Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Додгоҳ Исмоиловро пурра сафед накардааст"


Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори тоҷик
Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори тоҷик

Шӯрои адлияи Суғд мегӯяд, Муҳаммадюсуф Исмоилов пурра сафед шуд, аммо додгоҳ инро тасдиқ намекунад.

Шӯрои адлияи вилояти Суғд мегӯяд, Муҳаммадюсуф Исмоилов, рӯзноманигори тоҷик яке аз ду нафарест, ки соли гузашта дар вилояти Суғд пурра сафед гардидааст.

Аммо Абдуғаффор Шоҳназаров, муовини раиси додгоҳи вилояти Суғд пурра сафед шудани Исмоилов аз сӯи додгоҳро қабул надорад. Вай гуфт, додгоҳ Исмоиловро танҳо аз рӯи "кирдорҳои алоҳидаи тамаъҷӯӣ" қисман сафед кардааст.

Худи ҷаноби Исмоилов низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир ӯ аз зинаи болои додгоҳ бозбинии парвандаашро тақозо кардааст. "Тафтиши аввалия беасос маро ба ин гуна айбҳо, яъне "тӯҳмат", "таҳқир", "тамаъҷӯӣ" ва "барангезиши маҳалгароӣ" айбдор карда буд. Мехоҳам, додгоҳ ин гуноҳҳои беасосро бардораду маро пурра сафед намояд",-гуфт ӯ.

Моҳи октябри соли 2011 додгоҳи шаҳри Табошар хабарнигори "Нури зиндагӣ" Муҳаммадюсуф Исмоиловро 35 ҳазор сомонӣ ҷарима баста ва аз толори додгоҳ озод кард. Қозии парванда ҳамчунин гуфта буд, ки хабарнигори "Нури зиндагӣ" то се соли дигар наметавонад ба фаъолияти рӯзноманигорияш идома бидиҳад. Аммо баъдан ӯ аз пардохти ҷарима озод гардид, агарчӣ ба қавли масъулони додгоҳи вилояти Суғд МуҳаммадюсуфИсмоилов пурра сафед нагардида, ҳукми додгоҳ пойбарҷост.

Ҳамин тавр, маълум нест, ки дар соли 2011 нафаре дар вилояти Суғд аз сӯи додгоҳҳо пурра сафед шудааст ё на. Дар ҳоле ки додгоҳи вилояти Суғд дар соли гузаштаи 2011 тақрибан 150 нафар, аз ҷумла 6 тани онҳоро бо ҷазои якумрӣ равонаи зиндон кард.

Муҳаббат Ҷӯраева
Муҳаббат Ҷӯраева
Қонуни асосӣ ва Қонуни ҷиноии Тоҷикистон содир намудани ҳукми сафедкунанда ва озод кардани айбдоршавандаро дар ҳолати исботи бегуноҳии вай пешбинӣ мекунанд. Аммо чаро додгоҳҳо ин талаботи қонунро иҷро намекунанд?

Ба назари ҳуқуқшинос Муҳаббат Ҷӯраева, "додрасҳо аз татбиқи ҳукми сафед метарсанд, чунки дар он ҳолат онҳо он мақомеро, ки шахси бегуноҳро дар маҳбас андохтаву парванда боз кардааст, бояд дар асоси қонун ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашанд. Барои ҳамин, додгоҳҳои Тоҷикистон ҳатто нисбат ба як дарсади айбдоршавандаҳо ҳукми сафедкунанда намебароранд."

Бар пояи иттилои додгоҳи вилояти Суғд, дар соли гузаштаи 2011 додгоҳҳои минтақа ҳудуди 2 ҳазору 400 парванда ва арзу шикоятҳои шаҳрвандонро баррасӣ карда ва ҳудуди 1 ҳазору 300 парванда барои бори дувум ва наздики 100 парванда барои маротибаи севум дар зинаҳои болоӣ мавриди бозбинӣ қарор гирифт.
XS
SM
MD
LG