Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оши палави ройгон ба истиқболи президент дар Қурғонтеппа


Ҳукумати шаҳри Қурғонтеппа ба муносибати ташрифи президент ба ин шаҳр бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ аз як тонна биринҷ, оши палав таҳия мекунад. Қаҳрамон Бобохонов, сӯхангуи шаҳрдори Қурғонтеппа имрӯз, 25 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки беш аз 50 ошпаз ҳоло ба омода кардани палав машғул ҳастанд. Ӯ гуфт, ки садҳо килограм сабзиву гушт ва нахӯд дар ин палав илова мешавад. Бобохонов афзуд, ки оши палав барои сокинон ба таври ройгон пешниҳод мешавад. Ҳоло ошпазҳо дар боғи ба номи Раҳмон Мурчаеви шаҳри Қурғонтеппа ба пухтани ош оғоз кардаанд ва қарор аст соати яки имрӯз ба мардум тақдим шавад.

Сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон рӯзи гузашта аз ноҳияи Ёвон оғоз шуд ва қарор аст имрӯз то шом дар шаҳри Қурғонтеппа идома кунад. Қарор аст ба муносибати сафари оқои Раҳмон, шоми имрӯз барномаҳои консертии ҳунармандони вилоят дар варзишгоҳи "Пахтакор"-и Қурғонтеппа баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG