷикистон ва ҳам ҳукумати Узбакистон дар талоши ҷаҳонӣ кардани оши палав ҳастанд. Ҳанӯз моҳи апрели соли ҷорӣ хабаре нашр шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба ЮНЕСКО пешниҳод кардааст, то палави тоҷикиро ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии Бунёди маориф, илм ва фарҳанги Созмони Милал шомил кунад.

Баъдан дар охири моҳи майи соли ҷорӣ низ ин хабар матраҳ гардид, ки Узбакистон ҳам ба ЮНЕСКО дархост додааст, то оши палавро ба рӯйхати мероси ғайримоддии фарҳангии Идораи илму фарҳанги СММ шомил кунад.

Зимнан, дар Тоҷикистон, бино ба як пажӯҳиши донишмандони Академияи илмҳо, то 300 навъи оши палав мавҷуд аст, вале дар санадҳо барои ЮНЕСКО ҳамчун намуна тақрибан даҳ навъи ош, аз ҷумла, “оши бедона”, “оши гӯшти мурғ”, “палави токӣ”, “оши девзира”, “оши кенҷа”, “оши як ба як” оварда шудааст. Миёни мардум “оши кабкӣ”, “оши думба” ва даҳҳо навъи дигари оши палав ҳам маъруфанд.

Аммо палав на фақат дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои дигари минтақа, аз ҷумла дар Узбакистону Эрон ва Афғонистон ҳам маъруф аст, ки як далелаш бо айни дархост ба ЮНЕСКО муроҷиат кардани Тошканд мебошад. Дар Узбакистон палавҳои мансуб ба ин ё он минтақа – “бухороӣ”, “самарқандӣ”, “фарғонагӣ”, “қашқадарёӣ”, “хоразмӣ” маъруфанд. Яҳудиҳои Бухоро "халтапалав"-ро меписанданд.

Дар гузашта ба ҳайси мероси вижаи худ муаррифӣ кардан ва ба феҳрасти мероси фарҳангии ЮНЕСКО пешбарӣ кардани ин ё он чиз мояи ихтилоф ваё баҳсҳои лафзие байни кишварҳо ҳам шудааст. Барои мисол, бозии чавгон ба ЮНЕСКО аз сӯи Озарбойҷон пешбарӣ шуд, вале инро дар Тоҷикистону Эрон, ки чавгонбозиро бозии миллии худ мешуморанд, манфӣ пазируфтанд.

Узбакистон, ба гуфтаи мардумшиноси тоҷик Дилшод Раҳимӣ, қаблан дорбозӣ ва аскиягӯиро ҳамчун мероси мардуми худ ба феҳристи мероси фарҳангии ЮНЕСКО даровард, ки низ боиси норозигиҳо дар Тоҷикистон шуд.​ Узбакистон ҳоло талош дорад, ҳудуди 47 минтақа, аз ҷумла кӯҳистонҳои Бойсуну Ҳисор, мазори Баҳовуддини Нақшбанд, Ҳазорасп ва ҳавзаи табиии Амударёро ба феҳрасти ЮНЕСКО шомил кунад.

Ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО аз Тоҷикистон танҳо шаҳри бостонии Саразм (соли 2010) ва Парки миллии Тоҷикистон ва кӯҳҳои Помир (соли 2013) шомил шудаанду халос. Душанбе ҳоло санадҳо дар бораи ба феҳрасти мероси фарҳангии ЮНЕСКО шомил кардани мусиқии “Фалак”-ро омода мекунад.

Дархости якбора ду кишвар – Тоҷикистону Узбакистон – ҷиҳати эътирофи оши палав ба ҳайси ҷузъи мероси ғайримоддии фарҳангии дунё шонси он барои шомил шудан ба феҳристи ЮНЕСКО-ро бештар мекунад. Албатта, агар баррасии ин пешниҳод мунҷар ба баҳси ду тараф ба сари ин ки оши палав моли кадоми ин ду халқ аст?- табдил нашавад.

XS
SM
MD
LG