Рӯзи якуми июни соли ҷорӣ Раҷаби Мирзо, раиси маркази таҳлилии "Бозтоб", ба вазорати умури дохилии Тоҷикистон даъват шуда, аз сӯи бозрасони ин ниҳод мавриди бозҷӯӣ қарор мегирад. Бозрасони вазорати умури дохилӣ аз рӯзноманигори тоҷик дар бораи ҳодисаи ҳамла ба ӯ дар моҳи июли соли 2004-ум, ки он замон сардабирии рӯзномаи машҳури "Рӯзи нав"-ро бар ӯҳда дошт, суол кардаанд.
Дар зимн, ҳодисаи ҳамла ба Раҷаби Мирзо ду ҳафта қабл аз қатъи фаъолияти "Рӯзи нав" дар шаҳри Душанбе сурат гирифта буд.
Раҷаби Мирзо: "Ростӣ, даъвати кормандони вазорати умури дохилӣ барои худи ман ҳам ғайримунтазира аст. Зеро он иттифоқоте, ки бо он рӯбарӯ шудам, 29-уми июли соли 2004-ум рух дода буд. Як муддат кормандони вазорати умури дохилӣ ва додситонии кишвар бо ин қазия машғул шуда буданд. Ҳатто Абдураҳим Қаҳҳоров, ки он замон муовини вазири умури дохилӣ буд, эълон кард, ки таҳқиқи ҳодисаро зери контроли худ гирифтааст. Вале баъдан гӯиё ин ҳодиса аз ёдҳо фаромӯш шуд. Он замон чанд маротиба маро пурсуҷӯ карданд, баёнот гирифтанд, манзили зистам ҳам омаданд ва баъдан гӯиё як парванда ҳам нисбати ин қазия боз шуд. Вале тақрибан дар нимаҳои моҳи сентябри соли 2004-ум бори охир маро ба вазорати умури дохилӣ даъват карданд ва пас аз ин ҳама чиз хомӯш шуд ва касе ёд накард."
Радиои Озодӣ: Чаро дубора ба таҳқиқи қазияи ба сари Шумо омада руҷӯъ карда шуд?
Раҷаби Мирзо: "Соли 2004-ум фазо ва муҳити сиёсии Тоҷикистон гарм буд. Мо дар хотир дорем, ки баъдан қазияҳои дигаре ба вуҷуд омаданд ва пурсарусадотар аз қазияи мо буданд ва ба ҳамин хотир он шояд фаромӯш гардид. Тарафи дигари ҳодиса ин аст, ки дар ин байн чанд маротиба роҳбарияти вазорати корҳои дохила чанд бор иваз шуд. Вақте бо муфаттишони вазорати умури дохилӣ сӯҳбат мекардам, бардошти ман чунин шуд, ки онҳо аз қазияи ба сари ман омада аслан огаҳӣ надоранд. Ҳамчунин мешавад гуфт, баъзе аз нафароне, ки мо дар рӯзҳои аввал ба нишони гумонбар ва ё фарзия аз онҳо ном бурда будем, худи онҳо тавре аз ҳодисаҳои охир бармеояд, як қадар ба сархатти хабарҳо аз нав пайдо шудан доранд. Паҳлуи дигари масъаларо ҳам бояд ба назар гирифт, ки вақтҳои ахир латту кӯби журналистон хеле зиёд мешавад ва ин сару садои зиёдеро дар хориҷ аз кишвар ба вуҷуд овардааст ва шояд аз ин нигоҳ мешавад гуфт, фишор аз сӯи созмонҳои байналмилалӣ дар робита ба таҳқиқи қазияи кормандони васоити ахбори омма бошад."
Радиои Озодӣ: Муфаттишҳо бештар ба чӣ масоилие мароқ зоҳир карданд?
Раҷаби Мирзо: "Пештар гуфтам, муфаттишоне, ки сӯҳбат оростанд, аслан намедонистанд, ки ин ҳодиса кай ва чӣ гуна сурат гирифтааст. Аз ин ҷост, ки наметавонам дақиқан бигӯям, чаро онҳо дубора ба ҳодисаи ҳамла ба ман таваҷҷӯҳ зоҳир кардаанд."
Радиои Озодӣ: Ба ҳар сурат далели давъати Шумо ба вазорати умури дохилӣ чӣ буд, чун тӯли ин ҳама солҳо, ки ҳама сокит буд?
Раҷаби Мирзо: "Ба ман чанд матолиберо, ки дар расонаҳо мунташир шудааст, вобаста ба латту кӯби журналистон нишон доданд. Аз ҷумла, аз ҳодисаи ба сари Ҳикматулло Сайфуллозода то қазияи Далер Шарифов ва як рӯзноманигори дигар, ки ростӣ ӯро намешиносам ва, албатта, ҳодисаи ба сари нависанда Равшани Ёрмуҳаммад омадаро ҳам зикр карданд. Дар ин матолиб дар ин бора таъкид мешуд, ки ҳодисаи латту кӯби хабарнигорон аз ҳодисаи ҳамла ба Раҷаби Мирзо дар соли 2004-ум шурӯъ мешавад. Фикр мекунам, азбаски дар бораи ҳаводиси баъди мавод маълумот доштанду дар бораи ҳодисаи ба сари ман омада надоштанд, маро барои дарёфти маълумот даъват карданд. Онҳо аз ман дар бораи манзараи умумии ҳодисаи ҳамла суол карданд."
Радиои Озодӣ: Гӯиё вазири умури дохилӣ гуфта бошад, ки таҳқиқи ин ҳодисаҳо мустақим зери назорати ӯ қарор дорад...
Раҷаби Мирзо: “Бале, ба ман ҳам гуфтанд, ки вазири умури дохилӣ Рамазон Раҳимов қазияи журналистони латукӯбшудаи тоҷикро зери назорати худ гирифтааст. То ҳанӯз гуфтан мушкил аст, ки ин қазияҳо бо чӣ анҷом меёбад. Дар гузашта ҳам ин қазия зери назорати вазири пешини умури дохилӣ Абдураҳим Қаҳҳоров қарор дошт ва ба натиҷае нарасида буд. Дар сӯҳбати ошкоро бо муфаттишон ҳам гуфтам, мутмаин нестам, онҳое, ки ба ман бархӯрд карданд, пайдо мекунед, вале хушҳолам, ки бори дигар ба ин қазия таваҷҷӯҳ зоҳир мекунед.”
Радиои Озодӣ: Яъне, мешавад гуфт, ки таҳқиқи ҳодисаи ҳамла ба Шумо дубора аз сар гирифта шудааст?
Раҷаби Мирзо: “Ҳоло чизе гуфта наметавонам. Чун парвандаи қаблиро, ки соли 2004-ум дар мақомоти корҳои дохила ва прокуратура (додситонӣ) оғоз шуда буд, ҳанӯз дар дасти муфаттишон надидам. Ҳамчунин, тавре ба ман муносибат мешуд, ки гӯиё онҳо аз асли ҳодиса бохабар нестанд. Чаро ба парвандаи қаблӣ, ки дар соли 2004-ум оғоз шуда буд, зиёдтар таваҷҷӯҳ мекунам? Барои он ки тамоми санадҳое, ки дар ихтиёр доштем, пешкаши онҳо карда будем. Аз ҳамин хотир, фикр менам, агар ин парванда дарёфт гардад, хеле аз масъалаҳоро ошкор хоҳад кард. Дар сӯҳбати ахире, ки бо мақомоти умури дохилӣ доштам, онҳо пурсиданд, оё то ҳанӯз ҳам ба ин фаикр ҳастам, ки лату кӯб ба фаъолияти касбии ман рабт дорад, ё хориҷ аз он аст. Мисли ҳамеша гуфтам, он замон бо касе мушкил надоштам. Аз касе қарздор ҳам набудам. Яъне, паҳлуҳои маишии қазия набуд. Чун рӯзномаи “Рӯзи нав” аз моҳи августи соли 2003-юм то моҳи августи соли 2004-ум чоп шуда буд ва маҳбубтарину пуртиражтарин рӯзнмоаи Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт, ин қазия иртибот мегирад ба фаъолияти касбии ман. Ин қазия ба фаъолияти касбии ман ва ҳавои гарми сиёсии тобистони соли 2004-ум рабт дорад.”