Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назорати марзҳои хешро пурра ба дӯш гирифтани сарҳадбонони тоҷик


Нуралӣ Давлатов, муаррихи тоҷик дар ин маврид мегӯяд, «Императори рус, Николайи 1 гуфта буд, ки дар он ҷое, ки парчами Русия як бор барафрохта мешавад, он набояд дигар поён фарояд. Ва чун Русия ба ин минтақа даромад, марзҳо низ мушаххас гардиданд. Марзи Тоҷикистону Афғонистон дар солҳои сиюми асри гузашта мустаҳкам шуда буд. Иттиҳоди Шӯравӣ ин марзро хеле сахт зери назорат гирифт.»

Ҷаноби Давлатов афзуд, дар ин марзбандӣ аз се ду қисмати Бадахшон ба Афғонистон, кишвари зери нуфузи Бритониё шомил шуд. Ва дар ҳоле ки таи ин солҳои мадид русҳо ҷилави марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро ба дасти худ доштанд, то 13 сол қабл, яъне замони соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон, масъалаи ҳифозати марзро ба ихтиёри худ гирифтан дар ин кишвар матраҳ намешуд. Ва созишномаи даҳсолаи бо русҳо ба тасвибрасонидаи Тоҷикистон, дар мавриди ҳифозати марзҳои кишвар дар ду соли қабл хотима ёфт. Дар ҳамин ҳол, ҷониби Тоҷикистон омодагӣ ҷиҳати ҳифозати марзҳои худро ба Русия пешниҳод кард ва ахиран нигаҳбонии кулли марзҳои худро ба даст гирифт.Нуралишо Назаров, муовини раиси кумитаи марзбонии Тоҷикистон дар мавриди то кадом ҳад омодагии сарҳадбонони кишвар ба дунболи ба даст овардани масъулияти кулли марзҳо мегӯяд:

«Ман ҳамчун сардори сарситоди нерӯҳои сарҳадӣ чунин баҳо медиҳам, ки нерӯҳои марзбонии тоҷик имрӯз омода ҳастанд барои ҳифозати сарҳад. Мисол, мо сарҳади Тоҷикистону Чинро гирифтем. Ҳоло хизмат ба дараҷаи олӣ рафта истодааст. Таъминот ҳаст.»

Дар ҳамин ҳол, Сайфулло Сафаров, раиси маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон гуфт, ҳарчанд ба дӯш гирифтани нигаҳбонии марзи худ дар шароити феълӣ барои Тоҷикистон масъулияти бузург аст ва мушкилот ҳам ба дунбол дорад, аммо чун ин далели соҳибистиқлолии кишвар мебошад, нерӯҳои марзбони кишвар дар ин маврид аз нангу номус кор хоҳанд гирифт:

«Имкониятҳои мо бад нестанд ва қувваҳои интизомии мо низ зиёд аст. Мо метавонем, ки ин нерӯҳоро ба сарҳад интиқол диҳем, зеро аз нуқтаи назари ҳарбӣ - сиёсӣ ягон хавфи беруна ё дохила ба мо таҳдид намекунад. Аз ин сабаб, ин қувваҳо ва бӯҷаи онҳоро метавонем, оҳиста - оҳиста ба сарҳад интиқол бидиҳем. Дар Афғонистон низ сулҳу субот истиқрор гашта истодааст ва хавф камтар шуда истодааст.»

Ин дар ҳолест, ки Нуралӣ Давлатов, муаррих ва коршиноси тоҷик мегӯяд, ҷиҳати ҳифозати марз бояд кишварҳои мутараққии ҷаҳон Тоҷикистонро пӯштибонии молӣ кунанд, то аз далели хавфнок дар марзи имрӯзаи Тоҷикистону Афғонистон, қочоқи маводи мухаддир ҷилавгирӣ шавад.

«Тоҷикистон як кишвари мустақил аст ва ба умеди кишвари бегона ва артиши бегона шудан кори дуруст ҳам нест. Мисол овардаанд, ки ва ҳам солҳои 1991 ва 1992 инро нишон дод, ки дар интиқоли силоҳ, маводи мухаддир русҳо бетаваҷҷӯҳӣ зоҳир мекарданд, гӯё, ки ин як сарҳади бегона аст.»

Ба ин тартиб, нирӯҳои марзбони Тоҷикистон бо ба дӯш гирифтани назорати марз бо Афғонистон, ҳимояти хутути марзҳои ҷанубии кишварҳои узви ҷомеаи муштракулманофеъро ба ихтиёри худ гирифт.
XS
SM
MD
LG