Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барафрозандаи парчами тоҷик дар марзи тоҷик


Нуралишо Назаров
Нуралишо Назаров

Номи генерал Назаров ҳангоме вирди забонҳо гардид, ки ӯ дар Кумитаи ҳифзи сарҳадот масъулияти сардори Ситоди марказиро ба ӯҳда дошт.

Ӯ дар соли 2003 эълон дошт, ки бояд марзбонони Русия аз сарҳадоти Тоҷикистон берун шаванд. Ин изҳорот дар вазъияти он рӯз ба ҳадде ногаҳонӣ буд, ки ҳамзамон бо садо додан, исми генерал Назаровро дар сархатти ахбори байналмилалӣ қарор дод. Он замон бархе аз мақомоти расмии Тоҷикистон бар сарзаниши ӯ шурӯъ карда ҳарфҳои ӯро "ташаббуси хусусӣ" хонданд.

Чанде нагузашта "ташаббуси хусусӣ"-и ӯ ҷомаи амал пӯшид, вале ҳоло аз нав зери суол рафтааст.

Генерали мустаъфӣ Нуралишо Назаров ба ин пурсиш, ки он вақт бо чӣ далоиле масъалаи берун кардани марзбонони Русияро матраҳ кардааст, гуфт:

Ҷавоб: Созишномае, ки миёни Тоҷикистон ва Русия дар соли 1992 барои муҳофизати марзҳои Тоҷикистон ба имзо расида буд, мӯҳлати муайян дошт.
Аз рост, Абдуқаюми Қаюмзод ҳангоми сӯҳбат.
Замони охири он соли 2002 таъйин шуда буд. Ин санад замоне, ки дар кишвар ҷанги дохилӣ идома дошт ба имзо расид ва аз ин рӯ осори саросемагӣ дар он эҳсос мешуд. Навоқиси зиёд ҷой дошт. Вале ба ҳар сурат дар он таъкид мешуд, ки ҳамзамон бо омода шудани нерӯҳои марзбонии худи Тоҷикистон, русҳо масъулияти ҳифз ва назоратро ба ихтиёри онҳо вомегузоранд.Чи хеле гуфтам соли 2002 мӯҳлати эътибори ин созишнома ба поён расид. Ва мебоист санади нави ҳуқуқӣ бо назардошти шароити тоза таҳия ва тасвиб мешуд. Бо раиси онвақтаи Кумитаи ҳифзи сарҳадоти кишвар дар он вақт генерал- лейтенант Абдураҳмон Азимов дар ин бора сӯҳбат кардем. Воқеият ин аст, ки ин фикрро дар аввал он кас баён карданд. Азимов гуфтанд, ки чаро онҳо (русҳо) бояд дар хатти аввали марз бошанд. Ҳол он, ки мувофиқи фармони президент, Кумитаи ҳифзи сарҳадот ташкил шудааст ва аз тарафи дигар мо худ қувваи мустақил ҳастем, давлати мо мустақил аст, чаро ки мо худ сарҳади худро ҳифз карда натавонем? Масъала гузоштем, ки созишнома аз сари нав дида шавад. Зеро ба ин шаклу мазмуне, ки ҳоло ин санад муайян кардааст, дигар коромад буда наметавонад ва оянда надорад. То кай мо, сарҳадбонони тоҷик дар хатти дуввум меистем? Ҳол он, ки ҳифзи хатти дуввум кори марзбонон нест. Ин корро метавонад нерӯҳои вазорати дифоъ низ иҷро кунад. Аммо бо ин вуҷуд талошҳо ба харҷ дода шуд то ҳамроҳ, яъне дар хатти аввал хидмат кунем, вале русҳо розӣ намешуданд. Пас мо низ масъаларо ошкоро матраҳ кардем, ки хуб, дигар бас аст. Созишномаи нав омода хоҳад шуд, ки дар асоси он нерӯҳои марзбонии кишвар муроқибати хатти аввалро бар ӯҳдаи худ мегиранд.

Суол: Бо роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон ин мавзӯъро чӣ гуна матраҳ кардед. Вокуниши онҳо ва махсусан раиси ҷумҳур чӣ тавр буд?

Ҷавоб: Дар воқеъ вақте ин сӯҳбатҳои мо дар расонаҳои мухталифи дунё бозтоби густарда пайдо кард, дар яке аз ҷаласаҳои ҳукумат ҷаноби олӣ маро пурсиданд, ки Назаров баъди ин ҳама гапҳо оё мо аз ӯҳдаи ҳифзи сарҳад мебароем? Азбаски маро пурсид, ҳарчанд, ки дар он ҷаласа ҳамаи роҳбарон ширкат доштанд, гуфтам, ки мӯҳтарам президент, мо, албатта аз ӯҳдааш мебароем. Аз ӯҳдааш мебароем агар, ки дастгирии Шумо бошад.

Суол: Вақте Шумо мавзӯи ихроҷи нерӯҳои марзбони Русия аз Тоҷикистонро пеш гузоштед бархе аз мансабдорони ҳукумат шадидан нороҳат шуданд ва ҳатто гуфтанд, ки ин фикри хусусии генерал Назаров аст.

Ҷавоб: Баъд аз он ҷаласае, ки зикраш рафт мо чанд нафар мустақим ба утоқи кории муовини сарвазир мӯҳтарам Сайидамир Зуҳуров рафтем. Дар онҷо вазири дифоъ ва вазири корҳои хориҷӣ Шералӣ Хайруллоеву Талбак Назаров ва дабири Шӯрои амният Амирқул Азимов ҳузур доштанд. Ва дар онҷо ин масъала дубора матраҳ шуд. Онҳо маро гуфтанд, ки Назаров ту ба ин корҳо чӣ кор дорӣ, чаро ин гапҳоро мегӯӣ? Ин хел мумкин нест. Бо Русия муносибатамон вайрон мешавад. Одамони зиёде бо марзбонони Русия ҳамкорӣ мекунанд. Гуфтам, ин фикри ман аст, ки сарҳади Тоҷикистон дар ихтиёри худамон бошад. Ба ҳар сурат мо тарҳи нави созишномаро омода кардем, ки дар он ҳамаи шарту шароит барои бозпас гирифтани масъулияти муҳофизати марз ба дӯши сарҳадбонони Тоҷикистон вогузор мешуд.Сипас бо фармони раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи давлатии қабули марз ташкил дода шуд, ки раёсати онро генерал-лейтенант Абдураҳмон Азимов бар ӯҳда дошт. Дар ин комиссиюн ман ба унвони муовин фаъолият карда ва дигар бар асоси нақша ҳамроҳ бо генералҳои рус ҷараёни ихроҷи нерӯҳои Русия аз марз ва ба ихтиёри марзбонони тоҷик вогузор кардани онро ба анҷом расонидем.

Суол: Дар ин миён медонистед, ки ҷаноби президент аз мавқеи шумо ҳимоят хоҳад кард?

Ҷавоб: Бале, дар ҳақиқат ман мефаҳмидам, ки ҷаноби президент инро мехостанд, ҳаракат ҳам мекарданд, ки мо дар хатти якуми сарҳад бошем. Ҳатто дар вақти ҳамон сӯҳбат мисоле ҳам оварда будам, ки дар дидбонгоҳ ва гузаргоҳҳои марзӣ байрақҳои Русия ҷилва мекунанд ва вақте аз хориҷа одамҳо меоянду мебинанд ин парчамҳоро фикр мекунанд, ки онҳо ба Русия дохил мешаванд. Бояд, ки дар ин нуқтаҳо байрақи Тоҷикистон парафшон бошад. Албатта, баҳсҳои зиёд сурат гирифт вале мо созишномаи навро таҳия карда муваффақ ба коре шудем, ки имрӯз дар борааш сӯҳбат мекунем.

Суол: Аммо ҷаноби генерал ҳоло чунин ба назар мерасад, ки русҳо дубора мехоҳанд, ба марзҳои Тоҷикистон баргарданд. Назари Шумо чӣ аст, барои бозгашти онҳо зарурате пеш омадааст?

Ҷавоб:
Ман фикр мекунам як чунин зарурат аслан вуҷуд надорад. Зеро Тоҷикистон давлати мустақил аст ва тӯли панҷ соле, ки марзбонони тоҷик худ бар дифоъ ва ҳимояти марзҳои ватан камар бастаанд, исбот карданд, ки метавонанд сарҳадоти худро мустақилона муҳофизат кунанд. Дуруст аст, ки дар он тарафи марз кишвари ҳамсоя ноором аст ва шояд хатарҳои нооромӣ аз сӯи бархе аз гурӯҳҳои қочоқчиёни маводи мухаддир ва ё табаҳкороне ба вуҷуд оянд вале ин замина ва ё асос барои бозгашти русҳо буда наметавонад. Давлати соҳибистиқлол, албатта, марзҳои худро худ ҳифз хоҳад кард ва ман бо боварӣ метавонам бигӯям, ки марзбонони тоҷик ин корро бо сарбаландӣ ва ифтихори бузург анҷом хоҳанд дод. Бори дигар мегӯям, ки мо давлати соҳибистиқлол астем. Ва яке аз нишонаҳои соҳибистиқлолӣ он аст, ки давлат марзҳои худо бо қувваи худ муҳофизат кунад.

Суол: Вале ҳанӯз, ки имконоти кофии кор дар мақомотро доред чаро, ки якбора аз постҳои муҳим ба поён оварданд?

Ҷавоб: Фикр мекунам, ки ба постҳои поён нарафтаам. Ман аз вазифаи баланд ба нафақа рафтам. Ман муовини вазири умури изтирорӣ ва сипас муовини раиси ин Кумита таъин шудам. Аммо мувофиқи қонунгузорӣ барои афроди низомӣ мӯҳлати нафақа пештар меояд. Аз ин рӯ агар корҳоят хуб ҳам бошад. вале чун солат ба шаст расид, бояд бознишаста шавӣ. Бисёр хурсандам, ки соли 2008 ба нафақа баромадам. Шукр мекунам. Саривақт нафақаро мегирам ва ҳоло боз кор ҳам мекунам.

Суол: Шумо ихтиёрӣ ба нафақа рафтед ва ё гуселониданд?

Ҷавоб: Валлоҳ, ки ман тамоман хабар надоштам. Вақте дар утоқи корӣ
нишаста будам, яке аз фармондеҳони қисми низомӣ ворид шуд ва гуфт, ки Шуморо аз вазифа барканор карданд. Ростӣ, ман ҳайрон шудам ва гуфтам, касе дар ин бобат ба ман чизе нагуфтааст. Ман бовар накардам ва ба ӯ гуфтам, ки бирав пайи кори худ шав ба ин корҳо чӣ дахл дорӣ? Баъди тахминан ним соат, раиси кумита, ки Маҳмадтоҳир Зокирович буданд, ҷеғ заданд. Омадам, ки як нафар сардори шӯъбаи дастгоҳи президент қарори ҳукумат барои аз вазифа рафтани ман дар дасташ гуфт, ки шумо ба нафақа рафтед. Хуб, гуфтам, майлаш, раҳмат ва ягон гапи зиёдатӣ нагуфта, бо ҳамин рафтам.

Суол: Пештар дар бораи сарват сӯҳбат кардед ва агар ҳоло савол ин тавр бошад, ки Нуралишо Назаров чӣ дорад? Дача, ресторан, мошин, қаср?

Ҷавоб: Дар ҳақиқат имкониятҳо бисёр буду вале дар ин хусус фикр намекардем. Вақте ки ман аз Вазорати корҳои дохилӣ барои кор ба Шӯрои амният гузаштам, ҷаноби президент пурсиданд, ки зиндагиат чӣ хел аст, Назаров? Ман гуфтам, ташаккур, ҳама чиз мерасад. Бо ҳамин ба кори дигар гузаштам. Сад бор шукр мекунам, ки зиндагиам хуб аст, фарзандон ва оилаи хуб дорам. Фарзандонам соҳиби маълумоти олианд, кор мекунанд. Ягон камбудӣ нест. Барои одамизод дигар чӣ даркор аст? Хона дорам мошин дорам, дача надорам, лекин ман хоҷагии деҳқонӣ дорам. Заҳмат мекашам. Рӯзҳои шанбеву бозор дар он замин кор мекунам, боғ бунёд кардаам. Як-ду гов ҳам дорам. Мол дорам.Умуман ҳаракат мекунам. Аз хурдӣ ба замин муҳаббати хоса дорам, бобоҳоям деҳқонони асил будаанд, кор кардан дар заминро дӯст медорам.

Суол: Рутбаи генералиро чӣ тавр дарёфтед?

Ҷавоб: Ба ростӣ, гирифтани ин рутбаро фикр ҳам намекардам ва барои он омода ҳам набудам. Замоне, ки Тоҷикистон соҳиби истиқлолият шуд ва давлати мустақил эълон гардид (дар моҳи сентябри соли 1991) ман дар риштаи умури дохилӣ фаъолият мекардам ва соҳиби рутбаи подполковникӣ будам. 6 феврали соли 1998, ки Рӯзи милисаи тоҷик эълон шудааст, дар ҷаласаи васеъе ҳамроҳ бо дигар ҳамкасбон иштирок доштам. Ин як рӯзи тантанавӣ барои кормандони милиса буд ва дар он ҷаласа фармонеро қироат карданд, ки бар асоси он ба Назаров Нуралишо рутбаи генерал-майори милиса дода шуд. Рости гап ин фармон барои ман бисёр ногаҳонӣ буд ва худамро лаҳзае гум кардам, тамоман омода набудам.Зеро нафаре ҳам дар ин бора пешакӣ чизе нагуфта буд. Аз тарафи дигар тибқи меъёрҳои онвақта, ки аз замони шӯравӣ мерос монда аст сатҳи болои рутбаи сардори раёсат (управления) дар милиса генерал набуд. Яъне ба сардори раёсат чунин рутба дода намешуд. Ман бисёр хурсанд шудам. Худи ҷаноби олӣ дар он ҷаласаи мутантан маро табрик карда, погонҳои генералиро ба дастам дод. Ва ман низ бо изҳори ташакур гуфтам, ки ба халқ ва давлат хизмат мекунам.

Нуралишо Назаров

Генерали мустаъфӣ Нуралишо Назаров, сардори пешини Ситоди марказӣ ва муовини аввали раиси Кумитаи ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистон аз афсарони баландрутбаи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва парвардаи мактаби низомии Иттиҳоди Шӯравист.

Дар сафи артиш хидмат карда мактаби олии милисаро дар Тошканд ва академияи Вазорати умури дохилии шӯравиро дар Маскав хондааст. Аз ходими одӣ то ба дараҷаи генералӣ расида, тӯли фаъолияташ дар бархе аз навоҳии ҷануб, атрофи пойтахт ва дар мақомоти марказии Вазорати дохилии Тоҷикистон хидмат кардааст.

Ҷаноби Назаров ҳоло бознишаста аст аммо дар Кумитаи заминсозии Тоҷикистон фаъолият дорад. Мегӯяд аз маош ва нафақае, ки мегирад розӣ аст. Як фарзандаш дар пайраҳаи ӯ қадам ниҳода тӯли 18 сол аст, ки афсари Вазорати умури дохилист.

Назорати марзро бар дӯш гирифтани марзбонони тоҷик

Мусоҳиба бо Нуралишо Назаров дар соли 2004
XS
SM
MD
LG