Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дар шабакаҳо навиштам, аммо хиёнат накардам." Мурофиаи "талоши табаддулот"

навшуда

Боздоштгоҳи шаҳри Душанбе
Боздоштгоҳи шаҳри Душанбе

Мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта дар доираи парвандаи "талоши табаддулот" ва "ғасби қудрат" дар Тоҷикистон рӯзи 18-уми ноябр дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе тақрибан чаҳор соат идома кард. Ҳамаи онҳо моҳи июн боздошт шуда, бархе, аз ҷумла Шокирҷон Ҳакимов, иттиҳомро рад кардаанд.

Наздикони боздоштшудаҳо рӯзи душанбе ба толори мурофиа роҳ наёфтанд. Вакилони мудофеъ ҳозир нашуданд, ки бо хабарнигорон суҳбат кунанд.

Як манбаи огоҳ аз қазия бо шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, дар мурофиа ҳамаи айбдоршавандаҳо ҳузур дошта, назари чаҳор тани онҳо, аз ҷумла Ҳамрохон Зарифӣ, вазири собиқи корҳои хориҷӣ шунида шуд.

Ба иттилои ин ҳамсуҳбати мо, "Зарифӣ гуфтааст, ӯ ба давлат хиёнат накард. Вале тасдиқ кардааст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо имзои мустаор менавишт, чун агар бо номи худ менавишт, назари собиқ вазири корҳои хориҷӣ фаҳмида мешуд." Дақиқ нест, ки кадом нигоштаи ӯ мавриди баҳс қарор гирифтааст.

Ҳамрохон Зарифӣ бо номи худаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифа дорад ва солҳои охир ёдвораҳоро аз замони кораш дар Ҷопон нашр мекард.

Ба иттилои манбаи Радиои Озодӣ, се боздоштшудаи дигар – Абдулфайз Атоӣ, сухангӯйи пешини Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Нурамин Ғанизода ва Ҷамшед Боев, ду сарҳанги бознишастаи амният низ дар мурофиа иттиҳоми ғасби ҳокимиятро рад кардаанд.

Ҷузъиёти суҳбати айбдоршавандаҳо маълум нест. Ба парванда муҳри махфӣ зада шудааст ва мақомоти додгоҳ низ мавзуъро шарҳ намедиҳанд.

Наворро дар инҷо бинед:

Муҳокимаи чеҳраҳои шинохтаи сиёсии Тоҷикистон идома дорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:15 0:00

Мурофиаи навбатии чеҳраҳои шинохта ба рӯзи 21-уми ноябр гузошта шуд. Интизор меравад, назари Саъидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон, Акбаршоҳ Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олӣ, Аҳмадшоҳ Комилзода, рӯзноманигор ва муовини раиси Ҳизби демократ ва Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдон ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба айбнома шунида шавад.

Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, боздоштшудаҳо бар асоси чор банди Кодекси ҷиноӣ: 189 (барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ), 247 (қаллобӣ), 305 (хиёнат ба давлат) ва 306 (талош барои ғасби қудрат) – айбдор мешаванд.

Боздошти чеҳраҳои шинохта дар моҳи июни имсол, пас аз дастгир шудани Саидҷаъфар Усмонзода оғоз шуд. Айбномаи боздоштшудагон аз 10-20 сол зиндон то ҳукми абадро бо мусодираи амвол пешбинӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG