Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исмоилов аз пардохти ҷарима озод шуд


Додгоҳи вилояти Суғд Муҳаммадюсуф Исмоиловро аз пардохти ҷарима ба маблағи 35000 сомонӣ озод кард.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар бо Озодӣ гуфт, додгоҳ зимни баррасии шикояти хабарнигори "Нури зиндагӣ", ҳукми додгоҳи шаҳри Табошарро бидуни тағйир гузошт, аммо хабарнигорро аз пардохти ҷарима озод кард. Ҳамчунин ҳукми додгоҳ дар мавриди маҳрумият аз фаъолияти рӯзноманигориро низ дар нисбати Исмоилов лағв намуд.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:30 0:00
Линки мустақим


Ин дар ҳолест, ки 14-уми октябр, додгоҳи шаҳри Табошар хабарнигори "Нури зиндагӣ" Муҳаммадюсуф Исмоиловро 35 ҳазор сомонӣ ҷарима баста ва аз толори додгоҳ озод кард. Қозии парванда ҳамчунин гуфта буд, ки Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори "Нури зиндагӣ" наметавонад то се соли дигар ба фаъолияти рӯзноманигорияш идома бидиҳад.

Муҳаммадюсуф Исмоилов дар нахустин вокуниши худ ба ҳукми додгоҳ гуфта буд, ки аз он чандон розӣ нест ва аз болои ин ҳукм ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят хоҳад бурд.

Муҳаммадюсуф Исмоилов мегуфт, дар сурати бознигарӣ нашудани ҳукмаш дар додгоҳҳои кишвар, маҷбур мешавад ба додгоҳҳои байнулмилалӣ муроҷиат кунад.

Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори "Нури зиндагӣ" тӯли ёздаҳ моҳ дар боздошт ба сар мебурд ва мақомот ӯро дар таҳқиру тавҳин, тамаъҷӯӣ ва маҳалгароӣ айбдор мекарданд.
XS
SM
MD
LG