Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости озодии Исмоилов замони тафтиш


Муҳаммадюсуф Исмоилов.
Муҳаммадюсуф Исмоилов.

Вакили дифои Муҳаммадюсуф Исмоилов барои озод кардани зерҳимояаш ҳини тафтиш, дархост пешниҳод кардааст.

Фахридин Худойбердиев, аз ҷониби давлат вакили дифои оқои Исмоилов таъйин шудааст. Вай дар суҳбат бо "Озодӣ" гуфт, рӯзи 28-уми уми июн баъди мулоқоти навбатӣ бо зерҳимояаш чунин тасмиме гирифтаанд: «Исмоилов ҳам зери шикоят имзо карданд, онро ба шуъбаи корҳои дохилӣ супурдам. Мо талаб дорем, зерҳимояам бо назардошти он, ки ду кӯдаки хурд, яке чорсолаю яке чормоҳа дорад, хоҳари 73 солаи маъюбаш дар таҳти нигоҳубини Исмоилов қарор дорад ва худаш низ корношоями дараҷаи 3 аст, ҳини тафтиши парванда бо шарти берун нарафтан аз маҳали зисташ, озод карда шавад.»

Вале саволи умда ин аст, ки оё боздошти дубораи Исмоилов низ ба фаъолияти рӯзноманигории вай рабте дорад? Фахридин Худойбердиев, вакили дифои Исмоилов мегӯяд, дар ҳоли ҳозир дар айбномаи зерҳимояаш дар бораи фаъолияти рӯзноманигории ӯ сухан намеравад ва танҳо бо як иттиҳоми «тамаҷӯӣ» дастгир карда шудааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Исмоиловро «хабарнигори рӯзномаи «Нигоҳ» дар ноҳияи Ашт» ном мебарад. Бино ба хабари ин манбаъ, Исмоилов баъди гирифтани 400 сомонӣ бо роҳи тамаъҷӯӣ аз Санавбар Аҳадова, сокини ҳамин ноҳия дастгир шуда, далели шайъӣ гирифта шудааст. Исмоилов қаблан низ аз хонум Аҳадова «бо таҳдиди ифшои маълумотҳои бадномкунанда" бо роҳи тамаъҷӯӣ 100 сомонӣ ситонидааст. Боздошти Исмоилов дар пайи шикояти ин хонум ба шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ашт сурат гирифтааст. Аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи моддаи 250, қисми 1 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванди ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад ва онро шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ашт пеш мебарад. Шараф Акрамов, сармуфаттиши шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ашт, ки тафтиши парвандаи Исмоиловро бар уҳда доштааст, ба далели машғулияти корӣ суҳбат дар ин мавзӯъро ба таъхир гузошт.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Фахридин Худойбердиев, вакили дифои Исмоилов, мақомоти тафтишотӣ рӯзи 27-уми июн зерҳимояашро бо ҷабрдида Санавбар Аҳадова ва шоҳиди ҳодиса Мадина Саидова рӯ ба рӯ карда, протокол тартиб додаанд. Вай афзуд, хонум Аҳадова ва шоҳидаш даъво доранд, ки Исмоилов бо таҳдиди нашри мақолаи бадномкунанда дар бораи хонум Аҳадова, аз ӯ маблағ талаб кард. Аммо Исмоилов гуфтааст, вай бо роҳи илтимос аз хонум Аҳадова каме ёрии пулӣ хоста буд ва нияти дар борааш мақолаи танқидӣ навиштан надошт. Зимнан, ба гуфтаи вакили дифои Исмоилов, хонум Аҳадова дар ҳоли ҳозир дар ҷое кор намекардааст.

Муҳаммадюсуф Исмоилов, ба гуфтаи ҳамсараш, замони боздошт ҷойи кори доимӣ надошт ва бо фурӯши нашрияҳо дар кӯчаву бозорҳо барои рӯзгузаронӣ маблағе ба даст меовард. «Вай инсони хуб аст, танҳо бемориаш ҳамин, ки камбудиҳои ҷомеаро мебинад ва ба боди танқид мекашад. Барои ҳамин бархе вайро дӯст намедоранд.»-афзуд хонум Маҳтоббӣ Абдуллоева.

Ин дар ҳолест, ки Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори "Нури зиндагӣ" дар се соли пеш низ ба мушкили додгоҳӣ рӯ ба рӯ буд ва тӯли ёздаҳ моҳ низ дар боздошт ба сар бурд. Мақомот ӯро дар таҳқиру тавҳин, тамаъҷӯӣ ва маҳалгароӣ муттаҳам мекарданд. Ба ҳимояи ин хабарнигор созмонҳои дохилӣ ва байналмилалии дифоъ аз рӯзноманигорон, бархоста буданд.

Аммо 14-уми октябри соли 2011 додгоҳи шаҳри Табошар хабарнигори "Нури зиндагӣ" Муҳаммадюсуф Исмоиловро 35 ҳазор сомонӣ ҷарима баста ва аз толори додгоҳ озод кард. Қозии парванда ҳамчунин гуфта буд, ки Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори "Нури зиндагӣ" наметавонад то се соли дигар ба фаъолияти рӯзноманигорияш идома бидиҳад.
XS
SM
MD
LG