Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"ҲНИТ-ро ба провокатсия тела доданианд"


Муҳаммадалии Ҳаит
Муҳаммадалии Ҳаит

Раёсати ҲНИТ ба шахсоне, ки дар дарёфти ҳамлагарони Маҳмадалӣ Ҳайит кӯмак мекунанд, 10 ҳазор доллар ҷоиза ваъда кард.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ дар нишасти хабарии рӯзи 22 апрел, ки бо иштироки гурӯҳи хабарнигорон ва намояндагони бархе аз сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ дар дар Душанбе баргузор шуд эълон кард, ки барои кӯмак дар ошкор кардани ҳувияти афроде, ки ба фаъоли ҳизб ҳамла кардаанд, 10 ҳазор доллар хоҳанд дод.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:49 0:00
Линки мустақим


Ҷаноби Кабирӣ гуфт таҷриба нишон дод, ки дар пайдо кардани омилони қатли яке аз пайвандони президент таъйини ҷоиза кӯмак карда буд ва бинобар ҳамин онҳо аз мақомоти интизомӣ хоҳиш доранд, дар мавриди қазияи Маҳмадалӣ Ҳайитов аз ҳамин тартиб кор бигиранд.

Ҳамла ба муовини раиси ҳизбро Кабирӣ «ба тавтеъа тела додани ҲНИТ» арзёбӣ карда гуфт, ташкилкунандагони ҳамла бо ин роҳ мехостанд ҲНИТ як вокуниши шадид нишон диҳад: «Аммо нафароне, ки чунин фикр мекунанд наҳзатро нашинохтаанд. Сабри ҲНИТ барои амнияти миллати тоҷик беҳудуд аст. Мо то замоне сабр хоҳем кард, ки ҷониби фишороранда аз амалҳои хеш шармаш ояд.»

Ба таъкиди Кабирӣ, ҳамлагарони Маҳмадалӣ Ҳайит ба эҳтимоли зиёд тоҷикистонӣ ҳастанд, вале дастури хоҷагони хориҷиро иҷро мекунанд, то авзои сулҳу оромишро дар Тоҷикистон халалдор кунанд. Аммо роҳбари ҲНИТ аз ягон кишвар ва ё ниҳоди хориҷии дақиқе, ки хостори чунин ҳамлаҳо ҳаст ном набурд ва таъкид кард ки онҳо то анҷом ёфтани амалиёти ҷустуҷӯи афроди ҳамлакунанда аз айбдор кардани ҷонибе худдорӣ хоҳанд кард:

«Бояд аз рӯи инсоф бигӯем, ки муовини вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон Шералӣ Сабзов ва раиси раёсати корҳои дохилаи шаҳри Душанбе Абдураҳмон Бузмаков ҳанӯз рӯзи ҷумъа, ки ин ҳамла рух дода буд, ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда буданд. Мо умедворем, ки ин ҷиноят то ба охир бо чунин ҷиддият пайгирӣ ва ошкор хоҳад шуд.»

Кабирӣ афзуд, дар сурате, ки парвандаҳои ҳамла ба хабарнигорону дигарандешон ва фаъолони ҳизбҳои сиёсӣ боз нашаваду омилони он муҷозот нашаванд, шаҳрвандон эҳсоси оромиш намекунанд ва ҳоло замоне фаро расидааст, ки мақомоти амниятӣ бо дарёфти ҳамлагарони Маҳмадалӣ Ҳайит қудрату нерӯи худро нишон бидиҳанд. Дар ҳамин ҳол, роҳбари ҲНИТ аз раисҷумҳури Тоҷикистон низ дархост кард, ки қазияи латукӯбӣ Маҳмадалӣ Ҳайитро шахсан зери назорат бигирад. Бояд гуфт, ки омилони латукӯби хабарнигорон ва фаъолони ҳизбҳои сиёсии мухолифи давлат тибқи таҷриба ошкор ва муҷозот карда намешаванд.

Гӯшае аз нишасти матбуотӣ дар Дафтари ҲНИТ
Гӯшае аз нишасти матбуотӣ дар Дафтари ҲНИТ
Дар давоми се соли охир хабарнигорон Далер Шарифов, Абдураҳими Умариён ва Ҳикматулло Сайфуллозода сардабири нашрияи «Наҳзат»-и марбут ба ҲНИТ мавриди латукӯби афроди номаълум қарор гирифтанд. Аммо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар то ба ҳол омилони ин ҳамлаҳоро пайдо ва муҷозот накардаанд.

Маҳдӣ Собиров, таҳлилагари масоили амниятӣ мегӯяд, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар аксар кишварҳои ҷаҳон низ ҷиноятҳои марбут ба расонидани зарари ҷисмонӣ ошкор карда намешаванд: «Дар мо бошад мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳирфаӣ нестанд ва ҷандон хуб кор намекунанд. Агар дар кишвари мо низ мисли давлатҳои пешрафта дар ҳар кӯчаву хиёбон таҷҳизоти наворбардорӣ насб карда мешуд, кушодани чунин ҷиноятҳо хеле содаву осон мебуд.»

Дар ҳамин ҳол, бархе аз соҳибназарон мегӯянд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар баррасии парвандаҳои латукӯби фаъолони сиёсӣ ва хабарнигорон қасдан саҳлангорӣ мекунанд ва бинобар ин, омилони чунин ҷиноятҳо дар кишвар то ба ҳол бе ҷазо монда, ҳодисаҳои нав ба нави латукӯб рух медиҳад.

Шоми рӯзи ҷумъа тахминан соати 19:40 дақиқаи вақти Душанбе ҳангоми бозгашт ба хона дар маҳаллаи 91-уми пойтахти Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ҳаитов-муовини раиси ин ҳизб дар даромадгоҳи манзили зист аз пушт мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифтааст.

Тибқи иттилои Дафтари матбуоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон, айни замон фарзияҳои дар даст буда дар робита ба ин ҳамла, аз ҷониби гуруҳи оперативӣ мавриди санҷиш қарор дорад.

Ин манбаъ мегӯяд, муовини вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Шералӣ Сабзов, сардори РВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Абдураҳмон Бузмаков ва гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ ҳозир шуда, ҷои ҳодисаро аз назар гузарониданд.

Дар ҳамин ҳол вазъи саломатии Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ, ки шомгоҳи рӯзи гузашта мавриди ҳуҷуми афроди номаълум қарор гирифта буд, рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Хабарнигори «Озодӣ», ки субҳи рӯзи шанбе аз ӯ дар бемористони Қаряи Болои Душанбе аёдат намуда буд, мегӯяд, ҷаноби Ҳайит ба ҳуш омадааст, аммо ба сахтӣ сӯҳбат мекунад. Дар назди утоқе, ки Маҳмадалӣ Ҳайит бистарӣ мебошад, маъмурони пулис навбатдорӣ мекунанд ва монеи вуруди аёдаткунандагон мешаванд. Маъмурони пулис ба хабарнигори «Озодӣ» иҷозат надоданд, ки бо дастгоҳҳои аксбардорӣ ва сабт, вориди утоқи оқои Ҳайит шавад.

Дар суҳбат ба хабарнигори «Озодӣ», ҷаноби Ҳайит гуфт, ки пас аз намози шом дар назди хонааш мавриди ҳамлаи ду ҷавони ношинос қарор гирифтааст: «Ин ҳамла ба фаъолиятҳои сиёсии ман бастагӣ доранд. Афроде, ки ин ҳамларо ташкил карданд, муқобили баргузории таҷлили 40-солагии таъсисёбии ҲНИТ ҳастанд, вале ман умедворам ин маърака баргузор хоҳад шуд."

Ӯ умедворӣ кард, ки мақомот омилони ин ҳамларо, ки ба гуфтаи вай "душманони сулҳи тоҷикон мебошанд" пайдо намоянд.


лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:50 0:00
Линки мустақим


Дар ҳамин ҳол, Хонаи Озодӣ ё Freedom House, як созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар мақараш дар Амрико, хостори таҳқиқи қазияи латукӯби Маҳмадалӣ Ҳайит шудааст. Ин созмон бо пахшия як иттилоия, фишору таъқиби як соли ахир
алайҳи ҲНИТ-ро ба интихоботи ояндаи президентӣ дар Тоҷикистон рабт дода ва аз созмонҳои ҷаҳонӣ ва Амрико хостааст, ки ин масъаларо бо ҳукумати Тоҷикистон дар миён бигузоранд.


Сухангӯи ин ҳизб Ҳикматулло Сайфуллозода ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки зоҳиран ҳамла бо фаъолиятҳои сиёсии Ҳаитов иртибот дорад. Сайфуллозода афзуд, ки ҳоло Ҳаитов бо ҷароҳатҳо ба бемористони минтақаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе интиқол ёфтааст.

Ду сол пеш худи сухангӯйи Ҳизби наҳзати исломӣ Ҳикматулло Сайфуллозода ҳам дар тақрибан ҳамин хел вазъият дар маҳаллаи 112-уми пойтахти Тоҷикистон лату кӯб шуда буд, вале масъулони ҳамла ёфт то ҳанӯз номаълум ҳастанд.
XS
SM
MD
LG