Раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни ироаи паёми солона ба порлумон бори дигар ваъда дод, ки ҳамчун ҳомиии конститутсия ва иҷрои қонунҳои кишвар "бо масъулияти баланд ва эътимоди комил шароити баргузории интихоботи демократӣ, озод ва одилонаро таъмин мекунад." Аммо ҳамзамон таъкид кард, ки "довталабҳо бояд дар чаҳорчӯби қонунҳо амал кунанд ва мисли солҳои 1992 ба умеди хоҷагони хориҷӣ нашаванд."Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки барои фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ дар кишвар ҳамаи шароит фароҳам оварда шудааст.
Президент Раҳмон нокомиҳои иқтисодии кишварро ба мушкилоти энежӣ бастагӣ дод ва гуфт, «чӣ гуна сармоягузор дар кишваре сармоягузорӣ мекунад, ки дар он кишвар 6 моҳ барқ нест.» Ба ин далел раиси ҷумҳури Тоҷикистон бунёди неругоҳҳои обию барқӣ дар кишварро ҳалли калидии ин мушкилот арзёбӣ кард. Аммо президент ба фарқ аз солҳои қаблӣ масъалаи Роғун ва муман барномаҳои энержиро бузург нишон надод.
Раиси ҷумҳур дар робита ба сиёсати хориҷии кишвар гуфт, «Тоҷикистон сиёсати дарҳои бозро пеша кардааст ва мо бо кулли кишварҳои дунё ҳамкорӣ мекунем». Аммо чун солҳои қаблӣ ҳеҷ кишвареро ба унвони шарики стратегӣ номбар накард.
Вай бо ишора ба тамоюлҳое дар ҷомеъа хитоб ба рӯшанфикрони кишвар гуфт, ки истиқлолияти Тоҷикистон моли мавриди фурӯш нест ва муқаддасотест, ки ба ҳеҷ чиз иваз намешавад. Маълум набуд, ки раисиҷумҳур ба кадом тамоюл ишора мекунад, баҳсҳои шарвандон шаҳрвандон бар сари ҳалли баҳси замин бо Чин ва ё ба тамдиди будубоши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ба муддати 39 сол.
Дар ҳоле, ки ба таъкиди президенти Тоҷикистон, ин кишвар дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ аст ва баҳрабардорӣ аз ин манобеъ, на танҳо ба нафъи Тоҷикистон, балки кулли кишварҳои минтақа аст. Вай гуфт, ки дар муддати даҳ соли ахир даҳҳо неругоҳҳои хурду миёна мавриди истифода қарор гирифт ва иҷрои чандин лоиҳаҳои энергетикӣ ҷараён дорад.
Бахше аз паёми Раҳмон таври маъмул ба суннату оинҳои мардуми тоҷик, аз ҷумла саховатпешагӣ ва даъвати кӯбак ба бечорагон сарф шуд.
Президент гуфт, ки беш аз 3300 кӯдак дар Тоҷикистон падару модар надоранд ва ҳудудан 200 ҳазори дигар ё падар доранд ё модар. Ӯ ваъда дод,ки қонуни фарзандхониро содатар мекунад, то ин бачаҳо дар маҳдудият бузург нашаванд.
Дар нишасти муштараки парлумони Тоҷикистон, бар иловаи вакилони парлумон, инчунин мақомоти давлатӣ, сафирони кишварҳои хориҷӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими Душанбе ва хабарнигорон, даъват шудаанд.
Ҳамзамон тамоми корхонаву муассисаҳои давлатӣ дастур гирифтанд, ки барои шунидани паёми раиси ҷуҳмур ба кормандони худ шароит мухайё кунанд.
Паёми раисиҷумҳур ба таври мустақим аз тамоми радио ва телевизионҳои муаҷуд дар кишвар пахш гардид.