Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон мехоҳад, оши палавро "ҷаҳонӣ" кунанд


Оши палав, аз нигоҳи таҳлилгарони тоҷик, на фақат таоми хуштаъму лазиз, балки як омили гирди ҳам овардани мардум низ ҳаст

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар дод, ки оши палавро барои шомил шудан ба феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО - Бунёди маориф ва илму фарҳанги СММ дар бахши “Таому анъанаҳои миллӣ” пешбарӣ кардааст. Ҳамзамон асноди “Фалак” ҳам барои пазируфта шудан дар бахши “санъати мусиқӣ”-и ин феҳрист омода шудааст.

Дилшод Раҳимӣ, фарҳангшиноси тоҷик ва раҳбари гурӯҳи кории таҳияи аснод барои пешбарии “Оши палав” ба феҳристи ЮНЕСКО дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “мо онро яун як таоми маъмулӣ пешниҳод накардаем, гап сари фарҳанги таҳия ва вижагиҳои ин таом меравад, яъне, оши палав миёни мардуми тоҷик хусусияти муттаҳидкунанда дорад, мардумро гирди дастархон ҷамъ меоварад”. Ба гуфтаи мусоҳиби мо, тоҷикон маросимҳои зиёди марбут ба оши палав доранд, ки дар онҳо мардум гирди ҳам меоянд– “оши наҳор”, “сабзирезакунон”, “маслиҳатошӣ”, “пайғамбарошӣ”, “оши бибиён”... Ҳатто маросиме аст бо номи “мӯйлабошӣ”, вақте ҷавон мӯйлаб мебарорад, бояд дӯстонашро ҷамъ кунаду онҳоро бо оши палав зиёфат кунад”.

Дилшод Раҳимӣ
Дилшод Раҳимӣ

Дилшод Раҳимӣ мегӯяд, оши палав дар фарҳанги тоҷикон ҷои вижа дорад ва вожаи “ошхона” ҳам аз ҳамин таом маншаъ мегирад. “Оши палав дар ҳама маросимҳои мардуми мо мавқеи хос дорад – оё тасаввур мекунед, ки, бигирем, дар сӯри арӯсӣ ба ҷойи оши палав ширбиринҷ таҳия кунанд? Дар маросимҳои ёдбуд бошад мардумро ба “оши худоӣ” даъват мекунанд".

Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи Дилшод Раҳимӣ- дар Тоҷикистон, бино ба як пажӯҳиши донишмандони Академияи илмҳо,то 300 навъи оши палав мавҷуд аст, вале дар санадҳо барои ЮНЕСКО ҳамчун намуна тақрибан даҳ намуди он, аз ҷумла, “оши бедона”, “оши гӯшти мурғ”, “палави токӣ”, “оши девзира”, “оши кенҷа, “оши як ба як” оварда шудааст. Миёни мардум “оши кабкӣ”, “оши думба” ва даҳҳо навъ оши дигар ҳам маъруфтанд.

Дилшод Раҳимӣ мегӯяд, дар асноди барои пешбарӣ ба ЮНЕСКО таҳияшуда таъкид шудааст, ки палав дар кишварҳои дигар – Узбакистону Туркманистон ва Эрону Афғонистону Ҳинд ҳам таоми маъмулист. Дар Узбакистон палавҳои мансуб ба ин ё он минтақа – “бухороӣ”, “самарқандӣ”, “фарғонагӣ”, “қашқадарёй”, “хоразмӣ” маъруфанд. Яҳудиҳои Бухоро "халтапалав"-ро меписанданд. .

"Чакан" ҳам ба феҳристи ЮНЕСКО пешбарӣ шудааст
"Чакан" ҳам ба феҳристи ЮНЕСКО пешбарӣ шудааст

Мусоҳиби мо бо дареғ меафзояд, ЮНЕСКО то ҳол як барномаи танзимкунандаеро таҳия накардааст то намояндагони кишварҳо ҷамъ шуда машварат кунанд ва ин ё он чизро дастаҷамъона пешниҳод намоянд. Аз ин рӯ ҳар кишвар талош мекунад, ки ин ё он таом ё санъат ё ҳунарро моли худ муаррифӣ кунад. “Ба қарибӣ ЮНЕСКО пешниҳоди Арманистон барои ба Феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангӣ дохил кардани нони “лаваш”-ро пазируфт, ки ин боиси эътирози Озарбойҷон шуд, зеро ин наваъи нон дар ин кишвар ҳам хело маъруф аст. Ё чавгонбозиро озариҳо пешниҳод карданд ва ин боиси эътирози Эрону Тоҷикистон шуд. Ё бигирем, Узбакистон нақшхониро, ки хоси мардуми Хуҷанд аст, бо номи “Каттаашула” ба ин феҳрист шомил кардааст. Кишвари ҳамсоя дорбозиро, ки ҳатто номаш тоҷикӣ аст, бо номи “Дорбозлик” “аз худ” кардааст, ё аскиягӯии тоҷикон, ки ҳатто дар асарҳои Зайнуддин Маҳмуди Восифӣ ба он таъкид шудааст, аз номи Узбакистон ба феҳристи ЮНЕСКО шомил шудааст”, мегӯяд Дилшод Раҳимӣ.

Яъне, меафзояд фарҳангшиноси тоҷик, агар Узбакистон ба пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи оши палав эътирозе дорад, метавонад ба ин пешниҳод ҳамроҳ шавад.Зимнан, ин мавзӯъ метавонад дар сатҳи вазоратҳои фарҳанг ва ё комиссиюнҳои миллӣ дар ЮНЕСКО ҳаллу фасл шавад.

Ба иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, қарор аст, ки ба зудӣ асноде дар бораи ба феҳристи ЮНЕСКО пешбарӣ кардани ҳунари читгарӣ ва атласбофӣ низ пешбарӣ шавад. Аммо, ба гуфтаи Дилшод Раҳимӣ, дар Тоҷикистон дастгоҳҳои бофандагии қадима, ки бо онҳо атласу адрас мебофтанд, хело кам аст.

Шаҳри бостонии Саразм
Шаҳри бостонии Саразм

Фарҳангшиноси тоҷик мегӯяд, соли гузашта Тоҷикистон ба феҳристи маводи ғайриманқули ЮНЕСКО ҳунари “Чакан”-ро пешбарӣ карда буд ва ҳоло комиссиюни ин ниҳод ин мавзӯъро баррасӣ мекунад.Тасмим дар бораи пазируфта шудан ё нашудани “Чакан” ба ин феҳрист охирҳои моҳи ноябр ё аввалҳои моҳи декабри соли гузашта дар нишасти вижа дар Намибия эълон мешавад. Айни ҳол ба Феҳристи ғайримоддии ЮНЕСКО аз Тоҷикистон фақат “Шашмақом” ва он ҳам дар якҷоягӣ бо Узбакистон шомил аст. Масъулони фарҳанги кишвар чанд сол пеш дар пешбарии “Наврӯз” ба ҳайси иди бостонии тоҷикон “қафо монданд” ва ҳоло дар Феҳристи ЮНЕСКО ин ҷашн чун “мол”-и Эрон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Қирғизистон, Узбаккистон, Покистон ва Туркия сабт шудааст. Аммо, ба гуфтаи Дилшод Раҳимӣ, ин мавзӯъ ахиран ҳалли худро пайдо кард. “Ман моҳи март дар Эрон будам, мо асноди заруриро ба забони инглисӣ баргардон кардем, Тоҷикистон ҳам ҳамроҳ шуд ва соли 2016 Наврӯз чун “парвандаи бисёрмиллата” дар ЮНЕСКО аз нав номнавис мешавад ва Тоҷикистон ҳам дар қатори дигар кишварҳо “сертификат”-и ЮНЕСКО оид ба Наврӯзро мегирад”.

Ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО аз Тоҷикистон шаҳри бостонии Саразм (соли 2010) ва Парки миллии Тоҷикистон ва кӯҳҳои Помир (соли 2013) шомил шудаанду халос.

XS
SM
MD
LG