Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилшод Назаров "покиза" баромад


Дилшод Назаров, барандаи медали тиллои Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейро
Дилшод Назаров, барандаи медали тиллои Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейро

Муҳаммадшо Абдуллоев, раиси Созмони миллии зиддидопингии Тоҷикистон, мегӯяд, ки Дилшод Назаров - гурзандози маъруфи тоҷик ва барандаи медали тиллои Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро - аз ташхиси допинг гузашт ва "покиза" баромад.

Абдуллоев рӯзи 14 сентябр дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки ташхис баъди анҷоми мусобиқоти ниҳоии гурзандозӣ дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро сурат гирифтааст. Ӯ гуфт, "рӯзи 19 август намояндагони Оҷонси байналмилалии зидди допинг (WADA) пешоби Дилшод Назаровро ташхис карданд. Бар асоси қоидаҳои WADA агар ташхис нишон медод, ки варзишгар маводи мамнӯъро истеъмол кардааст, ба ӯ дар муддати даҳ рӯз хабар медоданд ва вай муҷозот мешуд."

Муҳаммадшо Абдуллоев гуфт, ки дар ин муддат касе аз WADA ба Дилшод Назаров ва созмонҳои варзишии марбута занг назадааст ва ё номаи расмӣ нафиристодааст. "Ин маънои онро дорад, ки Дилшод Назаров аз ташхиси допинг бо сарбаландӣ гузаштааст", - афзуд ӯ.

Муҳаммадшо Абдуллоев
Муҳаммадшо Абдуллоев

Раиси Созмони миллии зиддидопингии Тоҷикистон, инчунин, гуфт, бо масъулони Маркази минтақавии зиддидопинг дар шаҳри Алма-атои Қазоқистон дар ин бора сӯҳбат кардаанд. Вай афзуд, "Венера Абдулло, муовини раҳбари Маркази минтақавии зиддидопинг маро бо пирӯзии Дилшод Назаров табрик кард ва гуфт, ки аз дастоварди бузурги варзишгари минтақаамон хеле хушҳол шудем. Боз аз он хурсанд гаштем, ки натиҷаи ташхиси допинг нишон дод, Дилшод Назаров маводи барои варзишгарон мамнуъшударо истеъмол накардааст."

Бар асоси Кодекси байналмилалии зиддидопингӣ варзишгар бояд дар бораи он маълумот дошта бошад, ки кадом ҳолат вайронкунии қоидаи зиддидопингист. Муҳаммадшо Абдуллоев гуфт, "варзишгар вазифадор аст, ки ҳамаи принсипҳо ва қоидаҳои зиддидопингиро риоя кунад. Вай набояд маводи барояш манъшударо истеъмол намояд. Мо аз он мефахрем, ки Дилшод Назаров ҳамчун варзишгари ҳирфаӣ бар асоси Кодекси байналмилалии зиддидопингӣ фаъолият дорад."

Соли гузашта Иттиҳодияи ҷаҳонии гуштӣ ба далели истифодаи допинг дар ҷараёни мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии озод дар Қатар Зелимхон Юсупов, узви дастаи мунтахаби гуштии озоди Тоҷикистонро ба муддати чаҳор сол аз ҳаққи иштирок дар мусобиқот маҳрум кард.

Созмони миллии зиддидопингии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, инчунин, Кумитаи миллии олимпии кишвар баргузории чорабиниҳои мухталифро ба нақша гирифтааст. Ахиран дар шаҳри Душанбе давраи омӯзишӣ таҳти шиори "Мо зидди допингем" аз рӯи барномаи Ҳамбастагии олимпӣ доир гашт. Дар машғулиятҳои назариявӣ беш аз 100 нафар роҳбарону намояндагони федератсияҳои миллии варзишӣ, мураббиёну варзишгарон ва пизишкон иштирок карданд.

Моҷарои допинг ё истеъмоли маводи дорувории барои варзишгарон мамнуъ вақтҳои охир дар расонаҳои хабарии ҷаҳон ба мавзӯи доғ табдил шудааст. Бисёре аз варзишгарони маъруфи ҷаҳон барои истеъмоли маводе, ки онҳоро Оҷонси байналмилалии зидди допинг (WADA) ба феҳристи доруҳои мамнӯъ дохил кардааст, муҷозот шудаанд.

Пеш аз Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро WADA ба бисёре аз варзишгарони тими Русия иҷоза надод, ки дар бозиҳои олимпӣ иштирок кунанд. Чун, ба қавли мақомоти ин созмон, як таҳқиқ нишон додааст, ки ҳукумати Русия дидаву дониста истифодаи доруҳои тавонбахш барои варзишгаронро пинҳон доштааст ва баъзе аз варзишгарон маҳз бо истифодаи чунин доруҳо ба медал сазовор шудаанд.

Зелимхон Юсуфов
Зелимхон Юсуфов

Соли гузашта Иттиҳодияи ҷаҳонии гуштӣ ба далели истифодаи допинг дар ҷараёни мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии озод дар Қатар Зелимхон Юсуфов, узви дастаи мунтахаби гуштии озоди Тоҷикистонро ба муддати чаҳор сол аз ҳаққи иштирок дар мусобиқот маҳрум карда буд. Ташхиси пешоби ӯ, ки моҳи майи соли 2015, баъди қувваозмоии ниҳоӣ дар вазни то 70 кило дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё анҷом шуд, дар бадани ин гуштигири 31-сола вуҷуди "диметилбутиламин" ном як доруи тавонбахши мамнӯъро нишон додааст.

XS
SM
MD
LG