Пайвандҳои дастрасӣ

 
Бозгашт ба "усули бобоӣ". Сокинон дар Тоҷикистон роҳи наҷот аз сардиро меҷӯянд
Хабари нав

Бозгашт ба "усули бобоӣ". Сокинон дар Тоҷикистон роҳи наҷот аз сардиро меҷӯянд


Дар Тоҷикистон бо ҳар роҳе талош мекунанд, ки аз сардӣ наҷот ёбанд.
Дар Тоҷикистон бо ҳар роҳе талош мекунанд, ки аз сардӣ наҷот ёбанд.

Бо наздик шудани зимистон ва сардтар гардидани ҳаво аксари сокинони навоҳии Тоҷикистон шикоят доранд, ки бо душворӣ рӯз мегузаронанд. Дар як шабонарӯз ҳамагӣ 8 соат барқ мегиранд ва барои гарм кардани хонаҳояшон усулҳои бобоиро истифода мебаранд.

Сандалӣ насб мекунанд ва ё ҳезуму ангиштро дар бухории бобоӣ месӯзанд.

Оилаи Қурбоновҳо имсол низ ягона роҳи гармшавиро дар сандалии бобоӣ мебинанд. Дар ин хонавода се оила зиндагӣ мекунанд ва то омадани барқ худу фарзандонро бо ин роҳ аз сардӣ эмин медоранд.

Аюбҷон Қурбонов, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, талош дорад, то хонаи сардашро бо ангишт гарм кунад. “Гармии он то як шабона рӯз меистад. Баъд ҷойи онро онро иваз мекунем. Ангишти нав меандозем ва ба болояш каме хокаи ангишти даргирифтаро мемонем, дар мегирад. Фақат якто тирезаро кушода мемонем барои гази ангишт зарар нарасонад. Ҳаминтавр зиндагонӣ мекунем,”—гуфт ӯ.

Дигар хонаводаҳо дар ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ғайр аз сандалӣ бухории бобоӣ низ насб кардаанд ва бо ин усул ҳам хонаашонро гарм мекунанду ҳам хӯрок омода месозанд. Бо ин вуҷуд модари калонсоли Мақсадой аз деҳаи Ҳаёти нави ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз сардӣ бемор шудааст.

“Модари 92 сола дорам. Хонамон хунук аст, маҷбур ба санатория бурда мондем. Баъди панҷ рӯз меоянд, боз як илоҷ карда зиндагиамонро пеш мебарем. Чандин сол боз вазъият ҳамин хел аст,” - афзуд Мақсадой

Баъзе аз сокинон мегӯянд, ҳарчанд аз сардӣ азоб мекашанд, вале ба сабаби бад шудани вазъи саломатӣ наметавонанд бухории бобоӣ ё сандалӣ насб кунанд. Хонаводаи Ёқубовҳо то омадани барқ дигар роҳи гармшавӣ надоранд.

Шоира Ёқубова, сокини дигари ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, чанд ҳафта боз хонаҳо сарду ториканд. “Ангишт истифода карда наметавонем. Аллергия дорем, сулфа мекунем. Фишорам баланд мешавад. Мардакам аз кор меоянд, ҳамаҷо хунук аст. Хурокомона бевақт тайёр мекунем,”-гуфт ӯ.

Ширкати "Барқи Тоҷик" аввали тирамоҳ эълон кард, ки зимистони имсол "бисёр сарду тӯлонӣ" хоҳад буд ва бинобар ин аз 22-юми сентябр ба мардум бо маҳдудият нерӯи барқ медиҳад. Пештар мавсими "лимит" моҳи октябр оғоз шуда, дар моҳи апрел ба поён мерасид. Ин вазъ сокинонро хеле нигарон кардааст.

Мақсадой аз ин реҷаи “Барқи Тоҷик” розӣ нест. Ӯ гуфт: “Саҳар соати 8 мекушанд, бегоҳ соати қариб 5 медиҳанд. Шабона боз аз соати 10 мекушанд то соати 4-5 – и саҳар барқ нест. Хона камтар гарм мешавад, ки барқро хомуш мекунанд. Тарафи ҷамоати Ёва ҳама ҳаминхел ҳолат доранд. Дигар илоҷамон нест. Мехоҳем барқро диҳанд. Сари вақт пулашро медиҳем.”

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Набуди барқ мардумро маҷбур кард, усулҳои қадимаро ба кор баранд
лутфан мунтазир бошед
  • Auto
  • 240p
  • 360p
  • 480p
  • 720p
  • 1080p

Феълан кор намекунад

0:00 3:24 0:00
  • Auto
  • 240p
  • 360p
  • 480p
  • 720p
  • 1080p

Масъулони ширкати "Барқи Тоҷик" дар муроҷиатномае, ки аз маҳдудияти барқ хабар дода буданд, мушкилро ба камбуди об ва афзоиши аҳолӣ рабт дода, аз сокинон хостаанд, "ба зимистон омодагии ҳамаҷониба бинанд ва дар тирамоҳу зимистон нерӯи барқро сарфакорона истифода кунанд. “

Ба фарқ аз навоҳӣ, дар аксари шаҳрҳо маҳдудияти барқ ҷорӣ нест. Бисёре аз бошандагони навоҳӣ дар суҳбат бо мо гуфтанд, ки ин ҳолат онҳоро водор сохтааст дар бебарқиҳо ба шаҳр оянд ва муваққатан инҷо зиндагӣ кунанд. Аммо на ҳама сокинон имкони молии дар шаҳр хона гирифтану зиндагӣ карданро доранд.

Маҳдудият ё лимити барқ солҳост, ки барои аз нисф зиёди аҳолии Тоҷикистон ҷорӣ мешавад. Бо ба кор андохтани чархаи нахустини нерӯгоҳи “Роғун” ҳукумати Тоҷикистон иддао карда буд, ки лимит дар кишвар афсона мешавад, вале бо ин вазъ маълум нест, ки кай ин “афсона” моли таърих мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG