Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

20 сол баъд. Дарёфти ғояи миллӣ ҳанӯз ҳам масъала аст


Суханронии президент Раҳмон дар 20-умин солгарди Сессия (Иҷлосия)-и 16-уми Шӯрои Олӣ дар Хуҷанд. Душанбе, 16 ноябри соли 2012
Суханронии президент Раҳмон дар 20-умин солгарди Сессия (Иҷлосия)-и 16-уми Шӯрои Олӣ дар Хуҷанд. Душанбе, 16 ноябри соли 2012

Эмомалӣ Раҳмон аз мардум даъват кард, ки дар атрофи ғояи "Тоҷикистони соҳибихтиёр - Ватани ягонаи мо" даври ҳам оянд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки рӯзи ҷумъа дар ҷаласаи ботантанаи 20-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон дар толори Кохи Борбад сухан мекард, Иҷлосияи 16-ум дар моҳи ноябри соли 1992-ро, ки ӯро сари қудрат овард дар таърихи миллати тоҷик "ҳалкунанда" унвон кард. Ӯ гуфт, ки ин нишасти "тақдирсоз" низоми нави давлатдориро ба вуҷуд овард.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ситоиш аз дастовардҳои ҳаводиси 20 соли пеши Хуҷанд гуфт, ин ҷаласаи "муҳим" "барои раҳоии давлати нав баистиқлолрасида аз оташи ҷанги харобиовар", барои "барқарорсозии сохти конститутсионӣ", ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ заминаҳои мусоид фароҳам овард. Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни суханронии худ аз аҳзоби мухолифи солҳои навадум ва низ бархе аз сафоратҳои хориҷӣ, ки ба мухолифин кӯмак кардаанд, бидуни зикри мушаххаси ном, интиқод кард.

Ҷаноби Раҳмон баъд аз арзёбии гузаштаи начандон дур чанд масъаларо барои имрӯзи кишвар муҳим арзёбӣ намуд. "Ба таври огоҳона муттаҳид намудани мардуми кишвар дар атрофи ғояи Тоҷикистони соҳибихтиёр ватани ягонаи мо мебошад. Дар шароити гуногунфикрии ақидавӣ ва сиёсӣ ба даст овардани чунин ғоя бисёр мушкил ва баҳсангез аст",-таъкид кард ӯ.

Аммо аз онки суханрониҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон бештар аз тавсиф ва тамҷиди дастовардҳои бист соли зери раҳбариаш иборат буд, мухолифин ин чорабиниро чун баҳонаи дигари ситоиши раисиҷумҳур ва бузург ҷилва додани нақши ӯ дар истиқлолияти кишвар мешуморанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ин ҷаласа на танҳо овозхонҳои касбӣ бар мадҳу ситоиши роҳбари давлат, ҳатто кӯдакони синни мактаб низ ҷалб шуданд, ки низ дар васфи Эмомалӣ Раҳмон сурудхонӣ карданд. Худи ҷаноби Раҳмон ҳам бо ташаккур аз ин кӯдакон, тарафдори чунин шеваи таҳияи ҷаласаҳо будани худро пинҳон накард.

Як нуктае дигар, ки раисиҷумҳур рӯи он ба такрор таъкид кард, ҳифзи ваҳдат ва якпорчагии миллат буд. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле аз фаъолияти бархе аз созмону аҳзоби сиёсӣ интиқод кард, ки ба гуфтаи ӯ, гузаштаи на он қадар дурро фаромӯш карда ва ҳоло ҳам бозичаи дасти хоҷагони хориҷианд. Аммо намояндагони бархе аз аҳзоби сиёсии Тоҷикистон мегӯянд, бо онки раисиҷумҳур худ аз ваҳдат сӯҳбат мекунад, аммо дар амал кораш ба ранги дигар аст.

Шокирҷони Ҳаким
Шокирҷони Ҳаким
Шокирҷони Ҳаким, муовини раиси ҲУСДТ, мегӯяд, дар ҷаласаҳои умумимиллӣ амдан намояндагони бархе аз аҳзоб даъват намешаванд. Ба гуфтаи ӯ, "то ҳол аҳзоби сиёсии Тоҷикистонро ба худиву бегона ҷудо кардаанд ва ин аз паст будани фарҳанги сиёсӣ низ гувоҳӣ медиҳад. Дар тамоми идҳои хусусияти умумиллӣ дошта, масалан, Рӯзи иди Забон, Қонуни асосӣ, Ваҳдати миллӣ бештар ҳизбиёне даъват мешаванд, ки аз роҳбари давлат таъриф ва тавсиф мекунанд."

Ба фарқ аз ҷаласаҳои мушобеҳ ин навбат Эмомалӣ Раҳмон баъди ҷаласа вориди толор шуда ва бо онҳое, ки дар гузашта шинос буд, дидорбинӣ кард. Ба ҳангоме, ки аз назди қатори сафирон мегузашт, гӯшнишон кард, ки ҳаводиси бист соли пеши Тоҷикистонро амиқ ва дуруст таҳлил намоянд.

Дар тирамоҳи соли 1992 дар иҷлосияи Шӯрои олӣ дар Хуҷанд, Эмомалӣ Раҳмонов (ҳоло Раҳмон) раиси Шӯрои олӣ интихоб шуд ва инак 20 сол боз ба Тоҷикистон ҳукумат меронад. Мунтақидони раисиҷумҳур мегӯянд, як мероси аслии сессияи 16-ум оғози давраи худкомагӣ дар Тоҷикистон аст, ки баъд аз пошхӯрии Шӯравӣ танҳо муддати кӯтоҳе аз озодиҳои сиёсӣ бархӯрдор буд. Ба гуфтаи мунтақидон, сессияи 16-ум ба сурати умум рисолати аслии худ - хотима гузоштан ба ҷангро иҷро накард ва миссияаш танҳо ба дигар кардани ҳукумат маҳдуд шуд.
XS
SM
MD
LG