Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳамла бо гап намешавад, натиҷаро мушак нишон медиҳад"


Мушаки ATACMS, ки Амрико ба Украина додааст, то 300 километр дур меравад
Мушаки ATACMS, ки Амрико ба Украина додааст, то 300 километр дур меравад

Ҷо Байден, президенти Иёлоти Муттаҳида, ба Украина иҷоза додааст, ки барои ҳамла ба дарунтари хоки Русия аз мушакҳои дурпарвози сохти Амрико истифода кунад. Иҷозаи чунин ҳамла моҳҳо боз баҳс мешуд. Амрико то кунун иҷоза надода буд, ки Украина аз мушакҳои дурпарвоз истифода кунад.

Мақомоти Русия пештар гуфта буданд, ки Украина худаш ин мушакҳоро истифода карда наметавонад ва барояш ёрии низомиёни НАТО лозим мешавад. Аз ин рӯ, Владимир Путин, президенти Русия, гуфта буд, кишвараш ин ҳамларо ҳамчун зарбаи НАТО мепазирад ва посухи сахте хоҳад дод.

Хабаргузории “Reuters” навишт, ки Ҷо Байден қарорро нав имзо кардааст. Мушаки ATACMS, ки Амрико ба Украина дода буд, то 300 километр дур меравад. Раҳгирии ин навъи мушак барои Русия кори сахт аст ва он метавонад барояш вайронии зиёде биёрад.

Владимир Зеленский, президенти Украина гуфт, натиҷаи кори мушакро пас аз ҳамла хоҳед дид: “Имрӯз расонаҳои зиёд навиштанд, ки мо барои амал иҷоза гирифтем. Ҳамла бо гап намешавад. Чунин чизҳоро эълон намекунанд. Натиҷаро мушак нишон медиҳад. Ҳатман.”

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Байден иҷоза дод, Украина аз мушакҳои дурпарвоз истифода кунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:30 0:00

Чанд мақоми амрикоӣ ба хабаргузории “Reuters” гуфтаанд, ки Амрико ин иҷозаро пас аз он дод, ки Русия сарбозони Кореяи Шимолиро ба ҷанг ҷалб кард. Хабаргузорӣ навишт, эҳтимол Украина бо ин мушак ба пойгоҳе дар Курск ҳамла кунад, ки дар он сарбозони Кореяи Шимолӣ ҷойгир шудаанд.

Нерӯҳои Украина тобистони имсол ҳудуде аз Курскро гирифтанд. Ҳоло хабар мерасад, ки сарбозони Кореяи Шимолӣ ҳамроҳи низомиёни рус алайҳи сарбозони украинӣ дар ин минтақа вориди ҷанг шудаанд.

Доналд Трамп, президенти мунтахаби Амрико, ки ваъдаи қатъи ҷангро дар Украина дода буд, ду моҳ баъд ба кор оғоз мекунад. Ҳанӯз мавқеи ӯ дар бораи ин тасмим маълум нест, вале ӯ борҳо ёрии зиёди низомиро ба Украина танқид карда буд.

Мақомоти амрикоӣ гуфтаанд, ҳамла бо чунин силоҳ Украинаро дар мавқеи қавитар қарор хоҳад дод ва шояд ин мавқеъ Русияро зудтар сари мизи музокирот ва поёни ҷанг бикашонад.

Назарҳои баръакс низ вуҷуд доранд, ки эҳтимол иҷозаи ҳамла бо мушакҳои дурпарвоз танишро авҷ диҳад ва ҷангро ба дарозо кашад. Ҳоло нигоҳҳо ба Украина равона шудаанд, ки он кай ва чӣ гуна аз мушакҳои дурпарвоз алайҳи Русия истифода хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG