Сокинони ноҳияҳои Балҷувон ва Темурмалик солҳост аз сифати пасти интернет ва алоқаи мобилӣ шикоят мекунанд.
Дар як минтақаи Туркманистон маъмурони амниятӣ донишҷӯёни муҳассили мактабҳои Узбекистон ва Тоҷикистонро аз "санҷиш" мегузаронанд.
Вохӯрии президентони Тоҷикистон ва Русия – Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар Маскав рӯзи 17 март баргузор мешавад.
Дар Русия муҳоҷири корӣ будан сол то сол душвортар мешавад. Ҳамлаи террористӣ дар толори консертии "Крокус сити ҳолл" моҳи марти соли 2024 дастони нерӯҳои амниятӣ ва ҳамаи онҳоеро, ки аз минбарҳои баланд ба коҳиши теъдоди коргарони хориҷӣ даъват мекарданд, боз кард.
Додгоҳи олии Тоҷикистон 31 нафарро аз ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ аз 2 то 23 сол зиндонӣ кардааст. Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, маҳкумшудаҳо сокинони деҳаи Жамак, Андарбак ва Будун ҳастанд ва “барои омодагӣ ба харобкорӣ” ва узвият дар гурӯҳи “Ансоруллоҳ” гунаҳкор дониста шудаанд.
Ду гузаргоҳро дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи 13-уми март боз карданд. "Гулистон" (Қизилбел) ва "Маданият" (Қайрағоч) аз соли 2021, пас аз задухӯрди мусаллаҳонае, ки аз ду ҷониб чандин куштаву захмӣ барҷой гузошт, баста буд.
Дар ҳоле ки чашми ҷаҳониён ба музокироти поён додан ба ҷанги сесолаи Русия дар Украина дӯхта шудааст, ду кишвари Осиёи Марказӣ сокиту хомӯш тавонистанд, то як муноқишаи дароз ва гоҳе хунинро ба гузашта бисупоранд.
Ёфтҳои бештар