Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гиромидошти хотираи журналистони шаҳид


Бланкюита Уэлш Куллум ҳангоми қироъати корномаи Искандари Хатлонӣ, Вошингтон, 15-уми июли соли 2008.
Бланкюита Уэлш Куллум ҳангоми қироъати корномаи Искандари Хатлонӣ, Вошингтон, 15-уми июли соли 2008.

Дар Вошингтон бо ташаббуси Шӯрои раъисаи нашаротии ИМА маҳфили гиромидошти хотираи журналистони шаҳид барпо гашт.

Дар он гуфта шуд, ки аз соли 1954 то имрӯз 10 журналисти расонаҳои ин шӯро ҳангоми иҷрои вазифаи худ кушта шудаанд. Дар байни онҳое, ки дар ин нишаст ёдоварӣ ва арҷгузорӣ шуданд, номи журналисти тоҷик, яке аз ҳамкорони мо Искандари Хатлонӣ низ буд.

Замоне ки дар намояи бузург акси ӯ пайдо шуд, узви Шӯрои раъисаи нашаротии Иёлоти Муттаҳида, Банкюита Уэлш Куллум ин сатрҳоро қироат кард:

"Искандари Хатлонӣ. Ҳангоми кор дар радиои Озодӣ сар аз солли 1996 ва пеш аз ин дар Би-Би-Си, Хатлонӣ ба баррасии масъалаҳои ҳассоси сиёсии шӯравии собиқ машғул буд, аз ҷумла нақзи ҳуқуқи инсон дар Чеченистон. Вай шоири саршинос ва муаллифи беш аз чаҳор дафтари шеър буд. Хатлонӣ 46-сола буд ва дар манзили зисти худ дар Маскав ҳадафи ҳамла қарор гирифт ва дертар дар бемористон даргузашт. Аз ӯ ҳамсар ва як духтарчааш монданд."

Барои аксари онҳое, ки дар толор менишастанд, намояндагони ниҳодҳои Шӯрои раъисаи нашаротӣ,

Ҷоакин Блая, узви дигари Шӯрои раъисаи нашаротии Амрико мегӯяд, ин журналистон дар роҳи озодии сухан қурбон шудаанд.

кормандони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, Садои Амрико, телевизионҳои Марти ва Ал Ҳурра, меҳмонони маҳфили ёдбуд ва ё онҳое, ки дар фосилаи ҳазорон километр ин суханонро мешуниданд, чеҳраи поку меҳрбони Искандари Хатлонӣ ба ёд меомад ва садои нарми ӯ ба гӯш мерасид.

Ҳарчанд аз куштори бераҳмонаи Искандари Хатлонӣ наздик ба ҳашт сол мегузарад, то ҳанӯз қотил ё қотилони ӯ дар озодиянд ва муҷозот нашудаанд.

Дар маҳфили андӯҳ якояк ном ва корномаи ҳамаи журналистон, ки дар солҳои гуногун кушта шудаанд, зикр гардид.

Леонид Карас, корманди Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, дар шароити мармузе дар Олмон дар соли 1954 ғарқ гардид.

  • Абдураҳмон Фаталибей, корманди бахши озарии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, бо гулӯи баста ва осори латукӯби шадид дарёфт шуд.

  • Георгий Марков, аз бахши булғории Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, дар Лондон дар соли 1978 аз сӯзани заҳрогини сари чатр ба ҳалокат расид.

  • Рикардо Мело, хабарнигори Садои Амрико, дар соли 1995 дар Луанда ба зарби гулӯла кушта шуд.

  • Абдулҳусейн Хазал, хабарнигори Шабакаи Нашаротии Мудӣ дар назди манзилаш дар Басра, ҳамроҳ бо писарчаи сесолааш ба қатл расид.

  • Огулсафар Муродова аз бахши туркмании Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, дар маҳбаси Ашқобод ба таври асроромез даргузашт. Пайвандонаш дар ҷисми ӯ осори шиканҷаро дидаанд.

  • Ҳамоил Муҳсин Халаф. Низ аз Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, дар Ироқ рабуда ва пас аз шиканҷаҳо кушта шуд.

  • Назар Абдулвоҳид Ал Розӣ, хабарнигори Радиои Аврупои Озод- Радио Озодӣ, дар соли 2007 ба зарби гулӯла дар Ироқ кушта шуд.

  • Алишер Соҳибов, ҳамкори Садои Амрико ва Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар водии Фарғона, ки қисматшудаи миёни Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон аст, соли гузашта ба зарби гулӯла кушта шуд.

Ҷоакин Блая, узви дигари шӯрои нашаротии Амрико гуфт, ин журналистон дар роҳи озодии сухан, дар муборизаи зидди ноогаҳӣ ва бехабарӣ қурбон шудаанд ва корномаи онҳо фаромӯшношуданӣ хоҳад буд.

Дар поёни маҳфил бо қарори шӯрои нашаротии Иёлоти Муттаҳида дар толори қароргоҳи Садои Амрико бо акс ва ҳолномаи кӯтоҳи журналистони шаҳид гӯшаи ёдбуд таъсис ёфт.

XS
SM
MD
LG