Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон: "Бадхоҳон нақшаи бунёди давлати исломиро доштанд" (АКС)


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки дар оғози солҳои истиқлолият нерӯҳои ба гуфтаи вай "бадхоҳ ва ашхоси гумроҳ" бо дастури "хоҷагони хориҷии худ" нақшаи бунёди давлати исломиро кашиданд ва Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанг партофтанд. Ин нуктаро Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8 сентябр зимни суханронӣ ба муносибати 25-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон дар толори Кохи Борбад баён кард.

Дар ин ҷаласа, ки шоми дирӯз тариқи ҳама шабакаҳои телевизионии давлатӣ намоиш дода шуд, бар иловаи мақомоти давлатӣ, афроди касбу кори гуногун, ҳамчунин дипломатҳои муқими Тоҷикистон ва раҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, ширкат доштанд.

Ҷаноби Раҳмон бо ёдоварӣ аз солҳои аввали касби истиқлоли Тоҷикистон гуфт, нерӯҳое буданд, ки бар хилофи хостаҳои мардум мехостанд "фарҳангу мазҳаби бегона"-ро бар сари мардум тоҷик бор кунанд ва ҳатто саросемавор нақшаи бунёди давлати исломиро кашида буданд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар суханронии худ ба таври ошкоро ҳизби ҳамакнун фаъолияташ мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистонро омили ин ҳама нобасомониҳо хонд.

Ӯ ишора кард, дар он айём ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳои навтаъсис "фирефтаи мафкура ва нақшаҳои Ҳизби наҳзати ислом" гаштанд ва кишвар ба гирдоби ҷанг печид ва дар натиҷа ҳазорон нафар куштаву бехонумон ва зербинои иқтисодӣ кишвар хароб гашт. Ба таъкиди оқои Раҳмон, раванди ҳодисаҳои он замон нагузошт, ки Тоҷикистон мисли дигар кишварҳои Шӯравии пешин, ҳаққи худро соҳиб шавад ва дар натиҷа як иқтисоди заъифро ба мерос гирифт.

Ҷаноби Раҳмон бо таваҷҷӯҳ ба нооромиҳо дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Сурия, Ироқ, Либиё, Афғонистон ва дигар кишварҳо, ки исломӣ ҳастанд, гуфт, “он чӣ дар ин кишварҳои исломӣ мегузарад, такрори ҳодисоти солҳои аввали истиқлоли Тоҷикистон аст”.

Ин барои бори дувум аст, ки давоми як чанд рӯзи ахир оқои Раҳмон ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистонро сабабгори ҷангӣ дохилӣ эълон мекунад. Аз ин қабл, рӯзи 1 сентябр Эмомалӣ Раҳмон зимни баргузории “Дарси сулҳ” дар бинои нави Донишгоҳи давлатии Данғара гуфта буд, ки "ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз масҷидҳои ҳамонвақта, аз ҷониби баъзе муллоҳо ва бо ташаббуси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, ки тибқи қонун ҳизби террористӣ эътироф шуда, фаъолияти он манъ гардидааст, оғоз шуда буд.”

25 сол қабл, рӯзи 9-уми сентяби 1991, дар нишасти ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии сотсиалистии Тоҷикистон Эъломияи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қабул шуд. Зери ин санад раиси вақти Шӯрои Олӣ ва иҷрокунандаи вазифаи раисиҷумҳур Қадриддин Аслонов имзо гузошт ва дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наве ифтитоҳ шуд.

Тоҷикистон пас аз 8 моҳи эълони истиқлолият ба гирдоби ҷанги дохилӣ фурӯ рафт, ки панҷ сол идома кард. Дар ин ҷанг, ки то соли 1997, замони имзои Созишномаи сулҳ, давом кард, 150 ҳазор сокини Тоҷикистон кушта ва наздики як миллион нафар бехонаву дар шуд.

27 июни соли 1997 дар Маскав Эмомалӣ Раҳмон - раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро имзо карда, ба ҷанги панҷсолаи дохилӣ хотима доданд.

Тарафҳо тааҳҳуд карданд, якдигарро бахшида ва як кишвари озоду демократие хоҳанд сохт, ки "дар он озодии сухан, виҷдон, интихобот ва имконоту шароити баробари иқтисодию тиҷоратӣ барои тамоми шаҳрвандон, новобаста ба дину мазҳаб, ҳизбият ва забон фароҳам бошад".

Аз ин лиҳоз, ба қавли ҳарду ҷониби сулҳ, имзои Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ барои мардуми Тоҷикистон дорои аҳамияти сарнавиштсози таърихӣ буда, дар радифи Эъломияи истиқлоли кишвар меистад.

Аммо дар пасманзари ҳодисаи ошӯби Абдулҳалим Назарзода дар моҳи сентябри соли 2015, Додгоҳи олии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро созмони террористӣ эълон кард ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар мамнӯъ намуд. Ба дунбол шуморе аз сарони ин ҳизб боздошт шуданд ва додгоҳ онҳоро барои муддати тӯлонӣ равонаи зиндон намуд.

Субҳи 4 сентябри соли 2015 ба Шӯъбаи корҳои дохилии Ваҳдат ва посгоҳи кормандони пулис дар гардиши фурудгоҳи Душанбе ҳамла сурат гирифт. Мақомот ин ҳамларо кори дасти Абдуҳалим Назарзода донистанд, ки то он рӯз муовини вазири дифои Тоҷикистон буд. Амалиёт алайҳи ин гурӯҳ дар дараи Ромит 12 рӯз давом кард, ки дар пайи он 14 тан аз кормандони мақомоти интизомӣ ва наздик ба 30 тан аз аъзои ин гурӯҳ. бо шумули Абдулҳалим Назарзода, кушта шуд.

XS
SM
MD
LG