Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости додани унвони Қаҳрамони Тоҷикистон ба Дилшод Назаров


Дилшод Назаров
Дилшод Назаров

Ҷамъоварии имзо барои додани унвони Қаҳрамони Тоҷикистон ба Дилшод Назаров идома дорад. Тарафдорони ин иқдом аз раисиҷумҳури Тоҷикистон хостаанд, ки пирӯзии Дилшодро дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро бо ин унвони баланди давлатӣ қадр кунад.

Даҳҳо нафар аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дархост кардаанд, ки ба Дилшод Назаров – барандаи медали тиллои Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро – унвони Қаҳрамони Тоҷикистонро диҳад. Аз соли 1997 ба ин сӯ шаш нафар, аз ҷумла Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров, барои хидматҳояшон соҳиби ин унвон шудаанд. Бори охир, соли 2006, унвони Қаҳрамони Тоҷикистон ба Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур дода шудааст.

Ҳоло ҷамъоварии имзо барои расман супурдани муроҷиатнома ба раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бораи додани унвони баланди давлатӣ дар Интернет идома дорад. То кунун зери матни ин муроҷиатнома ҳудуди 100 нафар имзо гузоштаанд.

Зафар Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик, яке аз тарафдорони додани унвони Қаҳрамони Тоҷикистон ба Дилшод Назаров аст. Ӯ дар шарҳи ҷонибдорияш аз ин иқдом гуфтааст, ки "Дилшод ба ҳамаи унвонҳои баланди давлатӣ сазовор аст. Чун дар даврони истиқлоли Тоҷикистон танҳо варзишгарест, ки тавонистааст қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ шавад. Агар унвони расмии Қаҳрамони Тоҷикистонро барояшон надиҳанд ҳам, ӯ аллакай номашро дар таърихи Тоҷикистон сабт кардааст."

Барои расидан ба ин орзу солҳои зиёд ҳаракат кардам ва фикр мекунам, ки набояд аз худ рафт.
Дилшод Назаров

Мунтахаби Тоҷикистон аз соли 1996 дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ иштирок мекунад. Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои олимпии шаҳрҳои Атланта – 1996, Сидней – 2000, Афина- 2004, Пекин – 2008 ва Лондон-2012 ширкат варзидаанд.

Медали Дилшод Назаров медали чорум ва аммо нахустин медали тиллои мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ ба шумор меравад. Паҳлавони маъруф Расул Боқиев дар Олимпиадаи Пекин дар мусобиқа оид ба дзюдо дар вазни то 73 кило соҳиби медали биринҷӣ гардид, ки ин дар таърихи варзиши тоҷик аввалин медали олимпии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳисоб меёбад.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Юсуф Абдусаломов дар Олимпиадаи Пекин дар мусобиқаи гуштии озод дар вазни то 84 кило бо медали нуқра сарфароз гашт. Медали сеюми олимпиро ба Тоҷикистон Мавзуна Чориева дар Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар Лондон овардааст. Вай дар мусобиқа оид ба бокс миёни занон дар вазни то 60 кило бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Дилшод Назаров, гуразндози маъруфи тоҷик, рӯзи 20 август дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейро бо партоби гурз ба масофаи 78,68 метр барандаи медали тилло шуд. Варзишгари Беларус Иван Тихон бо нишондоди 77,79 метр ҷои дувумро гирифт ва намояндаи Лаҳистон Войтсех Новитски гурзро ба масофаи 77,73 метр ҳаво дод ва медали биринҷӣ ба даст овард.

Пирӯзии Дилшод Назаров бо мавҷи зиёди табрику ифтихор дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва, ҳамин тавр, маҳофили хосу ом дар Тоҷикистон рӯбарӯ гардид. Худи ӯ баъди ба гардан овехтани медали тилло дар суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ шудан орзуи кӯдакияш буд ва билохира ба он даст ёфт.

"Барои расидан ба ин орзу солҳои зиёд ҳаракат кардам ва фикр мекунам, набояд аз худ рафт. Ман умедворам, ки дар Тоҷикистони мо бо гузашти вақт қаҳрамонҳои олимпии дигар пайдо мешаванд," -таъкид дошт ӯ.

ДИЛШОД НАЗАРОВ

6-уми майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.

Рекорди инфиродиаш дар гурзандозӣ 80,71 метр аст.

Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (2001) ва

Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон (2006)мебошад.

Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Мураббиёнаш модараш Зайтуна Назарова, баъдан Юрий Пискунов (Украина) ва феълан Владимир Машко (Ҷумҳурии Чех) мебошанд.

Соли 2015 бо Ордени Шараф дараҷаи II мукофотонида шудааст.

Ӯ барандаи медали нуқраи мусобиқоти қарамонии ҷаҳон дар соли 2015 (Пекин, Чин), ғолиби Бозиҳои осиёии солҳои 2006 (Доҳа, Қатар), 2010 (Гуанҷоу, Чин) ва 2014 (Инчон, Кореяи Ҷанубӣ), қаҳрамони секаратаи Осиё дар солҳои 2009 (Гуанҷоу, Чин), 2013 (Пуна, Ҳиндустон), 2015 (Ухан, Чин) мебошад.

Бори чорум дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад. Дар Бозиҳои олимпии соли 2004-ум дар Афина (Юнон) ноком шудааст. Дар Олимпиадаи соли 2008-ум дар Пекин (Чин) ҷойи 11-ум, дар Олимпиадаи соли 2012-ум дар Лондон (Англия) ҷойи 10-умро гирифтааст.

Дилшод Назаров ғолиби Бозиҳои V Осиёи Марказӣ (Душанбе, 2003),
барандаи медали нуқраи Бозиҳои Африқову Осиё (Ҳиндустон, 2003),
ғолиби Бозиҳои I исломӣ (Арабистони Саудӣ, 2005) ва ғолибу ҷоизадори бисёркаратаи мусобиқоти байналмилалист.

Дилшод Назаров аввалин варзишгари тоҷик аст, ки ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифтааст. Ӯ моҳи майи соли гузашта дар мусобиқоти ҷаҳонии силсилаи Гран-При оид ба гурзандозӣ дар Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 79 метру 36 сантиметр мақоми дувумро касб кард ва ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейро мушарраф шуд.

Дилшод Назаров аз моҳи январи соли 2014-ум муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мебошад. Вай, инчунин, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон аст.

Оиладор аст, ду фарзанд – як писару як духтар дорад.

XS
SM
MD
LG