Дар Бозиҳои тобистони олимпии Рио-2016 аз 7 варзишгари узви тими олимпии Тоҷикистон танҳо як нафар – гурзандоз Дилшод Назаров бо медал ва он ҳам баландтарин нишондод – медали тиллои олимпӣ баргашт. Дар як мусоҳиба Нарзуллоҳи Латиф дар бораи рӯҳияи варзишгарон, «бахти» Дилшод Назаров ва ҳам дарсе, ки бояд соҳаи варзиши тоҷик аз ин бозиҳо бардорад, сӯҳбат кард.
Радиои Озодӣ: Бозгашт аз Рио ва медали олимпии Дилшод Назаров ба шумо ҳам муборак шавад. Шумо, ки яке аз нозирони калидии ин бозӣ будед, нахуст рӯҳияи умумии тими Тоҷикистонро дар оғозу охири бозиҳо тасвир кунед.
Нарзуллоҳи Латиф: Рӯҳияи варзишгарони мо дар бозиҳои Рио-де-Жанейро дар оғоз хеле баланд буд. Мо бисёр умедвор будем, ки варзишгарони мо соҳиби медал мешаванд. Муваффақияти муштзан Анвар Юнусов дар қувваозмоии аввал ҳамаро рӯҳбаланд кард. Баъдан ҳама варзишгарони мо шикаст хӯрданд, ҳама маъюс шуданд. Умеди охирин Дилшод Назаров буд. Вай муваффақ шуд, ки дар сабқати ниҳоӣ гурзро ба андозаи 78,68 метр партофта, соҳиби медали тилло гардад. Ин анҷоми хеле муваффақона буд ва ҳайати Тоҷикистон аз ин хеле рӯҳбаланд гардид.
Радиои Озодӣ: Аз назари тактикӣ пирӯзии Дилшодро шарҳ диҳед, ки чӣ тавр ӯ тавонист ғолиб шавад?
Нарзуллоҳи Латиф: Ба назари ман, Дилшод Назаров дар Тоҷикистон ягона варзишгари ҳирфаӣ ба ҳисоб меравад. Ӯ бори чаҳорум дар бозиҳои олимпӣ иштирок кард. Варзишгари хеле пуртаҷриба аст. Дилшод Назаров ба олимпиада бо умеди калон ва барои гирифтани медал рафта буд. Хушбахтона, соҳиби медал ҳам шуд. Вале бояд гуфт, ки бахти ӯ хандид ва кори ӯ хеле омад кард, зеро рақиби аслиаш Павел Файдек, ки аз Лаҳистон аст ва дар байни гурзандозҳои ҷаҳон дар мусобиқаҳои
байналмилалӣ натиҷаи ӯ хеле ва хеле баланд аст. Ӯ гурзро ба дурии беш аз 80 метр партофтааст. Аз ин ҷиҳат, ҳамаи коршиносон, мутахассисон ва худи гурзандозҳое, ки дар ин мусобиқа иштирок карданд, гумон доштанд, ки ҷои аввал ва медали тилло насиби Павел Файдек мегардад. Павел Файдек дар мусобиқоти квалификатсионӣ ё интихобӣ гурзро то ба 72 метр партофт. Ин натиҷа кофӣ набуд, ки ӯ ба даври ниҳоӣ роҳхат бигирад. Барои Дилшод Назаров баъди нокомии Павел Файдек, рақиби аслиаш роҳ ба сӯи қаҳрамонӣ ҳамвор гардид ва Дилшод Назаров тавонист, ки бар рақиби дуюми худ Иван Тихон, ки 40-сола ва пуртаҷриба аст, пирӯз шавад.
Радиои Озодӣ: Агар бидуни эҳсосот ва хунсардона сӯҳбат кунем, ба назари шумо то куҷо Дилшод шонси бурдани тиллои дигарро дар Олимпиадаи оянда дорад?
Нарзуллоҳи Латиф: Аслан дар варзиш пешгӯӣ кардан кори мушкил аст. Аз сӯи дигар, ҳарчанд Дилшод 34-сола аст, дар ин навъи варзиш ӯ ҷавон мебошад. Вай метавонад мисли рақиби беларусиаш то 40-солагӣ мубориза барад. Дар ин навъи варзиш то 50-солаҳо ҳам сабқат мекарданд. Аз ин назар Дилшод Назаров захираи бузург дорад ва метавонад то 4 соли дигар боз омода шавад ба бозиҳои олимпӣ.
Радиои Озодӣ: Вале агар дар маҷмӯъ ба ҳунарнамоии варзишгарони тоҷик дар олимпиада нигоҳ кунем, масъалаи заъфи пойгоҳи моливу мактабии варзишгарони тоҷик дар олимпиада боз ҳам аланӣ шуд. Фикр намекунед, ки муносибати усулии ҳукумат ба омодасозии варзишгарони олимпӣ бояд дигар шавад? Ҳунарнамоии Дилшод, ки дар Чехия тамрин мегирад, инро нишон дод.
Нарзуллоҳи Латиф: Аз 7 варзишгаре, ки ширкат карданд, мо натавонистем дар риштаҳои дигар, яъне дар риштаи бокс, ҷудо, шиноварӣ, варзиши сабук ба муваффақият ноил шавем. Мо дар варзиши сабук ё давидан, шиноварӣ аз варзишгарони тоҷик натиҷаҳои баландро талаб карда наметавонем. Вале варзишгарони мо натавонистанд дар риштаҳои барои мо «медаловар»-и мисли гӯштии озод, гӯштии фарангӣ ё юнониву румӣ, таэквон-до, ки дар мусобиқоти пешини олимпӣ иштирок мекарданд, ин дафъа роҳхат ба даст оваранд. Барои ба олимпиада омода шудан бояд, ки аз имрӯз аллакай барномаи вижаи ҳукуматӣ таҳия шавад, варзишгарон – аз Дилшод Назаров сар карда то онҳое, ки аъзои дастаи мунтахаби олимпӣ ё миллии Тоҷикистон ҳастанд, бояд ки дар мусобиқот зиёд ширкат кунанд. Барои ҳамин ман мехостам, ки медали Дилшод Назаров водор созад, ки ҳамагон – чӣ ҳукумати ҷумҳурӣ, чӣ масъулини соҳа, чӣ федератсияҳои варзишӣ бояд ба ин кор таваҷҷӯҳи хеле зиёд зоҳир кунанд.