Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҳири Абдуҷаббор: “Истиқлолият мафҳуми муқаддас аст!”


Силсилае аз суханон ва навиштаҳои вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Тоҷикистон ва раиси созмони мардумии “Растохез” Тоҳири Абдуҷаббор, ки бо эҳтимоми Насибҷони Амонӣ гирдоварӣ ва замонбандӣ шудааст.

Озодию истиқлолияти Тоҷикистон ва халқи тоҷик барои мо муқаддас аст ва дар баробари он манофеи ҳеҷ касе, ё гурӯҳе ва ё ҳизбе арзише надорад. Ҳар як сокини ин Ватан – аз деҳқон то раиси ҷумҳур вазифадор аст, ки барои таъмину таҳким ва ҳимояи он то ҷон дар бадан дорад, мубориза барад. Ҳар касе, ки бар зидди озодию истиқлолияти халқу Ватан амал мекунад – он душмани халқ ва хойини Ватан аст ва он, хоҳ чӯпон бошад, хоҳ вазир, хоҳ деҳқон бошад, хоҳ вакил ва хоҳ коргар бошад, хоҳ раиси ҷумҳур, бояд дар назди халқ ҷавоб гӯяд ва иншооллоҳ ҷавоб хоҳад гуфт!!!
(1992)

Давлате, ки истиқлолият надорад, давлат нест, Ватане, ки озод набошад, Ватан нест ва халқе, ки соҳибихтиёр набошад, маҳкум ба нобудӣ аст!
(марти 1992)

Мақсадҳои асосии Созмони Растохези Ҷумҳурии Шӯравии Сусиёлистии Тоҷикистон аз инҳо ибратанд:
...—ба вуҷуд овардани як давлати ҳақиқатан демократӣ ва ҳуқуқбунёд;
--расидан ба як ҷамъияти озод ва шукуфон, ки дар он мақоми баландтаринро инсон, инсони комил ва озод дошта бошад, инсоне, ки сармашқи зиндагиаш арзишҳои олии умумиинсонӣ ва башардӯстӣ мебошад;
-- Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд як давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёр бошад ва тамоми масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро дар Тоҷикистон мувофиқи манфиатҳои худ мустақилона ҳал кунад;...
Бинобар он ки Тоҷикистон ватани таърихии тоҷикон, маъвои инкишофу пешрафти миллати тоҷик ва забону фарҳанги он мебошад, СР(Созмони Растохез) лозим медонад,ки дар ин сарзамин тамоми шароити лозим барои бақою пешрафти миллати тоҷик ва эҳёи забону фарҳанги он фароҳам оварда шавад.
Забони форсии тоҷикӣ дар сар то сари Тоҷикистон ба сифати забони давлатӣ маъмул гардад ва ҳамчунин вазифаи дигари хеш, яъне вазифаи забони муоширати байни намояндагони миллатҳои гуногуни сокини Тоҷикистонр низ ба ӯҳда дошта бошад.
(Аз Барномаи Созмони Растохез, ки дар Маҷлиси муассисони он дар ш.Душанбе 14 сентябри с. 1989 баррасӣ ва тасдиқ шудааст).

Барои он ки ҳукумати Тоҷикистон битавонад ҳама масоилу мушкилотро дар сари вақт ва муваффақона ҳал кунад ва инкишофи ҳамаҷониба ва босуръати ҷумҳурии моро таъмин кунад, ӯ бояд аввалан соҳибихтиёр, мустақил, дорои ҳуқуқу салоҳиятҳои васеъ барои ҳалли тамоми масоили иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии Тоҷикистон бошад. Сониян, ӯ бояд як ҳукумати миллӣ бошад, яъне хусусият, расму оин, анъанаҳо ва манофеи халқи тоҷикро ба хубӣ бидонад ва арзишҳои маънавию фарҳангии онро амиқан дарк ва қадр кунад. Аз ин рӯ, лозим аст, ки аксарияти мутлақи кормандони дастгоҳи давлат ва идораҳои он аз тоҷикон иборат бошад. (1989)

Мо лоиҳаи алтернативии Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистонро соли 1990 пешниҳод карда будем ва он мутобиқи аҳдофи барномаи мо(Созмони мардумии Растохез—Н.А) буд, ки ҳанӯз соли 1989 таҳия шуда буд. Вале мутаассифона, он замон варианти пешниҳодкардаи мо пазируфта нашуд ва аммо соле баъд онро қабул карданд.

***
Органҳои ҳукумат ва идораи давлатии ҷумҳурии мо, ки аз мустақилӣ ва салоҳиятҳои лозим бархурдор нестанд ва дар ҳар қадам, ҳатто барои ҳалли масоили ночиз ва хурду реза ба органҳои марказӣ муроҷиат мекунанд, ҳамчунон дар рафъи фаврии мушкилот оҷиз мондаанд. Онҳо хосияту мушаххасоти ҳукумати соҳибихтиёр ва комилҳуқуқро аз даст дода, амалан ба як ҷузъи механизми бузург ва камҳаракати идораи давлатии кишвар ва иҷрокунандаи гӯш ба фармони сиёсати органҳои марказӣ табдил ёфтаанд.

Яке аз сабабҳои чунин ҳолат, ба назари ман, иборат аз он аст, ки ба ҳангоми ташкил додани органҳои ҳукумат ва идораи давлатӣ принсипҳои демократии сохтмони давлати миллӣ риоя намешуданд. Ҳарчанд ки зоҳиран интихобот сурат мегирифт, дар амал мансабдорони органҳои давлатӣ аз «боло» таъйин мешуданд. Аз ин ҷост, ки роҳбарон ва кормандони дастгоҳи давлат ва идораҳои он на дар хидмати мардум, балки дар болои он қарор гирифтанд ва аз кору фаъолияти хеш на ба мардум, балки ба органҳои марказӣ, ки онҳоро тақаррур намудаанд ва ҳар лаҳза метавонанд таъвиз кунанд, ҳисобот медоданд ва медиҳанд.
(1989)

Ба назари ман, ҷомеъаи мо, бештари мардуми Тоҷикистон аз маърифати сиёсӣ ва воқеъиятҳо хеле дуранд. Чанд рӯз пеш мардум истиқлоли Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд ва хеле маросими пуршукӯҳ буд. Ин андешаи кӣ буд? Ин андешаи мо буд! Он чизе, ки мо барои он талош кардем. Дар замоне ки Тоҷикистон истиқлолият надошт, ба масобаи як вилояти давлати имперотурии Русия буд ва ҳукуматдорони Тоҷикистон дар ин ҷо аз ҳама гуна ҳаққу ҳуқуқ ва салоҳият маҳрум буданд. Онҳоро ҳар вақте мехостанд, аз Москав аз кор мегирифтанду ба кор мегузоштанд. Ва халқи тоҷик, ҳам ҳамин тавр, ҳеҷ гуна ҳаққу ҳуқуқ надошт. Забону фарҳангаш поймол шуда буд. Ва мо вазифаи худ донистем, ки дар чаҳорчӯби ҳатто ҳамон қонунҳое, ки мавҷуд буданд, талош кунем, ки мо ҳам дар хонаи худ зиндагӣ мекунем, ҳаққу ҳуқуқ дорем, халқи тоҷик меросбари як фарҳанги бузургу бостонӣ ҳаст ва ҳақ дорад дар хонаи худаш забону фарҳангашро ҳифз бикунад. Он вақт ҳукуматдорон зидди ин чиз буданд, чунки онҳо афроди дастнишондаи Маскав дар Тоҷикистон буданд.
( 2004)

Ман ҷонибдори он ҳастам, ки мардуми Тоҷикистон худашон тасмимашонро бигиранд, чун имрӯз онҳо аз назари қонун ин ҳақро доранд ва касе ҳам набояд мамониат кунад. Мавзӯъи дигар ин аст, ки оё имрӯз Тоҷикистон воқеъан соҳибистиқлол ҳаст ё не? Ва оё ҳадафи ниҳойии равшанфикрон, ки озодии инсон ва эҷоди як ҷомеъаи озод аст, амалӣ шудааст? Дар ин маврид метавонам бигӯям, ки на ин тавр нашуда! Ман, албатта ин солҳо дур будам ва огоҳии чандоне аз воқеъиятҳои Тоҷикистон надоштам, аммо он тавре ки мебинам, ин ҳадафҳо ҳанӯз дар пеш аст.
(2004)

Як омили муҳими дигар, ки таҳкими истиқлолияти Тоҷикистонро мушкил месозад, иборат аз сатҳи поини фарҳанги сиёсии тӯдаҳои васеи мардум мебошад.
Аксари мардуми мо аз дарки амиқи масоили давлату давлатдорӣ ва моҳияти тағйироти сиёсии рухдода ва сабабҳои он хеле дуранд. Онҳо манофеи миллии худро ҳанӯз нашинохтаанд ва огаҳ нестанд, ки яке аз иллатҳои асосии бадбахтиҳои мо, касоди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии мо – дар тобеияту вобастагии ҷумҳурӣ ва ҳукмравоии низоми тоталитарӣ мебошад. Онҳо ба хубӣ дарк накардаанд, ки шарти асосии мавҷудияту бақои миллат ва тараққию пешрафти он – истиқлолияти давлатӣ ва озодию баробарҳуқуқии афроди ҷомеа мебошад. Онҳо огоҳ нестанд, ки соҳиби давлат ва манбаи қудрати давлатӣ худи халқ мебошад ва усулан давлат бояд дар хидмати халқ бошад, на халқ дар хидмати давлат.
(марти 1992)

Мо хеле чизҳо гуфта будем ва онҳоро баъдтар амалӣ карданд, вале хеле дер ва на ба он шакле, ки мебоист. Масалан, мо талаби истиқлолият мекардем, агарчи он замон иддае ба ин зид буданд. Шукр, беш аз даҳ сол аст, ки истиқлолияти кишварро бо рақсу пойкубиҳо ҷашн мегиранд. Мо дар мавриди пули миллӣ мегуфтем, он замон зид баромаданд, ҳоло пули миллӣ ҳаст. Мо дар бораи зарурати таъсиси артиши миллӣ сухан гуфтем, талош кардем, накарданд. Ба ақидаи мо, агар он замон мо артиши миллӣ медоштем, ҳеҷ гоҳ дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ сурат намегирифт. Сӯҳбатҳое доштем дар мавриди ислоҳи низоми иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳукуматдорон қабул надоштанд, имрӯз худи ҳукумат сари ин масъала ҳарф мезанад.
(2000)

Бо камоли таасуф бояд изҳор кард, ки Шӯрои Олӣ ва ҳукумати ҷумҳурии мо дар амри ба даст овардани истиқлолияти давлати Тоҷикистон хидмати шоистае накардаанд. Онҳо на танҳо барои озодӣ ва ҳаққу ҳуқуқи халқи тоҷик талош накардаанд, балки ҳатто баръакс бар зидди он амал карданд. Парлумони коммунистӣ ва коммунистроҳбарони Тоҷикистон таи 2-3 соли охир борҳо собит карданд, ки онҳо ҳамчун дастнишондаҳои Маскав ҳамеша муҳофизи империя ва хидматгузорони собиқи Марказ буданду мебошанд. Бахубӣ ошкор гардид, ки онҳо аз неъмати маърифат бебаҳра мондаанд ва аз ин рӯ манфиатҳои миллии халқи тоҷик ва масоили давлату давлатдории онро наметавонанд дарк кунанд. Барои онҳо фақат мақому мансаб ва ҷоҳу ҷалол лозим аст ва ба хотири он тайёранд, ки ҳама чиз ва ҳама касро қурбон кунанд.
(марти 1992)

Ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ки ҳукуматдорони мо базудӣ фаромӯш карданд (ё сарфаҳм нарафтанд?!), ки Тоҷикистон худро давлати озод эълон кардааст. Онҳо таи муддати чор моҳи баъдӣ коре накарданд, ки шоистаи давлати мустақил бошад ва ё барои амалӣ кардани қонуни истиқлолияти давлатии Тоҷикистон равона карда шуда бошад. Ишон мисли пештара фармонбардори «Марказ» буданд, «бо Маскав маслиҳат» мекарданд ва кӯр-кӯрона аз паи он мерафтанд.

Агар ҷумҳуриҳои дигар аз паи таҳкими истиқлолияти худ намешуданд, агар Украину Русия ва Беларус Созишномаи Минскро дар бораи ИДМ ба имзо намерасониданд ва Шартномаи соли 1922 ва Қонуни Асосии ИҶШС-ро беэътибор карда, ҳукумати марказиро барҳам намедоданд, аз эҳтимол дур нест, ки қонуни Истиқлолияти Тоҷикистон ба ёди ҳукуматдорони мо намерасид.
(марти 1992)

Солҳои 1988-89 буд. Ман бо ҳамкории баъзе аз ёрон Консепсияи мустақилияти иқтисодии Тоҷикистонро таҳия намудам, ки он дар рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» чоп шуда буд. Баъдан варианти алтернативии «Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон»- ро навиштам ва ба Шӯрои Олӣ пешниҳод кардам, ки матни он ҳам дар рӯзнома чоп шуда буд. Ҳангоми баҳсу баррасии мавзӯъ дар ҷаласаи Шӯрои Олии Тоҷикистон, пас аз он ки варианти пешниҳодкардаи моро напазируфтанд, ман варианти савуми Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистонро пешниҳод кардам, ки онро ҳам напазируфтанд. Аммо пас аз як сол он пешнҳод аз ҷониби Шӯрои Олӣ пазируфта шуд ва 9 сентятри соли 1991 истиқлолияти давлатии Тоҷикистон расман эълон шуд.
Ин орзуи равшанфикрони тоҷик ва мардуми огоҳи кишвар буд ва дар ниҳоят он бароварда шуд.
(2005)

Қонуни асосии мо танҳо дар рӯи коғаз аст ва ҳанӯз амал намекунад. Барои он ки ин Конститутсияро мо бо ширкати огоҳонаи тамоми мардуми кишвар насохтаем. Он нусхаи кӯркӯрона рӯйбардоршудаест аз Конститутсияи кишварҳои дигар. Аз ин рӯ, ҳатто онҳое, ки ин Конститутсияро «сохтаанд» ва ба тарафдории он раъй додаанд, аксаран намедонанд, ки вожаи «конститутсия» чӣ маънӣ дорад ва қонун чист. Агар ин тавр набуд, ин бадбахтиҳо ҳеҷ гоҳ рух намедоданд.
(2000)

Мо ба ҳеҷ ваҷҳ мухолифи ягон ҳукумат набудем ва нестем. Мо мухолифи сиёсати онҳо будем.Соҳибихтиёрии Тоҷикистон ва халқи тоҷикро талаб кардем, ба хотири ин ки онҳо битавонанд ба он тавре ки лозим аст ва савоб медонанд, масоилашонро худашон ҳал кунанд. Ва касоне, ки аз берун ҳастанд ва дарки ин воқеъиятҳоро надоранд ва аксар вақт гуфторашон мутобиқи манофеъи миллии халқи тоҷик нест, ба онҳо фармонравоӣ накунанд. Аз ин хотир, мо гуфтем, ки низоми демукросӣ беҳтар аст, яъне ҳокимияти халқ ва ин ки мардум ихтиёри ҳаллу фасли ин корҳоро дошта бошад. Ва низоми демукросӣ мухолифи низоми сусиёлистӣ ҳам нест. Ва билохира чун наҳзати миллӣ ва озодихоҳӣ дар сартосари Шӯравӣ, хосатан дар қисмати аврупоии он рушд карда буд ва иттиҳоди Шӯравӣ фурӯ пошид, тамоми 15 ҷумҳурӣ, аз ҷумла Тоҷикистон истиқлолияти худро эълом кард. Бо ҳамин метавон гуфт, ки рисолати аслии созмони Растохез иҷро шуд, яъне он ба муроди худ расид.
(2004)

Мо аз ҳаракати муборизони озодихоҳонаи халқҳои собиқ ИҶШС ва талошҳои пайгиронаи ҳукуматҳои Латвиёю Литвиё, Эстониё, Русия, Украину Белорус, Арманистону Молдавиё, Гурҷистону Озарбойҷон ва амсоли онҳо соҳиби истиқлол шудем, вагарна бо вуҷуди талошҳои нирӯҳои ватанпарасту озодихоҳи худ, бо ин ҳизби коммунист ва вакилону вазирони коммунистмазҳабе, ки дорем, шояд ба ин зудиҳо мушкили мо осон намешуд ва ба истиқлолият намерасидем.
(марти 1992)

Мо бояд ин нуктаро ба хубӣ дарк кунем, ки истиқлолияти Тоҷикистон ҳанӯз дар рӯи коғаз аст ва хатари аз даст додани он, хатари дубора ба қайди тобеияту вобастагӣ гирифтор шудани мо ҳанӯз аз байн нарафтааст. Нирӯҳо ва омилҳое вуҷуд доранд, ки ба истиқлолияти давлати Тоҷикистон таҳдид мекунанд. Онҳо ҳам дар хориҷ ва ҳам дар дохили ҷумҳурӣ амал мекунанд.
(марти 1992)

Ба гуфтаи донишмандон, қудрат яъне тавони таҳмил кардани иродаи худ бар дигарон аст. Он василаест барои дубора тақсим кардани даромади миллӣ. Ҳадафи қудратталабон таъмин кардани манофеъи молии худ аст. Дар ҷомеъаҳои пасмонда мақсади қудратталабон асосан ҳамин аст, яъне ҳукумат кардан бар дигарон ва, бо истифада аз қудрат, дубораю себора тақсим кардани даромади миллӣ ба суди хеш аст.
(2005)

Танҳо дар ҷомеаи озод, дар ҷое ки инсонҳои озоду сарбаланд ва бомаърифат зиндагӣ мекунанд, хукумат ҳам ранги дигар хоҳад дошт ва вазоифи худро дар ҷиҳати таъмини ҳуқуқу озодиҳои афроди ҷомеа ва ободию амнияти кишвар ба таври шоиста метавонад иҷро кунад.
(2005)

Албатта, ҳадафи асосии равшанфикрон озодии ҷомеаи озод аст. Вале то замоне ки халқ озод набошад, наметавон озодии инсонҳоро таъмин кард. Яъне шарти аввали озодии инсонҳо истиқлолияти халқу Ватан аст. Аз ин рӯ, мо барои истиқлолияти Тоҷикистон талош кардем.
(2005)

Аз ҷумлаи хатарҳои берунӣ пеш аз ҳама бояд нирӯҳои азаматталаби Русияро зикр кард. Ин нирӯҳо барои барқарор кардани Империя (таҳти ниқоби ИҶШС)(Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ—Н.А) ҷидду ҷаҳд доранд ва барои расидан ба мақсадҳои шуму зиддиинсонии худ аз ҳеҷ васила ҳатто аз истифодаи қувваю силоҳ рӯ намегардонанд.

Изҳороти як гурӯҳ собиқ депутатҳои халқи ИҶШС (ниг. «Голос Таджикистана», 10.03.92) ва кӯшиши онҳо барои доир намудани анҷумани депутатҳои ИҶШС (17.03.92) бо мақсади барҳам додани истиқлолияти ҷумҳуриҳо ва барқарор кардани ИҶШС ҳамчун давоми Империяи Русияи подшоҳӣ далели равшани ин гуфтор аст.

Бемаърифативу ҷаҳолати азаматталабон ба ҳаддест, ки мафҳумҳои ҳуқуқи миллат, баробарҳуқуқии халқҳо, озодии инсон, адолат, ахлоқи инсонӣ ва эҳтироми соҳибихтиёрии дигарон барояшон бегона ва беарзиш аст. Онҳо намехоҳанд ё наметавонанд бифаҳманд, ки ҳар миллат – чӣ русу чӣ тоҷик, чӣ арману чӣ қирғиз, чӣ латишу чӣ укроин – зотан соҳибихтиёр аст ва сарнавишти худро фақат худаш бояд муайян кунад ва ҳеҷ касе ё нирӯе ҳақ надорад, ки озодию соҳибихтиёрии халқи дигареро маҳдуд ё поймол кунад. Зеро чунин амал – зиддиахлоқӣ ва зиддиинсонӣ мебошад.

Возеҳ аст, ки дар сурати ба сари қудрат омадани чунин нирӯҳои сиёҳу иртиҷоӣ (бояд гуфт, ки дар шаоити мавҷудаи Русия) дар ҷое, ки сатҳи шуури сиёсӣ ва ҳуқуқии тӯдаҳои васеи мардум чандон баланд нест ва ҳам вазъияти иҷтимоиву иқтисодӣ хеле ноустувор мебошад, (чунин чиз аз эҳтимол дур нест) мумкин аст фоҷиаи бузурге пеш ояд.
(марти 1992)

Хатари дигаре, ки истиқлолияти моро аз берун таҳдид мекунад, ин дубора ривоҷ ёфтани наҳзати пантуркизм дар Осиёи Миёна мебошад. Ин ҳаракати шовинистӣ дар солҳои 20-ум ба халқи мо зарари бузург расонд, боиси порчаю тақсим шудани тоҷикон ва аз Тоҷикистон ҷудо кардани муҳимтарин марказҳои таърихӣ ва илмию фарҳангии халқи тоҷик Самарқанду Бухоро ва ғайра гардид. Имрӯз низ хаёли барпо кардани «Туркистони бузург», ки Тоҷикистонро низ эҳтиво кунад, азаматталабони туркзабонро ба ҷунбиш овардааст.
(марти 1992)

Дар дохили Тоҷикистон аз ҷумлаи омилҳое, ки ба истиқлолияти ҷумҳурӣ хатар эҷод мекунанд, инҳоро бояд зикр кард: нотавонию бесалоҳиятии ШО ва Ҳукумати Тоҷикистон ва дар онҳо набудани азми қотеъ барои таъмину таҳкими истиқлолияти давлати мо; дар хоки ҷумҳурӣ мавҷуд будани қисмҳои ҳарбие, ки тобеи давлати мо нестанд; набудани Қувваҳои мусаллаҳи худи Тоҷикистон; ақибмондагию вобастагию иқтисодӣ ва ҷорӣ накардани пули миллии Тоҷикистон; фаъолияти коммунистие, ки тарафдори барқарор кардани ИҶШС мебошанд; мавҷудияти ашхоси манқуртсифату вобастаи собиқ ИҶШС дар зинаҳои гуногуни дастгоҳи идораи давлатӣ ва ҳам дар байни зиёиён; поин будани сатҳи худшиносии миллӣ ва фарҳанги сиёсии тӯдаҳои васеи мардум ва ғайра.
(марти 1992)

Розӣ шудани ҳукуматдорони мо ба нигоҳ доштани Қувваҳои Мусаллаҳи воҳиди ИДМ ва мавҷудияти қисмҳои ҳарбии тобеи «Марказ» дар қаламрави Тоҷикистон, дар шароите, ки намояндагони ҷумҳурии мо дар Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳайъати фармондеҳии он ҳеҷ нуфузе надоранд, барои ҳифзи истиқлолияти Тоҷикистон бехатар нест.
(марти 1992)

Омили дигаре, ки ба истиқлолияти Тоҷикистон хатар эҷод мекунад, ҳизби ба истилоҳ Коммунисти Тоҷикистон мебошад. Ин ҳизб, билхоса, дастгоҳи роҳбарикунандаи он, ҳеҷ гоҳ хислату рӯҳияи миллӣ надошт ва ҳоло ҳам надорад. (Он идда коммунистоне, ки рӯҳияи миллӣ доштанд, сафҳои ин ҳизбро тарк карданд). Он таи муддати 70 соли охир ҳамчун отряди (қисми таркибии) КПСС ҳамеша зери фармони Марказ қарор дошта, барои мустаҳкам кардани Империя ва дар тобеияту асорат нигоҳ доштани халқи тоҷик содиқона хидмат кард. Маҳз ба воситаи ҳамин ҳизб сиёсати истеъмории Марказ дар Тоҷикистон татбиқ гардид. Мансабдорону мансубони ин ҳизб, ки асосан аз ашхоси чаласаводу ҷоҳталаб иборат буданд, натавонистанд ба моҳияти идеологияи коммунистӣ ва сиёсати истеъмории он сарфаҳм раванд ва ба хотири мақому мансаб шуда, ба манфиатҳои миллии халқи тоҷик ва озодию истиқлолияти он хиёнат карданд. Маҳз ба «шарофати» роҳбарии хирадмандонаи ин ҳизб истиқлолияти мо зери по шуд, иқтисоди миллии мо маъюбу маслуқ, вобаста ба касод гардид, забону фарҳанги мо рӯ ба таназзул овард, миллати мо аз расму оин, алифбо ва сарватҳои моддию маънавии худ ҷудо шуда, кам монда буд, ки дар ватани худ беҳудуду беватан шуда, тоҷик будани худро фаромӯш кунад ва ба «ҳомосоветикус» табдил ёбад.
(марти 1992)

Имрӯзҳо коммунистони мо (албатта на ҳамаашон) аз марги империя сахт андӯҳгин буда, ашки ҳасрат мерезанд ва орзӯи барқарор кардани империяро доранд ва аҷаб нест, ки дар ин кор бо азаматталабони Русия ҳамдастӣ кунанд. Дар рӯзномаи коммунистон «Голос Таджикистана» чоп кардани изҳороти депутатҳои азаматталаб дар бораи зарурати барҳам задани истиқлолияти ҷумҳуриҳо ва барқарор кардани ИҶШС (яъне Империя) ва аз тарафи як теъдод коммунистони соҳибмансаби мо ошкору пинҳон тарафдорӣ кардани чунин санади нангину зиддихалқӣ далели равшани ин фикр мебошад. Бовар кардан душвор аст, вале ин ҳақиқатро ҳамагон мушоҳида карданд, ки дар иҷлосияи Шӯрои Олии Тоҷикистон рӯзи 12.03.92, вақте ки мӯҳтарам Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода масъалаи Изҳороти собиқ депутатҳои халқи ИҶШС-ро бардоштанд ва пешниҳод карданд, ки он ҳамчун таҳдиди ошкор ба истиқлолияти давлати Тоҷикистон маҳкум карда шавад ва онҳое, ки барои иштирок кардан дар Анҷумани зиддиқонунӣ ба Маскав мераванд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд, бисёр коммуниствакилон норозиёна мағал бардоштанд.

Ва замоне ки Муроҷиатномаи Шӯрои Олии Русия дар бораи маҳкум кардани «Изҳороти депутатҳои ИҶШС» қироат ва ба овоз монда шуд, аз ҷумлаи қариб 180 нафар вакилони дар толор буда, фақат 110 нафар ба тарафдории он овоз доданду халос! 18 нафар – зид ва 29 нафар – бетараф буданд...
Гузашта аз ин, рӯзи дигар Ш. Шабдолов (муншии КМ ҳизби Коммунисти Тоҷикистон) изҳороти гурӯҳи коммунистонро қироат кард, ки дар он аз тарафи Шӯрои Олии Тоҷикистон дастгирӣ шудани Муроҷиатномаи Шӯрои Олии Русияро, яъне маҳкум кардани он изҳороти нангинро зери шубҳа гузошт.
Инро ақли кас бовар намекунад, бовар намекунад, ки вакилони халки тоҷик (!) дар Шӯрои Олии (!) давлати мустақили Тоҷикистон бар зидди озодию истиқлолияти халқи тоҷик овоз диҳанд! Охир ин ҳақиқати баҳснопазир аст, ки давлате, ки истиқлолият надорад, давлат нест, Ватане, ки озод набошад, Ватан нест ва халқе, ки соҳибихтиёр набошад, маҳкум ба нобудӣ аст!...
(марти 1992)

Имрӯз Тоҷикистон, дар рӯи коғаз ҳам бошад, кишвари мустақил аст. Ҳамон вақт ва имрӯз ҳам ҳамагон бар онанд, ки шарти аввали ҳалли тамоми масоили иқтисодию иҷтимоӣ ва хусусан, фарҳангии як миллат истиқлолияти он кишвар аст. То замоне кишвар истиқлолият надошта бошад, ин масоил ҳам ҳал намешавад.
(2000)

Вазифаи ҳар як давлат – муҳофизат кардани озодию истиқлолият ва амнияту осоиши халқ, ҳимоят кардани ҳуқуқҳои мардум, ҳар як инсон ва расондани кӯмак ба эҳтиёҷмандон мебошад. Давлате, ки дар хидмати мардум набошад, барои пешрафти ҷомеа шароит муҳайё накунад ва бо зӯру бо ҷабр халқро тобеи худ созад, он давлат мардумӣ на, балки давлати диктатурӣ ва зиддихалқӣ аст. Чунин давлат мардумро ба ақибмондагию таназзул ва тобеияту бадбахтиҳо гирифтор мекунад.
(марти 1992)

Ҷомеаи мо ҳанӯз аз зинаи анъана берун наомадааст. Мардуми мо ҳанӯз дарк накардаанд, ки маҳз онҳо, яъне мардум, соҳиби ин кишваранд ва ҳукумат бояд хизматгори онҳо бошад ва тавре бояд рафтор намояд, ки хостаҳо ва манофеи мардум ҳифз шавад. Аслан, мардум бояд бигӯянд, ки ҳукумат чи корро ба чи тартиб анҷом бидиҳад. Мутаассифона, мо одат кардаем, ки ҳукуматро як чизе дар болои ҷомеа қарордошта арзёбӣ бикунем ва имкон бидиҳем, ки ҳарчи мехоҳад, бикунад ва ҳарчи нахоҳад, накунад. Ин тарзи фаҳмиш хоси ҷомеаи ақибмонда ва низомҳои истибдодию тоталитарӣ аст. Дар мо то ҳанӯз дарк накардаанд, ки маҳз онҳо ҳукуматро мехӯронанду мепӯшонанд. Пас, бояд мардум бигӯяд, ки мо ин гуна назму низомеро ва кадом ҳукумату ҳукуматдоронро мехоҳем.
(2000)

Ҷомеаи мо ҳанӯз ҳам аз назму низоми системаи анъанавӣ ё асримиёнагӣ берун наомадааст. Рӯиҳамрафта, низоми мавҷуда дар замони Шӯравиро метавон низоми феодализми давлатӣ номид. Яъне ҳатто дар солҳои низоми Шӯравӣ ҳам ҷомеъаи мо аз низоми асримёнаги берун нашуда буд. Ба назари ман, вазъи кунунӣ хеле бадтар аз он аст, ки 10–15 сол пеш буд. Ҳоло бар иловаи феодалҳои замони Шӯравӣ (раисони колхозҳою совхозҳо) арбобкамолҳою одинаҳои нав зуҳур кардаанд, ки шуморашон торафт меафзояд.
(2000)

Муҳимтарин вазифаи ҳама гуна давлат ва ҳукумати он таъмини адолат аст. Усулан, ҳукуматҳоро ба хотири ҳамин сохтаанд. Аз ин рӯ, ҳукумате, ки дар пайи таъмини адолат, дар пайи аз байн бурдани нобаробариҳои иҷтимоӣ набошад, яъне вазифаи худро иҷро накунад, он давлат давлат нест, балки он ҳукумати як мушт ғосибони ваҳшӣ аст. Дар ҷое ки ин усул риоят намешавад, давлат низ дер намепояд. Зеро ҳама гуна ҷомеа бар пояи адолат устувор аст ва таъмину таҳкими он (адолат) шарти пойдории давлат ва ҷомеа аст, бавижа дар низоми бозаргонӣ.
(2008)

Дар аввалҳои соли 1990 раҳбарони Тоҷикистон лоиҳаи алтернативии Консепсияи мустақилияти иқтисодии Тоҷикистонро, ки созмони Растохез тартиб ва пешниҳод карда буд ва аксари равшанфикрони ҷумҳурӣ онро тарафдорӣ карда буданд, рад карда бо амри марказ консепсияеро қабул карданд, ки он ба ҳеҷ ваҷҳ мустақилияти Тоҷикистонро таъмин намекард.
(марти 1992)

Порлумони Тоҷикистон дар моҳи августи соли 1990, пас аз он ки аксари ҷумҳуриҳо истиқлолияти худро эълон намуданд ночор (аз қатор намонем гуфта) санадеро бо номи «Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон» қабул кард, ки он моҳиятан санади тобеияти халқи тоҷик буд, на истиқлолияти он. Дар айни замон лоиҳаи алтернативии «Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон»-ро, ки созмони Растохез таҳия ва пешниҳод карда буд ва таъмини истиқлолияти воқеии Тоҷикистонро дар назар дошт, Шӯрои Олӣ напазируфт. Ба хотир оред, ки дар охири соли 1990 ва июни соли 1991 Шӯрои Олии Тоҷикистон лоиҳаи аз Маскав расидаи «Паймони Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои соҳибихтиёр»-ро, ки ҳадафи он минбаъд ҳам нигоҳ доштани империя ва поймол кардани ҳукуқу озодии халқҳо буд, бо чӣ шитобзадагӣ, бидуни муҳокимаи ҷиддӣ тасдиқ кард ва аммо лоиҳаи «Шартномаи иттиҳоди давлатҳои мустақил»-ро, ки созмони Растохез пешниҳод карда буд ва метавонист истиқлолияти комили Тоҷикистон ва соири ҷумҳуриҳоро таъмин намояд ва аз бисёр ҷиҳат комилтару беҳтар буд, ҳатто нахост баррасӣ кунад.
(марти с.1992)

Раҳбарони коммунистмазҳаби ҷумҳурӣ бо фармони хоҷагони маскавиашон дар моҳи марти соли 1991 ҳангоми раъйпурсӣ бо чи макру фиреб ва дасисабозиҳо халқи тоҷикро гумроҳ карданд, то ин ки умри империя(Русия—Н.А) ва мақому мансаби худро дароз кунанд…
(марти 19920)

Порлумони Тоҷикистон санади истиқлолияти давлатии Тоҷикис­тонро низ танҳо баъд аз саркӯб шудани кудатои 19-21 августи соли 1991 ва амалан пароканда шудани ИҶШС қабул кард. Яъне порлумони мо дар бораи истиқлолияти ҷумҳурӣ замоне лаб кушод, ки ба қавли мӯҳтарам Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода Тоҷикистонро се талоқ дода танҳо гузошта буданд.
(марти 1992)

***
Маълум аст, ки масъулияти ҳифозат ва мустаҳкам намудани истиқлолияти ҳар давлат пеш аз ҳама ба ӯҳдаи ҳукумат, ба дӯши вакилону вазирон ва раисони он мебошад. Бурду бохти сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ, пешрафт ё ақибмондагии иқтисодию иҷтимоии он ба ақлу заковат, донишу маҳорат ва ҷаҳонбинию фаъолияти ҳукуматдорон сахт вобастагӣ дорад.
(марти 1992)

Сиёсатмадорону роҳбарони давлат вазифадоранд, ки донишу маърифати баланд, ҷаҳонбинии васеъ, рӯҳияи ватанпарастию озодихоҳӣ ва тавони кашидани бори вазнини солориро дошта бошанд. Онҳо бояд аз қонуниятҳои давлату давлатдорӣ ва рушду такомули миллату ҷомеа огоҳ бошанд ва ҳамеша чанд қадам пештар аз дигарон қарор гирифта, пешомадҳои зиндагӣ ва роҳу равиши фаъолиятҳои баъдии давлатро муайян кунанд, тавре ки манфиати ҳамагон дар он бошад. Бешараф аст ҳар он касе, ки аз ин сифатҳо бархурдор набошад, тавони кашидани бори сангини солориро надошта бошад, надонад, ки роҳ куҷост, вале даъвои роҳбарӣ кунад! Бадбахт аст он миллате, ки ин маъониро набинад ва ҳар нолоиқеро, ки пеш ояд, ба роҳбарӣ гузинад!...
(марти 1992)

Бисёре аз вакилону вазирон ва зимомдорону раҳбарони имрӯзаи мо ҳамон мансабдорони фармонбардори дирӯзаанд. Онҳо, ки ба тобеияту итоаткорӣ одат кардаанд ва аз озодию озодандешӣ ва тавони бо ақли худ мустақилона кор кардан маҳруманд, ҳанӯз натавонистаанд бахубӣ дарк кунанд, ки Тоҷикистон дигар як вилояти тобеи империя нест, акнун он як давлати озоду мустақил аст ва ин ҳолати сифатан навест, ки роҳу равиши дигар ва рафтору кирдори дигареро талаб мекунад. Шояд онҳо ҳанӯз нафаҳмидаанд, ки масъулияти бузурге ба дӯш доранд, масъулият дар назди халқу ватан, масъулият аз бобати таъмину таҳкими истиқлолияти Тоҷикистон, аз бобати дурустӣ ё нодурустии сиёсати дохилию хориҷии он, аз бобати таъмини амнияти халқи тоҷик ва зиндагии осоиштаи он.
(марти 1992)

Гуфтаанд, ки агар ғуломи озодшуда аз озодӣ сухан гӯяд, аз гуфтораш бӯи ғуломӣ ояд. Бештари вакилону вазирони мо (ва ҳатто иддае аз «Равшанфикрон» низ) ба ҳамон ғуломони озодшуда мемонанд, ки ҳанӯз озодии худро дарк накардаанд, чӣ будани маънии озодиро намедонанд, намедонанд, ки давлати мустақил бояд чӣ гуна бошад ва чӣ кор кунад. Аз гуфтору кирдори онҳо бӯи ғуломӣ меояд.
Аз ин ҷост, ки онҳо ба ҷои пешгоми ҷомеа будан, мисли говони аз пода монда, аз равандҳои иҷтимоию сиёсӣ дер мемонанд ва аз ақиби ҳаводиси рӯзгор мераванд. Бад-ин сабаб Шӯрои Олӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон, ҳамон тавре ки барои соҳибихтиёрии халқи тоҷик талош накарда буд, имрӯз дар амри таъину таҳким намудани истиқлолияти ҷумҳурӣ сустӣ мекунад. Аз ин ҷост, ки ШО-и мо дар моҳи декабри соли гузашта бидуни андеша ва муҳокимаи ҷиддӣ Созишномаи Минск ва Алма-Аторо дар бораи (ИДМ) тасдиқ намуда, дар ҳоле ки дар он як қатор шароити номатлуб, аз ҷумла урдуи воҳид, пули воҳид, фазои воҳиди иқтисодӣ дар саросари қаламрави ИДМ пешбинӣ шуда буд. (марти1992)

Вакилону вазирони мӯҳтарам ин нуктаи бебаҳсро дарк накардаанд, ки фазои воҳиди иқтисодӣ, пули воҳид ва қувваҳои мусаллаҳи воҳид сифатҳои (атрибутҳои) давлати воҳид (унитарӣ) мебошанд ва дар сурати ба ин роҳ рафтан ҷумҳуриҳо дер ё зуд аз истиқлолияти худ маҳрум мешаванд ва ИДМ ба ин ё он шакл мумкин аст боз ба ҳамон империя табдил ёбад. Онҳо нахостанд бифаҳманд, ки Тоҷикистон бидуни қувваҳои мусаллаҳи худ, бидуни пули миллии худ ва дигар унсурҳои зарурӣ наметавонад давлати озоду мустақил бошад ва ногузир тобею вобастаи дигарон мегардад ва ҳама гуна равандҳои манфии иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии ҷумҳуриҳои дигар, аз ҷумла Русия, бевосита ба Тоҷикистон ҳам таъсири манфӣ мерасонанд.
(марти 1992)

Мансабдорони ҳизбию давлатии мо, аз фарти бесаводӣ, чунин пиндоштанд, ки ақли кулл ҳастанд ва фақат онҳо асрори ҳастиро медонанд ва аз роҳу равиши дурусти зиндагӣ огоҳанд. Танҳо онҳо медонанд, ки тарзи зиндагии ҷомеа бояд чӣ гуна бошад ва инсонҳо чӣ гуна кору фаъолият кунанд. Онҳо худро доҳиёну падарони халқу миллатҳо эълон намуда, ҳаққи роҳбарӣ кардану сухан гуфтанро бар худ мунҳасир карданд ва мардумро аз имконияти фикр кардану изҳори ақида кардан маҳрум сохта, маҷбур карданд, ки мисли рамаи гусфандон тобею итоаткор бошад, амру фармони роҳбарони роҳгумкардаро бе чуну чаро иҷро карда, ба ҳар ҷару пастие, ки ҳидоят кунанд, биравад. Онҳо кӯшиш карданд, ки халқро ба ғулом ё роботи зинда табдил диҳанд ва бояд иқрор шуд, ки кӯшишашон чандон бесамар набуд.
(майи 1992)

Агар мо пули миллии худро ҷорӣ накунем, пас чӣ гуна метавонем иқтисоди миллии худро танзим намоем ва онро аз таъсири манфии омилҳои беруна муҳофизат кунем? Кӣ тазмин карда метавонад, ки онҳо(Русия—Н.А) аз муҳимтарин омили (ричаги) иқтисодӣ – пули воҳид, аз ҳамон рубли коғазие, ки корхонаҳояш дар Русия (на дар Тоҷикистон!) воқеъ шудаасту шабу рӯз чоп мешавад, барои аз ҷиҳати иқтисодӣ варшикаст кардани Тоҷикистон ва тобеи худ сохтани он истифода намебаранд? Ҳеч кас! (марти 1992)

Агар мо урдуи миллии Тоҷикистонро ба вуҷуд наорем ва ба нигоҳ доштани Қувваҳои Мусаллаҳи воҳиди ИДМ розӣ шавем, пас ба кадом асоси ҳуқуқӣ ҷавонписарони Тоҷикистон, гражданинҳои як давлати мустақил дар давлати дигаре хидмати аскарӣ мекунанд? Кӣ кафолат дода метавонад, ки азаматталабони Русия, агар худо накарда ба сари қудрат бирасанд, барои пахш кардани истиқлолияти Тоҷикистон аз Қувваҳои Мусаллаҳ истифода намекунанд? Ҳеч кас!
(марти 1992)

Умеди некию дастгирии беғаразона доштан аз ҳукуматҳои бегона кори хатост. Ин аст, ки ҳамаи халқҳои ҷаҳон ҳамеша кӯшидаанд ва мекӯшанд, ки тобеъю вобастаи дигарон набошанд, ҳукумати миллию оқили худро дошта бошанд ва бар худ ва давлати худ такя карда, ояндаи худро худшон тайин кунанд ва бисозанд. Қавмҳое, ки тобеъю вобастаи дигаронанд, давлати миллӣ ва оқилу ғамхори худро надоранд ва бо ақли дигарон кор мекунанд, фарҷоми нек надоштанд ва нахоҳанд дошт. Инро таърих борҳо собит кардааст. Аз ҷумла, таърихи халқи мо.

Созмони Растохез созмони озодихоҳ буд. Ҳадафаш истиқлолияти кишвар буд, ки ин мурод ҳосил шуд. Баъдан низоъи дохилӣ шурӯъ шуд. Созмони Растохез барои истиқлолият, барои озодӣ талош кард, на барои қудрат. Ангезаи мавзӯъҳои баъдӣ, низоъи баъдӣ тақсими қудрат буд. Мо қудратталаб набудем.
(2004)

То ҷое тавонистем ба музокироти сулҳ мусоидат кардем ва кӯшиш кардем, ки ҳар чи зудтар ин муросо ва оштӣ ҳосил шавад. Шукри худованд, ин кор ҳам шуд. Аммо бояд гуфт, ки тайи ин солҳо дар ин кишвар мубориза барои қудрат буд. Пештар, ки ҳукумати Тоҷикистон қудрате надошт, салоҳияте надошт, ихтиёри он дар дасти Маскав буд. Пас аз он ки русҳо зоҳиран дасташонро аз ин ҷо кӯтоҳ карданд ва ба ҳоли худ машғул буданд, дар ин ҷо нерӯҳое барои талоши қудрат мубориза карданд. Мо озодӣ хостем, на қудрат.
(2004)

Дар авохири солхои 1989-90 дар Иттиҳоди Шуравӣ дигаргунихои бузурге рӯй дод ва ҷамохири собиқи шуравӣ дар садади он шуданд, ки ҳарчи зудтар истиқлоли худро эълом кунанд ва дар ин замина санадҳои ҳуқуқие таҳия карданд.

Дар Тоҷикистон низ як матни эъломия дар тобистони соли 1990 ба чоп расид, вале ба назари ман, ин санад истиқлоли Тоҷикистонро таъмин намекард, зеро онро ҳукуматдорон ҳамин тур беҳадаф ва намоишкорона таҳия карда буданд.
Ба ҳамин хотир, мо бо маслихати дӯстон дар созмони мардумии «Растохез» онро баррасӣ кардем ва ман эъломияи олтернотивие таҳия кардам, ки аз ду бахш иборат буд. Дар бахши аввал назароти интиқодии худро дар мавриди эъломияи ҳукумат навиштам. Дар бахши дувум, ки дар ҳудуди 25-30 модда иборат буд, ин мавзӯъро матраҳ кардам, ки Тоҷикистон ба унвони як давлати мустақил бояд чи гуна давлате бошад, чи тағйироте дар Қонуни Асосӣ ворид карда шавад ва ҳуқуқу озодиҳои инсон аз чӣ иборат бошад ва чӣ гуна бар мабнои қонун тазмин гардад ва низоми давлатдории мо чӣ гуна бошад.
Ин санадро таҳия кардем ва ба рӯзномаҳо пешниҳод кардем, вале мутаассифона аксарашон қабул накарданд, фақат муаллими мӯҳтарам, Мазҳабшо Муҳаббатшоев, ки он замон сардабири нашрияи расмии «Ҷумҳурият» буданд, пазируфтанду чоп карданд, мунтаҳо бахши интиқодии он ҳазф шуд ва бахши дувумаш чоп шуд. Баъдтар, ки ҷаласаи Шурои Олӣ баргузор шуд, дар он ҷо ҳар ду нусхаи эъломияи истиқлоли Тоҷикистон мавриди баррасии намояндаҳо қарор гирифт.
Равшан аст, ки он замон намояндаҳои порлумон аслан огаҳии чандоне аз мавзӯъ надоштанд, яъне пешопеш онро баррасӣ накарда буданд, андешаи солим ҳам нисбат ба ин эъломия надоштанд. Хамин тур омаданду раъй доданд. Вақти раъйдиҳӣ ба забони раиси маҷлис менигаристанд, агар вай мегуфт, ки «раъй бидиҳен», барои раъйи мувофиқ туг­маро пахш мекарданд ва агар мегуфт «на, қабул накунен», албатта раъйи мухолиф медоданд.

Мо бисёр баҳсу талошҳое кардем. Ба ҳар сурат ҳарду матн баррасӣ шуд ва дар ниҳоят як матни тоза таҳия шуд, ки махлуте аз матни ҳукумат ва чанд банд аз эъломияи истиқлоли созмони «Растохез» буд.
Ба ҳар сурат, ин матни тоза мавриди қабул ва ризояти ман набуд, ба ин хотир ки ҳарчанд дар баъзе масоили ҷузъӣ ҳуқуқу салоҳияти бештари Тоҷикистон пешбинӣ шуда буд, аммо рӯйиҳамрафта, ҳамон тобеъияти Тоҷикистон аз Маскав аз ҳар лиҳоз дар ин матн пешбинӣ шуда буд, яъне тағйироти куллие дар он дида намешуд.
Ба ҳамин хотир, ман баъд аз баҳсу талошҳои зиёд, варианти севуми эъломияи истиқлолро пешниҳод кардам. Албатта матне, ки мо пешниҳод кардем, нашр шуд ва он ҳаҷмаш калон буд, баъзе чизҳо муфассалан дар он оварда шуда буданд. Вале чун дигар фурсате набуд, ман дар як ҷумла мухтасар кардам, яъне чумлае навиштам, ки ҳама чизҳои дигар ба он вобаста буд ва пешниҳод кардам, ки бинависем: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мустақил, демукротик ва ҳуқуқбунёд аст».
Онро ба раъй монданд ва чун тоблу рӯшан шуд, диданд, ки ҳама раъйи мухолиф додаанд. Албатта, ман эътироз кардам, ки ҳадди ақалл ман, ки муаллифи ин пешниҳод хастам, бояд мухолифи худ раъй надода бошам.

Дар толор ханда баланд шуд, ман ки назди микруфун истода будам, пушти сарамро нигоҳ кардам ва маълум шуд намояндае, ки дар паҳлӯйи ман менишаст, ба ҷойи ман ҳам тугмаи мухолифро зер карда буд…
(марти 2006).

Як сол пас ман санади дигаре таҳия кардам, ки бисёр калонҳаҷм ва аз ду қисмат иборат буд.

Қисмати аввалаш дар бораи лағви созишномаи соли 1922, яъне созишномае, ки бар асоси он Иттиҳоди Шуравӣ бунёд шуда буд. Албатта, ин созишнома тақаллубӣ буд, зеро он замон касе назари мардумро напурсида буд, мардум ҳам аз он огоҳ набуданд, мунтаҳо чанде аз, ба истилоҳ, раҳбарони кишварҳо ҷамъ шуда ва онро имзо карда буданд.

Ба назари ман, бояд аввал ин санадро лағв мекарданд. Аз ин рӯ, матни созишномаи ҷадидеро дар бораи Иттиҳоди ҷадиди давлатҳои мустақил бо бандҳои зиёд ва бо тафсилоташ навиштам ва дар аввали соли 1991 ба рӯзномаҳо пешниҳод кардам. Вале ҳеч рӯзномае хозир нашуд онро чоп кунад. Ман матни русияшро ҳам таҳия кардам ва бо мактубе расмӣ ба Шурои Олӣ барои баррасӣ пешниҳод кардам.

Мутаассифона, дар Шурои Олӣ, ки моҳҳои апрел-май баргузор шуд, намояндагон ҷуръат накарданд, ки онро баррасӣ кунанд ва ҳамин тавр монд. Вале дар он солҳо, тибқи маъмул, ҳар ҳарфе, ки мо мегуфтем ва менавиштем, маъмурони кумитаи амният, ки сад дарсад дар хидмати Маскав буданд, онро дастрас мекарданд ва ба Маскав мефиристоданд. Баъдан аз ин санад, аз он чи ба Иттиҳоди Шӯравӣ марбут мешуд, дар охири он сол барои таҳияи баъзе асноди ҳуқуқӣ дар Маскав хеле истифода карданд.

Ба ҳар сурат як матни созишномаи ҷадид, ки аз Маскав таҳия шуда буд, ба Душанбе расид, мо онро баррасӣ кардем ва он ҳам ба назари мо ноқис буд ва ба ҳеч ваҷҳ истиқлоли комили кишварҳоро таъмин намекард. Мо назароти худро гуфтем ва талаб кардем, ки ин матн ҳам таҷдиду такмил шавад ва дар тобистони соли 1991 намунаи дигаре ҳам барои имзои сарони ҷамоҳири Шӯравӣ омода карданд.
Қарор буд ин санад 21 август имзо шавад, вале ду рӯз пеш ҳаводиси мавсум ба «ГКЧП» иттифоқ афтод. Чанде аз вазирон ва мақомоти дигари баландпоя (Михойил) Горбачевро бо роҳи кудето аз қудрат дур карданд. Мо ононро маҳкум кардем, вале бархе аз раҳбарони вақти Тоҷикистон аксҳои Горбачевро аз деворҳо барканданд ва ба Маскав барқияхо фиристоданд ва пуштибонии худро аз ин кудето иброз доштанд.

Мо рӯзи дигар бо иҷозаи шаҳрдорӣ тазоҳуроте эътирозӣ ба роҳ андохтем ва мардуми зиёде дар майдони марказии шаҳри Душанбе ҷамъ шуданд. Бар асари фишорҳои мардум, ки озодӣ ва истиқлол талаб мекарданд, Шӯрои Олӣ ҳам ҷаласаашро оғоз ва ин мавзӯъро баррасӣ кард.

Зимнан, мо чанд тан аз намояндаҳои маҷлисро ба Маскав даъват карданд ва мо дар ҳудуди 15-20 нафар барои ширкат дар анҷумани намояндагони миллатҳои Иттиҳоди Шу­ра­вӣ ба он ҷо рафтем. Пас аз бозгашт ба Душанбе дидем, ки дар майдон мардум ҳанӯз ҳам зиёд буданд ва талаби истиқлол мекарданд.

Дар ҷаласаи Шӯрои Олӣ ҳам машварату маслиҳатҳои зиёде байни ҳам радду бадал карданд ва билохира тасмим бар ин шуд, ки бале, дигар кишварҳо ҳама эъломи истиқлол карданд ва Тоҷикистон ҳам агар истиқлоли худро эълом кунад, хуб аст.
Ва ин корро ба раиси кумитаи ҳуқуқ ва қонунгузории Шӯрои Олии Тоҷикистон, мӯҳтарам (Нурулло) Ҳувайдуллоев, вогузор карданд. Эшон ҳам пешниҳод карданд, ки моддаи аввали Қонуни Асосии Тоҷикистон ислоҳ карда ва ба ин шакл навишта шавад, ки «Ҷум­ҳурии Тоҷикистон давлати демукротик, мустақил ва ҳуқуқбунёд аст».
Ҳамин як ҷумларо ман соле пеш пешниҳод кардам ва онҳо напазируфта буданд. Ин дафъа раиси маҷлис ҳам гӯё мойил буд, ки намояндаҳо раъйи мувофиқ диҳанд ва ҳама раъйи мувофиқ доданд ва якдигарро ба муносибати истиқлол табрик мегуфтанду хушҳолӣ мекарданд.

Ба мардуме ҳам, ки дар майдон буданд, ин хабарро расонданд ва онҳо ҳам хеле хушҳол шуданду якдигарро ба оғӯш мегирифтанд ва нидоҳои «Зинда бод Тоҷикистони мустақил!» ва «Озодиву истиқлол!» ва гайра баланд шуд.

Ин рӯйдод 9-сентябри соли 1991 иттифоқ афтод, яъне як сол баъд аз он ки эъломияи нахустини истиқлол пазируфта шуда буд, эъломияе, ки хом буд ва мо бо муҳтавои он мувофиқ набудем. Ва дар ин як сол намояндагони давлат ва порлумон тақрибан фаромӯш карда буданд, ки санаде ба номи эъломияи истиқлол тасвиб шуда буд. Мунтаҳо тафовут ин буд, ки ин бор моддаи аввали Қонуни асосиро низ тагйир доданд ва ин шуд эъломияи истиқлоли Тоҷикистон ва аз он баъд мо ба масобеи як давлати мустақил зуҳур кардем.

Албатта, ҳазорон нафар дар хиёбонҳо аз он рӯйдод истиқболи гарм карданд ва бо хуш­ҳолӣ онро пазируфтанд, мунтаҳо ҳукуматдорон аслан сарфаҳм нарафта буданд, ки Тоҷикистон ба масобеҳи як давлати мустақил чӣ маънӣ дорад ва чӣ гуна бояд ин давлатро сохт.

Дар гузашта метавон гуфт, ки Тоҷикистон моҳиятан ба масобеҳи вилояте аз давлати воҳиди Русия буд. Ба истилоҳ ҷумҳуриҳое, ки шомили он буданд, тақрибан ба масобеҳи вилоятҳои Сибериё ё қисматҳои дигари Русия шинохта мешуданд ва як қудрати бузурги идорӣ бо сарварии Ҳизби кумунисти Иттиҳоди Шуравӣ мамлакатро идора мекард.

Албатта, кудетои маъруф ба «ГКЧП» натиҷаи бадтар дод. Онҳое, ки дар ин кудето даст доштанд, намехостанд, ки созишномаи ҷадиде ба имзо бирасад ва сохтори идораи кишвар тағйир кунад.
Онҳое, ки хоҳони истиқлоли бештари ҷумҳуриҳои худ буданд, аз ин рӯйдод ба ҳарос омаданд ва фаҳмиданд, ки бо Маскав хеч гуна созише наметавонад сурат бигирад. Ва онҳо умедҳои охирини худро канданд ва ба зудӣ чанд ҷумҳурӣ пайиҳам истиқлоли худро эълом карданд.

Озарбойҷонио ҳам, ки як намояндаашон бо ман шинос буд, муроҷиъатномае аз номи мардум ва ҳукумат ва неруҳои демукротики Озарбойҷон ба халқи шарифи Тоҷикистон ва ҳукумат ва Шӯрои Олии Тоҷикистон оварданд ва дар он омада буд, ки «Шумо аз кӣ камед? Шумо ҳам як миллати қадимӣ ва бисёр бофарҳанг ҳастед ва бояд истиқлоли худро эълом кунед ва мустақил бошед». Ман ин номаро ба раҳбарони Тоҷикистон супурдам, онҳо хонданд ва рӯҳияи онҳо низ тағйир кард.
Бо ин ҳол, пас аз эъломи истиқлол низ мақомот дарк накарданд, ки чӣ шуд. Охир як давлати дигаре ба вуҷуд омад, давлате, ки дар замони Шӯравӣ ноқис буд ва ҳоло бояд ҳамаи аркони ин давлатро дар зудтарин фурсат месохтанд.

(2008

Моҳҳо гузаштанд ва ҳатто соле ҳам сипарӣ шуд(солҳои 1991 ва 1992--Н.А), вале давлат ва раҳбарони Тоҷикистон аслан гӯё ёдашон рафта буд, ки ҳоло бояд ҳамаи аркони ин давлатро дар зудтарин фурсат месохтанд. Онҳо ба тақсими мансаб машгул шуданд ва метавон гуфт, ки муддати зиёде дар Тоҷикистон ҳукумат набуд.

Онҳо аслан фаромӯш карда буданд, ки ин дигар як давлати мустақил аст ва дар назди мардум барои чигунагии давлату давлатдорӣ, пешрафти иқтисодию сиёсии кишвар мас­ъул аст. Ҳеч коре накарданд, ки дар зудтарин фурсат аркони як давлати мустақилро бисозанд.
(2008)

Мутаасифона, кор ба онҷо расид, ки як сол пас Тоҷикистон ноором шуд. Неруҳои мухталиф рӯйи кор омаданд ва ҳадафашон мансаб буд.Дар ин таҳаввулот, албатта, нақши Русия ва Ӯзбакистон зиёд буд. Соли 1992 дар Хуҷанд, вақте ки ҷаласаи Шӯрои Олӣ баргузор шуд, маълум буд, ки нооромиҳои бештаре дар пеш аст, зеро метавон гуфт вилояти Ленинобод (Суғди кунунӣ)-ро неруҳои Русия ва Ӯзбакистон ғасб карда буданд.

Дар он ҷо танкҳову неруи ОМОН ва лашкариёни ин ду кишвар роҳҳоро баста буданд, гӯё ба хотири таъмини амнияти ҷаласаи Шӯрои Олӣ, вале дарвоқеъ сохтмоне, ки дар он ҷаласа мегузашт, ба ду бахш, байни Русия ва Ӯзбакистон, тақсим шуда буд ва неруҳои хориҷӣ раванди ҷаласаи Шӯрои Олии Тоҷикистонро кунтрул мекарданд.
(2008

Дар ин миён, аз телевизиюн дидам, ки ба Душанбе бо танку тӯпҳо аз Ӯзбакистон ворид шуданд. Яъне вақте ки президенти имрӯза (Эмомалӣ Раҳмон) раиси тозаи маҷлис интихоб шуд, ман хабар ёфтам, ки мардум дар Душанбе бо гулдаста ба истгоҳи роҳи оҳан рафта буданд, ки аз ӯ пешвоз бигиранд. Вале инҳо як ҳафта пас бо танку тӯпҳо аз Ӯзбакистон ба Тоҷикистон ворид шуданд ва ҷанг огоз шуд.
Мутассифона, касе интизори ин чизҳоро надошт. Вале бархурдҳо оғоз шуд ва дар зимистону баҳори соли 1993 ҳавопаймоҳои ҷангии Ӯзбакистон ва танкҳои Русия бо шиддати бештаре ба саркӯбии неруҳои озодихоҳи Тоҷикистон шурӯъ карданд.
Албатта, тарҳи инро пештар кашида буданд ва пас аз он ки оқои Раҳмонуф раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шуд, дафъатан ҷаласа мутаваққиф шуд ва ӯ ба шаҳри Тирмиз, дар ҷануби Ӯзбакистон, рафт ва дар он ҷо музокироти маҳрамонаи Русия, Ӯзба­кистон ва раҳбари ҷадиди Шӯрои Олии Тоҷикистон баргузор шуд. Онҳо нақшаҳои пеш­тари худро мисли ин ки як бори дигар чек карданд ва гуфтанд, ки ҳамин тур бояд идома бидиҳанд.Ба ин тартиб, чанд соли дигар низоъи байни манотиқи мухталифи Тоҷикистон, яъне ҷанги шаҳрвандӣ идома ёфт.
(2008)

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки 15 сол пеш аз ин эълон шуд, натиҷаи муборизаҳои миллӣ-озодихоҳии халқҳои Шӯравӣ, аз ҷумла талошҳои озодихоҳони тоҷик буд. Ҳадафи ин муборизаи озодихоҳони тоҷик иборат буд аз таъмини соҳибихтиёрии халқи тоҷик, то ин ки мардуми ин кишвар битавонад забону фарҳанг ва ҳуввияти миллии худро ҳифз кунад ва ба худшиносию худсозӣ бипардозад, ҷомеаи озод бисозад, назму низоми одилонатар ва зиндагии беҳтарро барои ҳамаи мардуми кишвар таъмин намояд. Албатта, барои расидан ба ин ҳадафҳои бузург замони зиёд лозим аст. Хусусан, дар шароити кишвари ақибмонда. Вале 15 сол ҳам муддати каме нест. Дар ин муддат бисёр кишварҳои шӯравии пешин, ба вижа кишварҳои Балтик ва Аврупои Шарқӣ, ба дастовардҳои бузург ноил шуданд. Онҳо тавонистанд пояҳои давлати миллии худро таҳким бахшанд, ислоҳоти бунёдиро амалӣ кунанд ва пешрафти иқтисоду болоравии зиндагии мардумро таъмин намоянд.

Аммо дастовардҳои Тоҷикистон чи гунаанд? Вазъият дар ин ҷо якранг нест, хело печидатар аст. Аз як сӯ, дигаргуниҳои мусбат рӯнамо шудаанду мешаванд, аз сӯи дигар, мушкилоти фаровоне вуҷуд дорад. Сабаб, пеш аз ҳама, дар он аст, ки дар ин ҷо ба иллати пойин будани сатҳи маърифати сиёсии мардум ҳадафҳои дар боло зикршуда дуруст дарк ва фарогир нашуда буданд. Бинобар ин, бисёриҳо, ба вижа табақаи ҳоким, яъне коммунистон ва ҳукуматдорони кишвар, на танҳо барои истиқлолияти халқу Ватан талош накарданд, балки мухолифи он буданд. Ин ихтилофи назарҳо мояи низоъҳои баъдӣ шуданд.
(2006)

Ба ҳукумати мо лозим аст, ки ҳарчи зудтар аз идеяи ношудании Қувваҳои Мусаллаҳи воҳид даст кашида, Вазорати мудофиа ва Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро ба вуҷуд орад, тамоми қисмҳои ҳарбии дар хоки Тоҷикистон воқеъ шударо (ба шумули кувваҳои сарҳадӣ) бо ҳамаи таҷҳизоту лавозимоташон ба ихтиёри худ гирад. Ҳамчунон масъалаи тақсим намудани лавозимоти ҳарбии собиқ ИҶШС, хусусан техникаи ҳарбӣ ва яроқу аслиҳаро якҷоя бо ҷумҳуриҳои дигар ҳал намояд ва ҳаққи худро ба даст орад.

Созишномаи ҷадидро дар мавриди ҳамкории Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои тозабунёди шомили ИДМ ва дифои муштарак аз таҷовузи нирӯҳои ғайр тартиб ва имзо намояд.

Лозим аст, ки қонунҳои зарурӣ дар бораи фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва хидмати аскарӣ, аз ҷумла дар бораи хидмати алтернативӣ тартиб ва тасдиқ гардад.
(марти 1992)

Мансабдорони мо дар бораи зарурати нигоҳ доштани урдуи воҳиди ИДМ ҳарф мезананд, дар ҳоле ки мардум намехоҳанд, ки фарзан­до­на­шон ба давлатҳои дигар ба аскарӣ фиристода шаванд ва аз он ҷо мурда­ашонро биёранд. Пас ба ҳукуматдорони мо кӣ иҷозат додааст, ки бе маслиҳати мардум он санадҳоро имзо кунад ва ба ақли маҳдуди худ тақдири халқро ҳал кунанд?

Ин худсариҳо то ба кай? То ба кай мо қонуншикании ҷоҳталабонро таҳаммул мекунем? То ба кай манфиатҳои миллии мо, озодию истиқлолияти Ватани мо қурбони манофеи мансабдорони бемаърифату манқуртони шикампараст мегардад?
(марти 1992)

Русияю Ӯзбакистон, ки озодии халқи тоҷикро намехостанд, аз ихтилофоти дохилӣ, яъне маҳалгароию ҷоҳталабии баъзе гурӯҳҳо хеле моҳирона ба суди хеш истифода карданд ва кор ба «ҷанги дохилӣ» кашида шуд. Дар натиҷа бо дастгирию иштироки бевоситаи Русияю Ӯзбакистон бо истифода аз аносири ҷиноӣ озодихоҳон саркӯбу парешон карда шуданд ва мухолифони истиқлолият дар сари қудрат монданд. Фақат мақому мансабҳои давлатӣ ба суди намояндагони манотиқи ҷанубӣ аз нав тақсим шуд. Ҳукумати «нав»-и Тоҷикистон ҷонибдори «барқарор кардани СССР» ва «шикастани камари демократия на танҳо дар Тоҷикистон, балки ҳамчунон дар Русия» буд, вале шароит дигар шуда буд: истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳанӯз як-ду сол пеш, дар замони ҳукумати «кӯҳна» эълон шуда буд ва СССР ҳам дигар вуҷуд надошт.
(2006)

Ҳадафи Ӯзбакистон саркӯб кардани озодихоҳони тоҷик дар Тоҷикистону Ӯзбакистон ва зери фармони худ гирифтани ҳукумати Тоҷикистон буд. Аммо ҳадафи Русия ин буд, ки худаш ба ҳукумати Тоҷикистон лаҷом занад ва дар фурсати муносиб Тоҷикистон ва ҳам Узбакистонро ба яке аз вилоёти худ табдил диҳад. Русия, ки тавону имконоти бештар дошт, тавонист, ки Тоҷикистонро «ба зери боли худ бигирад» ва ин боиси тира шудани муносиботи Ӯзбакистон бо Тоҷикистону Русия шуд. Ин аст, ки ҳукумати Тоҷикистон таи солҳои 90 барои таҳкими истиқлолияти кишвар накӯшид ва амалан ба протекторати Русия табдил ёфт. Қонуни истиқлолияти Тоҷикистон «устухон дар гулӯйи» ҳукуматдорон шуда буд. Аммо мақомдорон бо гузашти замон ва ҳосили муросои миллӣ камкамак маззаи «ҳукумат»-ро чашиданд ва аз ҳаваси пайвастан ба Русия оҳиста-оҳиста дур шуданд.
(2006)

Дар гуфтори ҳукуматдорон арҷгузорӣ ба истиқлолият ва гароиш ба арзишҳои миллӣ ва таваҷҷӯҳ ба таърихи халқи тоҷик бештару бештар шудааст. Мухолифони истиқлолият ва забону фарҳанги мо акнун истиқлолиятро бо тантанаю шукӯҳ ҷашн мегиранд, рақсу пойкӯбиҳо мекунанд. Илоҳо, шукр. Худо кунад, ки ин нидои дили онҳо бошад, на бозиҳои сиёсӣ ва суханпардозиҳои авомфиребона. Агар чунин бошад, ин ҳам яке аз дастовардҳои муҳими истиқлолият аст. Ва аз ин рӯҳи поки онҳое, ки барои истиқлолият ҷонбозиҳо карданд ва аз дасти душманони истиқлолият ба зери хок рафтанд, шод хоҳад шуд ва онҳое, ки барои озодии халқу ватан умри худро сарф карданд ва имрӯз дар хоки ғурбат афтодаанд, шод хоҳад шуд. Зинда бод озодӣ, поянда бод Ватани озод! «Мо набошем ҳам, мешавад».
(2006)

Назму низомҳои сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодие, ки мо доштему дорем, ба хеҷ ваҷҳ хирадпазир набуданду нестанд. Дар тӯли садаҳо дар сарзамини мо режимҳои худкомаю истибдодӣ ва ҳукуматҳои истеъморию тоталитарӣ ҳукмфармо буданд. Муносиботи байни табақаи ҳоким ва мардум муносиботи хоҷагию бандагӣ буд. Дуруст аст, ки дар замони Шӯравӣ пешрафтҳою дигаргуниҳои ҷиддӣ рӯнамо шуданд: Тоҷикистон ҷумҳурӣ (республика) эълон шуд ва ҳатто «соҳиби» Қонуни Асосӣ гардид. Вале, мутаассифона, инҳо бештар дар рӯи коғаз буданд. Амалан, дар Тоҷикистон на Қонун, балки афроди дастнишондаи Маскав ҳукумат мекарданд. Мансабдорони мо зери фармони Маскав буданду фармонравои мардуми Тоҷикистон.
(2005)

Масъалаи асосӣ – масъалаи чигунагии ҳукумат ва муносибати он бо афроди ҷомеа, муносибати байни мардум ва соҳибони қудрат (ба русӣ «власть», анг. «Power»), пеш аз ҳама қудрати сиёсӣ ва иқтисодӣ аст. Мавзӯъи чигунагии ахлоқи ҷомеа низ ба андозаи зиёд ба ҳукумат бастагӣ дорад. Ҳукумат метавонад омили муҳими парваришу густариши ахлоқи накӯ ва адлу дод дар ҷомеа бошад, ё баръакс, мумкин аст сарчашмаи фасоду бадкирдорӣ бошад. Ин ба сатҳи маърифати ҳукуматдорон ва ҷомеа вобаста аст. Рӯиҳамрафта, қудрат гароиш ба фасод дорад. Ба гуфтаи Лорд Актон, «қудрат фасод меофарад, қудрати мутлақ – фасоди мутлақ». Аз ин рӯ, масъалаи маҳдуд кардани ҳукумат ва зери назорат қарор додани фаъолияти он ҳамеша муҳим буда ва ҳаст.
(2005)

Агарчи истиқлолият ҳанӯз комил нест ва аз бисёр ҷиҳат дар рӯи коғаз мондааст ва душманонаш ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар кам нестанд, вале имконияте ҳаст барои ҳифзи забону фарҳанг ва ҳувияти миллии мо, заминаест барои пешрафти иқтисодию сиёсӣ ва шарти ободии Ватани мо. Ба воқеъият табдил додани ин имконият, пеш аз ҳама, ба сатҳи маърифату огоҳии мардум ва ҳукумати мо вобаста аст. Мутаасифона, сатҳи огаҳии ҳукумат ва мардуми мо ба андозаи кофӣ баланд набуд ва ҳоло ҳам ба пояи лозим нарасидааст. Аз ин рӯ, на ҳама барои истиқлолияти кишвар талош карданд. Гузашта аз ин, аксари коммунистон ва ҳукуматдорони кишвар мухолифи истиқлолияти Тоҷикистон буданд. Бисёриҳо масъалаи асосӣ, яъне таъмини истиқлолияти кишварро, канор гузошта, ба талоши қудрат ва тақсими ҷоҳу мол пардохтанд.
(2006)

Ҳарчи зудтар масъала дар бораи табааи Тоҷикистон, ҳуқуқу озодиҳои онҳо, аз ҷумла рафту омади озоди шаҳрвандон ба кишварҳои хориҷӣ ҳал гардад ва шартҳои пазируфтани ашхос ба шаҳрвандӣ ва вазифаҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ муайян шавад. Зимнан муқаррар гардад, ки ҳар як шаҳрванд метавонад фақат табааи як давлат бошад.
(марти 1992)

Агар баъзе аз давлатҳои қудратманди ИДМ аз мавқифи зӯроварию табъиз баромад кунанд, ҳуқуқу озодиҳои дигаронро эҳтиром накунанд, аз тариқи нарху наво ва омилҳои дигари иқтисодӣ роҳи фишор овардану фоида кашиданро пеш гиранд, дар он сурат, ИДМ ояндаи нек нахоҳад дошт ва Тоҷикистон аз узвияти он бояд даст кашад. Ва умуман, ҳар як мавзӯе, ки ба сарнавишти миллати мо дахл дорад, аз ҷумла масъалаи дохил шудан ба ИДМ, бояд фақат тавассути худи халқ ва бо розигии ӯ ҳаллу фасл шавад.
(марти 1992)

Фақат халқи тоҷик ҳақ дорад муайян кунад, ки дар Тоҷикистон чӣ гуна назму низом бошаду чӣ гуна давлат, бо кадом давлат паймони дӯстию хамкорӣ бандаду бо кадомаш не, бо кӣ ҳамроҳ шаваду аз кӣ – ҷудо. Чунин ҳақро на ҳукуматдорон доранду на коммунистон ва на созмонҳою аҳзоби дигаре. Ҳар қонуну қароре ё муоҳидае, ки бе розигии халқ қабулу имзо шуда бошад, эътибор надорад. Созишномаи соли 1922 дар бораи таъсиси СССР барои халқи тоҷик ғайриқонунӣ ва беэътибор буд, зеро аз халқ напурсида буданд, ки Тоҷикистон ба он (СССР) ҳамроҳ шавад ё не.

Созишномаи ИДМ бе маслиҳати мардум имзо шуд ва ШО Тоҷикистон «нархи сабзию пиёзро напурсида» онро тасдиқ кард
(марти 1992)

Тавтеъаҳои душманон ва ихтилофоти байни маҳалҳо корро ба ҷанги дохилӣ кашонд ва боиси саркӯбу парешон шудани озодихоҳони тоҷик гардид. Дар натиҷа бо кӯмаку мудохилаи мустақими бевоситаи Русия ва Узбакистон ба сари қудрат ашхоси тасодуфӣ ва чаласаводу нолоиқе расиданд, ки ба ҷуз ҷоҳу мол ҳадафе надоштанд. Онҳо намедонистанд, ки барои таҳкиму таъмини истиқлолияти миллӣ ва пешрафти иқтисоди кишвар чӣ корҳоро бояд кард ва чӣ гуна бояд кард. Ин амр боис шуд, ки раванди иҷоди пояҳои давлати миллӣ хело тӯл кашид. Фурсати гаронмоя аз даст рафт ва кишвар талафоти зиёдро мутаҳаммил шуд.
(2006)

Як омили муҳими дигар, ки таҳкими истиқлолияти Тоҷикистонро мушкил месозад, иборат аз сатҳи поини фарҳанги сиёсии тӯдаҳои васеи мардум мебошад.
Аксари мардуми мо аз дарки амиқи масоили давлату давлатдорӣ ва моҳияти тағйироти сиёсии рухдода ва сабабҳои он хеле дуранд. Онҳо манофеи миллии худро ҳанӯз нашинохтаанд ва огаҳ нестанд, ки яке аз иллатҳои асосии бадбахтиҳои мо, касоди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии мо – дар тобеияту вобастагии ҷумҳурӣ ва ҳукмравоии низоми тоталитарӣ мебошад. Онҳо ба хубӣ дарк накардаанд, ки шарти асосии мавҷудияту бақои миллат ва тараққию пешрафти он – истиқлолияти давлатӣ ва озодию баробарҳуқуқии афроди ҷомеа мебошад. Онҳо огоҳ нестанд, ки соҳиби давлат ва манбаи қудрати давлатӣ худи халқ мебошад ва усулан давлат бояд дар хидмати халқ бошад, на халқ дар хидмати давлат.
(марти 1992)

Агар ҳукумат саропо аз кадрҳои донишманд, огоҳ ва ватандӯст иборат набошад, ки ба як нақша амал кунанд, барномаҳо наметавонад амалӣ шавад. Ҳарфи хуб гуфтан, хайрхоҳ будан як чиз аст, амал кардан кори дигар аст.
(2006)

Ҳукумат бояд битавонад, ки ҳамеша худро нав кунад. Яъне касоне, ки дар сари ҳукумат ҳастанд, бояд барои пешрафти низом кӯмак кунанд. Ҳукумат бояд мардумро аз пайи худ бибарад, вақте ҳукумат аз мардум ақиб монд, он ҳол боиси норозигӣ мешавад. Мутаассифона, ҳукуматдорон ин корро намекунанд, балки баръакс мехоҳанд, ки вазъи ба вуҷуд омадаро косерватсия кунанд.
(2006)

Зимнан, мавзӯи муҳим аст, ин нирӯгоҳҳо (Аз ҷумла, неругоҳи Роғун -- Н.А)бояд ҳатман моликияти халқи Тоҷикистон бошанд ва дар ихтиёри ҳукумати кишвар бимонанд. Соҳаи энергетика ва корхонаҳои муҳими иқтисоди Тоҷикистон бояд моликияти мардуми Точикистон ва ҳукумати кишвар бошанд. Онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ набояд моликияти афрод ва ё ширкатҳои дигар кишварҳо шаванд. Агар ин нирӯгоҳҳо ва корхонаҳо моли Точикистон ва дар хидмати Тоҷикистон набошанд, кишварро вобаста ва дастнигари дигарҳо месозанд. Набояд фаромӯш кард, ки истиқлолияти иқтисодӣ ва соҳибихтиёрии иқтисодии Тоҷикистон барои мо муҳимтарин арзиш аст. Ин танҳо ақидаи ман нест, балки тамоми кишварҳои ҷаҳон чунин сиёсатро пеш гирифтаанд ва ҳамаи ҳукуматҳо мекӯшанд, ки муҳимтарин корхонаҳои иқтисоди кишварашонро дар ихтиёри худ нигаҳ доранд, то битавонанд сиёсати иқтисодию иҷтимоии худро мустақилона амалӣ кунанд ва мӯҳтоҷу дастнигари бегонагон набошанд.
(2007)

Бузургтарин дастоварди Тоҷикистон – ҳамоно соҳиб шудан ба истиқлолияти давлатӣ аст. Зеро он, озодию истиқлолият, волотарин арзиш ва муҳимтарин ҳадафи инсонҳо мебошад. Он оғози марҳилаи тозае дар таърихи навини мо аст. Агарчи истиқлолияти кишвар ҳанӯз комил нест, вале он имконияти бузургест барои ҳифзи забону фарҳанг ва ҳувияти миллии мо, заминаест барои худшиносию худсозӣ, барои пешрафти иқтисодию сиёсӣ ва ободии Ватани мо. Умед аст, ки ҳамзамон бо боло рафтани сатҳи маърифату огоҳии мардум ва рӯи кор омадани як ҳукумати солеҳи мардумӣ ин имкониятҳо ба воқеъият табдил хоҳанд шуд.
(2006)

Бохтҳои Тоҷикистон иборатанд аз:
1. Таназзули шадиди иқтисоди кишвар ва густариши нобаробариҳои иҷтимоӣ ва фақру бенавоӣ.
2. Густариши бекорӣ ва муҳоҷирати мардум ба кишварҳои дигар. «Фирори ақлҳо» аз кишвар ва таъсиру пайомадҳои манфии он.
3. Ба сари ҳукумат омадани афроди чаласаводу бесавод.
4. Таназзули системаи маориф ва пойин омадани сатҳи дониши шогирдон дар макотибу донишгоҳҳои кишвар.
5. Пойин омадани сатҳи фарҳангии ҷомеа ва беқадр шудани арзишҳои волои инсонӣ.
6. Густариши фасоди ахлоқию иҷтимоӣ, ришвахорӣ, танфурӯшӣ, дурӯғу риё.
7. Ривоҷ ёфтани қонуншиканиҳо, ҷурму ҷиноят ва бебандубориҳо дар ҷомеа.
8. Низои дохилӣ ва талаф шудани даҳҳо ҳазор мардуми мулкӣ ва хисороти молӣ.
9. Шадидан вобастаи сиёсию иқтисодии Русия шудани Тоҷикистон.
10. Тира шудани робитаҳои сиёсӣ бо Ӯзбакистон ва мушкил шудани рафту омади мардум аз тариқи он кишвар.
11. Ислоҳоти ноқису кӯркӯронаю тақлидкорона ва бедодгаронаи иқтисодию иҷтимоъӣ дар кишвар.ва густариши фақру бенавоӣ.
12. Ривоҷ ёфтани нобоварӣ ба дастгоҳу ниҳодҳои давлатӣ, ба муассисоти молӣ ва системаи бонкӣ.
13. Густариши хӯю рафтори ғуломона, маддоҳию чоплусӣ ва буттарошӣ.
14. Номуташаккилӣ. Роҳандозии зиндагӣ бо шеваи шӯравӣ.
15. Тоҷикистон давлати мустақилу демократию ҳуқуқбунёд эълон шудааст, вале аз демократияю ҳуқуқ дараке нест. Мустақилият низ орзӯ аст.
(2006)

Ҳама гуна мубориза (амал) ҳадафе дорад. Муваффақ ё номуваффақ будани амалро аз рӯи он арзёбӣ мекунанд, ки натиҷаи амал то чи андоза ба ҳадафи он мувофиқ аст. Ҳадафи муборизаҳои миллӣ-озодихоҳӣ иборат аз 1. касби истиқолияти давлатӣ, яъне раҳо шудан аз султаи бегонагон. 2. иҷоди ҷомеаи озоду обод, назму низоми одилонатар ва таъмин намудани пешрафти иқтисод ва зиндагии беҳтари мардум аст.
(2006)

Онҳое, ки аз мақсаду мароми мо огоҳанд, хуб медонанд, ки мо ҳеҷ гоҳ мансабхоҳ набудем ва нестем. Ман ҳеҷ гоҳ майли кор кардан дар дастгоҳи ҳукуматро надоштам ва имрӯз ҳам надорам. Талоши мо барои он буд, ки ҳамаи мо дар як хонаи муштараке бо номи Тоҷикистон зиндагӣ кунем. Ман ва бисёре аз равшанфикрони тоҷик мехостем, ки дар кишварамон адолату ободӣ бошад. Фасоду палидиву ҷинояткорӣ набошад. Дар ҷомеъа инсон мақоми аз ҳама болотарро дошта бошад ва ҳар кас мисли инсони озод ва соҳибихтиёр зиндагӣ кунад. Аммо шарти аввали озодии афроди ҷомеъа таъмин намудани соҳибихтиёрии халқ аст. Халқи мо аз соҳибихтиёрӣ маҳрум буд. Тоҷикистон як вилояте буд дар як давлати унитарӣ. Аз ин рӯст, ки мо барои ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва рушди фарҳанги миллии худ кушидем. Бино бар ин ҳаракати мо ба монанди ҷумбишҳои озодихоҳонаи ҳамаи халқҳои собиқ Шӯравӣ як ҳаракати миллӣ-озодихоҳӣ буд.
(2000)

Дурӯғгӯию фиребгарӣ ва қонуншиканию риёкорӣ шеваи маъмули аҳли сиёсат аст. Аз ин рӯ, соҳибназарон гуфтаанд, ки сиёсат палиду ҳокимон ҷинояткоранд. Ҳукуматхоҳию қудратталабӣ хислати ашхоси палиду ваҳшӣ аст, зеро ҳисси ҳукумат кардан бар дигарон бархоста аз ғариза (инстинкт) аст ва ғариза хоси зинаи ҳайвонӣ аст, на вижагии инсонҳои бохирад. Танҳо афроди фурӯмоя ва ҷинояткор, онҳое ки на аз рӯи хиради инсонӣ, балки аз рӯи ғаризаи ҳайвонӣ амал мекунанд, дар талаби мансабу қудрат мегарданд, зеро мақсадашон фармонравоӣ бар дигарон ва дуздию ғорат кардани моли мардум аст.
Бинобар ин, бузургони мо ҳокимонро «дузд» ва молашонро «ҳаром» хондаанд. Аттори Нишопурӣ низ моли дунёро «мурдор» ва ҳукуматдоронро «лошахӯр» номида, гуфтааст, ки «лошахӯр худ бадтар аз мурдор аст». Донишманди Фаронса Жозеф Прудон ҳам навиштааст, ки «моликият амволи дуздӣ аст ва моликон ё дузданд, ё бачаи дузд».
Танҳо дар ҷомеаи озод, дар ҷое ки инсонҳои озоду сарбаланд ва бомаърифат зиндагӣ мекунанд, хукумат ҳам ранги дигар хоҳад дошт ва вазоифи худро дар ҷиҳати таъмини ҳуқуқу озодиҳои афроди ҷомеа ва ободию амнияти кишвар ба таври шоиста метавонад иҷро кунад.
(2005)

Албатта, ман фикр намекунам ормонҳое, ки мо дар мавриди истиқлоли Тоҷикистон дар авоили даҳаи 1990 доштем, сад дарсад ба даст омада бошад. Аслан истиқлоли давлати Тоҷикистон, ки мо баҳри он талош кардем, барои ин буд, ки мардум озод бошанд.

Яъне шарти аввали озодии мардум истиқлоли давлат аст, яъне агар давлат озод бошад, мардум озод мешаванд, дигар касе аз берун бар мо намегӯяд, ки «шумо ин ҷо бираведу он ҷо биншинед» ва бар мардуми мо андешаҳои худро таҳмил намекунад. Давлат дигар сохибихтиёр аст ва худаш метавонад назму низоми одилонаю дурусте ва ё роҳҳои пешрафти иқтисодии худро таъйин кунад ва ба масири пешрафт ворид шавад.

Мутаассифона, пас аз эъломи истиқлоли Тоҷикистон мақомот ба ин роҳ нарафтанд ва мардум озод нашуданд, истиқлол дар рӯйи коғаз ҳосил шуд, вале давлати Тоҷикистон амалан озод нашуд, зери таъсири неруҳои беруна, хусусан Русия ва Ӯзбакистон буд.

Ва мардум ҳам озод нашуданд. Ин буд, ки иқтисоди кишвар на танҳо пешрафт накард, балки рӯ ба таназзул ниҳод ва мачмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон тақрибан дувуним-се баробар камтар шуд ва вазъият бадтар шуд.

Ва ҳатто имрӯз пас аз гузашти ин қадар сол мардум худро ҳанӯз ҳам озод ҳис намекунанд, тарс доранд ва мудохилаи давлат дар умури иқтисодӣ ҳамчунон ба мушоҳида мерасад.

Агарчи эълом карданд, ки Тоҷикистон ба низоми иқтисоди бозорӣ мегузарад ва ислоҳоте ҳам дар ин замина анҷом доданд ва давраи гузариш ҳам сипарӣ шуд, вале ҳукумат ҳамчунон ба шеваҳои хоси даврони Шӯравӣ амал мекунад.
Мақомот дар кори мардум, дар умури кишоварзон ва муассисоти санъатӣ мудохила мекунанд ва гуна-гуна мушкилот ва мавонеъ барои пешрафти иқтисодӣ эҷод мекунанд. Ин амр шароитеро, ки барои пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоъӣ ва фарҳангии Тоҷикистон лозим аст, ба вуҷуд намеорад, балки садди роҳ шудааст.
Бо камоли таассуф метавон гуфт, ки имрӯз ҳам дар Тоҷикистон он чизҳое, ки мо мехостем, яъне озодии кишвар, озодии инсонҳо ва озодии афроди ҷомеъа, ба таври комил ба даст наёмадааст.
(2005
XS
SM
MD
LG