Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё Тоҷикистон ба дидбонии марз бо Афғонистон омодааст?


Нуралишо Назаров - фармондеҳи Ситоди кулли кумитаи ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистон гуфт, воҳидҳои низомии марзбонии кишвар барои ба дӯши худ гирифтани масъулияти ҳимоят ва назорати комили марз бо Афғонистон омода мебошанд: "Аз Ишкошим сар мекунем, ин қисматро мегирем, баъд Хоруғу, Қалъаи Хумбро. Хизматро давом додан мегирем, ҳама омода аст."

Оқои Назаров гуфт, ҷиҳати анҷоми ҳамагуна амалиёти ҳарбӣ, минҷумла дифоӣ дар қитъаҳои марзие, ки ҷониби Тоҷикистон зери итоати худ хоҳад овард, ҳайъати шахсӣ, афсар, муҳиммоти ҷангӣ ва захоири маводи ғизоӣ ба таври зарурӣ омода шудааст. Вай изҳори умедворӣ кард, ки дар ин замина ҳеҷ мушкилоти ҷиддие пешорӯи марзбонони тоҷик нахоҳад омад. Аммо на ҳама аз коршиносони тоҷик бар ин боваранд, ки марзбонони тоҷик бидуни мушкилоте хоҳанд тавонист, масъулияти дифоъ ва назорати марзи миёни ин кишвар бо Афғонистонро анҷом диҳанд. Ин коршиносон бо нигаронӣ аз мушкилоти иқтисодӣ ва нокифоятии буҷаи кишвар аз як сӯ ва аз сӯи дигар аз вуҷуди таҳдидҳои воқеӣ аз ҷониби бархе аз гурӯҳҳои саркаш ва нофармон дар Афғонистон ёдовар мешаванд.

Қосимшо Искандаров - мудири Маркази низоъшиносии Тоҷикистон ва яке аз пажӯҳишгарони масоили амниятӣ мегӯяд, новобаста аз истиқрори сулҳу субот дар Афғонистони ҳамсоя, авомиле вуҷуд дорад, ки марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро ҳар лаҳза метавонад, ба нооромӣ бикашад. Вай мегӯяд: "Дастаҳои зиёде дар ин ҷо амал мекунанд ва то ҳол халъи силоҳ нашудаанд ва дар як қисмати Афғонистон ҳоло ҳам бақоёи Толибон ва бақоёи Ал-қоида ҳузур доранд ва ҳамчунин гурӯҳҳои тундрав дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд. Бинобар ин ҳама сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон осебпазир аст."

Анвар Тағоймуродов узви Кумитаи амният ва дифоъи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бар ин ақида аст, дар ҳоле, ки ҳатто муборизоти муштараки сарҳадчиёни тоҷик бо Русия натавонистааст, аз раванди рӯ ба афзоиши қочоқи маводи мухаддир ҷилавгирӣ кунад, мушкилоти мубориза бо гурӯҳҳои мафиозӣ ва қочоқбар дар марз баъд аз хуруҷи марзбонони рус шиддат хоҳад ёфт. Вале гуфт вай, мутмаин аст, ки нирӯҳои тоҷик қодир ба ҷилавгирӣ аз ҳар гуна сарҳадшиканӣ мебошанд: "Нерӯҳои марзбони мо нисбати пешина ҳаматарафа обутоб ёфтанд, омода шуданд, тақвият ёфтанд, чӣ аз ҷиҳати таҷҳизоти техникӣ ва чӣ аз ҷиҳати малакаи ҷангӣ."

Дар ҳамин ҳол Комёб Ҷалилов - коршиноси тоҷик дар умури низомӣ бо ишора марзи наздик ба якуним ҳазор километрии миёни Тоҷикистон ва Афғонистон ва таҳдидҳои ношӣ аз он ба амнияти кишвар ва минтақа бар ин назар аст, ки барои ҳимояти марз мешавад аз мардуми маҳаллӣ низ истифода кард: "Сарҳадро ҳаргиз ҳатто агар девор ҳам гиред, касе хоҳад таҷовуз мекунад. Барои ин фақат ҷалб намудани мардуми маҳалла муҳим аст. Сокинони наздимарзӣ, манфиати худро худаш ҳимоят мекунад." Аммо бо ин вуҷуд ҷаноби Ҷалил гуфт, ки марзбонои тоҷик барои як, ё ду сол шояд ба мушкилот рӯ ба рӯ шаванд, вале ба тадриҷ ин нирӯҳо комилан ба назорат ва ҳифозати марз тасаллут хоҳанд ёфт.

Баҳси таҳвили масъулияти ҳимояти марзи миёни Тоҷикистон ва Афғонистон аз марзбонони Русия ба сарҳадбонони тоҷик замоне шурӯъ шуд, ки қарордоди миёни Тоҷикистон ва Русия дар ин замина эътибори ҳуқуқии худро аз даст дод. Ҳукумати Тоҷикистон бо пешниҳоди шароити тоза ба ҷониби Русия эълом дошт, ки минбаъд мустақилона метавонад, аз марзҳои худ бо Афғонистон ҳимоят кунад. Ва ниҳоят пас аз мубоҳисоти тӯлонӣ ҳарду кишвар ба мувофиқа расиданд, ки то охири соли 2006 назорати охирин қитъаҳои марзӣ аз ихтиёри марзбонон Русия ба итоати нирӯҳои марзбони тоҷик вогузор мешавад. Дар як соли пеш марзбонони тоҷик муроқибати беш аз панҷсад километри марзи ин кишвар бо Чинро аз итоати марзбонони рус ба ихтиёри худ гирифта буданд.
XS
SM
MD
LG