Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муроҷиати хабарнигорон ва ҷоизаи Сайфуллозода


Гурӯҳи хабарнигорони тоҷик дар рӯзи ҷаҳонии озодии баён ба Маҷлиси Намояндагон муроҷиат карданд.

Дар ин муроҷиатнома аз вакилони Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, хоҳиш шудааст, ки "мавқеи мо, рӯзноманигорони кишварро дар атрофи таҳияи тарҳи қонун "Дар бораи воситаҳои ахбори омма" мавриди баррасӣ қарор диҳед."
Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири "Наҷот", нашрияи Ҳизби наҳзати исломӣ, ки мавриди латукӯби афроди ношинос қарор гирифта буд, барои ҷасорати журналистӣ ҷоизаи ба номи Мазҳабшоҳи Муҳаббатшоҳро соҳиб шудааст...


Хабарнигорон гуфтаанд, ҳарчанд ин тарҳ дар муқоиса ба қонуни феълии "воситаҳои ахбори омма" бартариҳо дорад, аммо аз камбудҳо низ холӣ нест.
Бино бар ин, хабарнигорон пешниҳодҳои худро ба вакилони парлумон ироа кардаанд, то дар баҳси тарҳи қонун ба назар гирифта шавад.

Аз ҷумла, дар муроҷиатномаи хабарнигорони тоҷик гуфта шудааст, ки мафҳумҳои "ақида", "ақидаи баҳодиҳӣ", "далел" ва "сензура" шарҳ дода шавад.
Ҳамчунин, хабарнигорон гуфтаанд, "таъсиси воситаҳои ахбори омма "ҳамчуни шахси воқеӣ бе таъсиси шахси юридикӣ" нодуруст буда, чунин муқаррарот бар хилофи талаботи Кодекси шаҳрвандӣ мебошад."

Кормандони расонаҳо дар муроҷиатномаи худ аз вакилони Маҷлиси Намояндагон хостаанд, дар мавриди ҷуброни зиёни маънавӣ дар тарҳи қонуни "воситаҳои ахбори омма" таҷдиди назар сурат бигирад.

Бо ин ҳол, дар рӯзи ҷаҳонии озодии баён бархе аз журналистон барои дарёфти ҷоизаҳо шарафёб шуданд.

Аз ҷумла Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири ҳафтаномаи "Наҷот", нашрияи Ҳизби наҳзати исломӣ, ки мавриди латукӯби афроди ношинос қарор гирифта буд, барои ҷасорати жукрналистӣ ҷоизаи ба номи Мазҳабшоҳи Муҳаббатшоҳро соҳиб шудааст.

Хабарнигори маъруфи тоҷик Раҷаби Мирзо ҷоизаи ба номи Отахон Латифӣ ва Солеҳҷон Ҷӯраев, вакили дифоъ ҷоизаи таъсисдодаи "Медиа-Алянси Тоҷикистон" барои ҳимоят аз ҳуқуқи хабарнигоронро дарёфт кардаанд.

Рамзия Мирзобекова, хабарнигори нашрияи мустақили "Азия-Плюс" низ ба дарёфти ҷоизаи махсус барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ мушарраф шудааст.

Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири "Наҷот"

Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон (аз чап)

Ба Раҷаби Мирзо ҷоиза месупоранд...


Маҳфили хабарнигорони тоҷик бахшида ба рӯзи ҷаҳонии озодии баён


Раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон дар рӯзи озодии баён

Хуршеди Атовулло дар маҳфили бахшида ба рӯзи озодии баён сӯҳбат мекунад
XS
SM
MD
LG