Аммо ҳафт сол қабл, дар оғози моҳи ноябри соли 2004, охирин шумораи ин ҳафтанома ба нашр расида буд. “Рӯзи нав” дар таҷрибаи баъд аз ҷангии Тоҷикистон аввалин нашрияи мустақил буд, ки дар
мӯҳлати хеле кӯтоҳ ба яке аз нашрияҳои муваффақ табдил ёфт ва бори аввал ба интиқоди фаъолиятҳои мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла раисиҷумҳури ин кишвар пардохт.
Раҷаби Мирзо сардабири “Рӯзи нав” тайи як соли нашри ин ҳафтанома ду бор мавриди латукӯби афроди ношинос дар Хуҷанду Душанбе ҳам қарор гирифт.
Дар як тамоси телефонӣ бо Раҷаби Мирзо, сардабири нашрияи мутаваққифшудаи “Рӯзи нав” пурсидем, ки муваффақияти “Рӯзи нав” дар чӣ буд?
Раҷаби Мирзо: “Дар маҷмӯъ, агар сабабҳои шӯҳрат ва маҳбубияти “Рӯзи нав”-ро баён кунем, се омили асосӣ пайдо мешавад. Аввалан, аз шумораҳои нахустин ба мавзӯъҳои табуи матбуоти Тоҷикистон, яъне ҳарф задан дар бораи ҳаёт ва фаъолияти президент шурӯъ кард. Мо дар шумораи аввали “Рӯзи нав” зиндагиномаи президент Эмомалӣ Раҳмонро дар шакли мухтасар чоп кардем. Ин матлаб дар ҷомеа сарусадоро ба вуҷуд овард. Вақте ки охири соли 2003 Додситонии кул мехост ба Рӯзи нав Амрнома бидиҳад, ҳамин матлабро ҳам мисол
оварда буд, ки гӯиё бо нашри он мо ба зиндагии шахсии раисиҷумҳур дахл кардаем. Дар ҳоле ки ин матлаби мо баргирифта аз китобе буд, ки бо фармоиши дастгоҳи иҷроияи президент ва бо забони русӣ навишта шудааст. Бо ҳамин гуфтан мехоҳам, ки аввалин маротиба “Рӯзи нав” тавонист, ки ҳаёт ва фаъолияти президентро барои мардуми Тоҷикистон матбуотӣ бикунад.”
Озодӣ: Чаро маҳз раисиҷумҳур қаҳрамони “Рӯзи нав” интихоб шуд?
Раҷаби Мирзо: “Агар мо матбуоти ҳамон вақтро мурур кунем, мебинем, ки ҳолати матбуоти имрӯзаро дошт. Яъне дар бораи ҳама ҳарф задан мумкин буд, вале дар бораи раисиҷумҳур ҳарф задан тақрибан имкон надошт. Ҳамин гуна як ҳолат моро водор кард, ки ин мавзӯъро мавриди таваҷҷӯҳ қарор дода бошем. Мо дар “Рӯзи нав” ҳарфи кӯҳна намегуфтем. Ҳатман ҳаводисе мавриди таҳлил қарор мегирифт, ки ҳамон ҳафта сурат мегирифт. Фаъолиятҳои президент аз дидгоҳи мусбату манфӣ, аз дидгоҳи мухолифин баррасӣ мешуд. Вақте мухолифин гуфтем, инро ҳам бояд зикр кунем, оне, ки тавонист чеҳраҳои нави мухолифинро барои ҷомеа муаррифӣ бикунад, маҳз “Рӯзи нав” буд. Чун аксар намояндагони аҳзоби сисёии Тоҷикистон ҳарфҳои гуфтании зиёд доштанду бе минбар буданд, дар симои “Рӯзи нав” минбари худро пайдо карданд. Пас аз ин ҷараёне эҳсос мешуд, ки дар ҷомеа шахсиятҳое, ки назари дигар доранд ва тавони баррасии мавзӯъҳои сиёсиву иҷтимоиро доранд, ҳастанд. Мо аввалин маротиба дар шумораи “Рӯзи нав” алакай дар бораи номзадҳои алтернативии президентӣ сӯҳбат ва шахсиятҳои матраҳро муаррифӣ кардем.”
Озодӣ: Яъне метавонем бигӯем, ки Шумо аз фаъолиятҳои раисиҷумҳур интиқод карда, мухолифинашро таблиғ менамудед?
Раҷаби Мирзо: “Инро намешавад.миссияи хоси “Рӯзи нав” гуфт, вале як самт ё сабки хоси рӯзнома буд. Ҳаводиси баъд нишон доданд, ки ҳамин мавзӯъ серхаридор аст ва наметавонист аз мадди назари раҳбарияти рӯзнома дур бимонад. Вале дуруст аст, ки мақомоти Тоҷикистон ҳамин гуна назар доштанд, гӯиё ин як лоиҳаи махсус аст, ки ба муқобили ҳукумат, хосса президент Раҳмон равона шудааст. Ҳол он ки метавонист дар ҳолати мо як раванди одие бошад, ки як фазои муносиберо барои худ ёфтем ва он метаовнист барои мо паҳлуи тиҷоратӣ дошта бошад, на бештар аз ин.”
Озодӣ: То ба ҳол сабабҳои мутаваққиф шудани нашри ҳафтаномаро расман бо мақомот дар миён гузоштед?
Раҷаби Мирзо: “Мо сӯҳбатҳои расмӣ надоштем. Вале имрӯз ҳам мақомот мегӯянд, ки гӯиё онҳо дар мутаваққиф шудани чопи “Рӯзи нав” даст надоранд. Аз ҷониби онҳо дастури шифоҳӣ ва катбӣ сурат нагирифтааст, ки чопхонаҳои Тоҷикистон нашрияро ба чоп
Озодӣ: Агар имкон шавад, Шумо боз ҳамчунин рӯзномаеро ба монанди “Рӯзи нав” ва ё худи “Рӯзи нав”-ро ба нашр мерасонед?
Раҷаби Мирзо: “Намедонам ба ин суол чи посухе бидиҳам. Зеро тасмимҳое доштам, ки чанд рӯзнома ҳам роҳандозӣ бикунам. Лекин исми Раҷаби Мирзо барои мақомот як исми даҳшатангез шудааст. Намедонам, бо чи сабаб имкон намедиҳанд, ки ин корро бикунам. Ҳатто мо як рӯзномаи тафреҳӣ ба роҳ монданӣ будем, пас аз шумораи аввалаш нагузоштанд, ки онро чоп бикунем. Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон ба ҳеҷ далел исбот карда натавонистанд, ки ман иягон қонуни Тоҷикистонро нақз кардаам. Ба ҳар ҳол, имрӯз сари ин мавзӯъ андеша мекунам. Чун бояд коре кард. Зеро матбуоти тоҷик рӯз то рӯз хонандаҳои худро аз даст медиҳад. Пас, бояд иқдоме сурат бигирад.”
Имрӯз ҳам мақомот мегӯянд, ки
онҳо дар мутаваққиф шудани чопи “Рӯзи нав” даст надоранд.
Аз ҷониби онҳо гӯиё дастури шифоҳӣ ва катбӣ сурат нагирифтааст, ки бояд чопхонаҳои Тоҷикистон нашрияро ба чоп нарасонанд...

Ҳайати эҷодии "Рӯзи нав" пиромуни қатъи чопи ин рӯзнома дар нашриёти давлатии "Шарқи озод" сӯҳбат мекунанд
нарасонанд. Аммо бубинед, моҳи августи соли 2004 шумораи навбатии “Рӯзи нав”-ро омода кардем. Ҳеҷ як аз чопхонаи Тоҷикистон розӣ намешуд, ки онро чоп кунанд. Раҳбарияти яке аз ин чопхона розӣ шуд, ки рӯзномаро ба табъ бирасонад. Мо гуфта будем, ки маоши шашмоҳаи кормандонашро пардохт мекунем. Аммо вақте рӯзномаро омода карда ба наздаш бурдем, нашрияро чоп накард. Дигар имкони дар дохили Тоҷикистон чоп кардани рӯзномаро пайдо накардем. Тасмим гирифтем, ки онро дар Қирғизистон чоп бикунем. Ин иқдоми мо ба ду омил вобаста буд. Якум, мехостем фаъолияти худро дар асоси қонунгузории Тоҷикистон ва бидуни вайрон кардани қавонин идома бидиҳем ва дуввум бубинем, ки мақомот ба ин иқдоми мо чӣ вокунише нишон медиҳанд. Чоруми ноябри соли 2004 рӯзнома аз Қирғизистон ба Душанбе оварда шуд, вале аз ҷониби пулиси нақлиёт боздошт гардид. Сабабҳои бисёр гуногун ва хандаоваре ҳам гуфта шуд.”Озодӣ: Агар имкон шавад, Шумо боз ҳамчунин рӯзномаеро ба монанди “Рӯзи нав” ва ё худи “Рӯзи нав”-ро ба нашр мерасонед?