Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия таъқиби муҳоҷирон бештар мешавад (Рӯзгори муҳоҷир #37)


Дар Русия муҳоҷири корӣ будан сол то сол  душвортар мешавад. Ҳамлаи террористӣ дар толори консертии "Крокус сити ҳолл" моҳи марти соли 2024 дастони нерӯҳои амниятӣ ва ҳамаи онҳоеро, ки аз минбарҳои баланд ба коҳиши теъдоди коргарони хориҷӣ даъват мекарданд, боз кард.

Эҳтимолан, ҳоло вазъи мушкилтаринро зодагони Тоҷикистон доранд, чун гумонбарони асосии ташкили ҳамла шаҳрвандони ин кишвар ҳастанд ва айни замон, беш аз як миллион шаҳрванди ин кишвар дар Русия бо мақсади пайдо кардани кор қарор доранд.

Ҳам худи муҳоҷирон ва ҳам ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, муносибати мақомоти Русия нисбат ба онҳо, дар қисёс бо ба муҳоҷирони Узбекистону Қирғизистон бадтар шудааст. Чунин ба назар мерасад, ки гӯё мардуми тоҷик барои ҳамлаи террористӣ "ҷавобгарии дастаҷамъӣ" доранд.

Ҳабибуллоҳ Воҳидзода, Додситони кулли Тоҷикистон моҳи феврал дар нишасти хабариаш аз бозпас фиристода шудани даҳҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик аз Русия дар соли 2024 хабар дод. Дар як соли баъди "Крокус" Думаи давлатӣ ҳудуди 14 қонунеро қабул намуд, ки соҳаи муҳоҷиратро зери назорати шадид мегирад. Илова бар ин, муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ҳамеша бо хатари сафарбарӣ ба ҷанги Украина рӯ ба рӯ мебошанд.

Аммо онҳо бояд чӣ кор кунанд? Дар Русия бимонанд ё ба ватан баргарданд? Ин мавзӯъи нашри навбатии барномаи «Рӯзгори муҳоҷир» аст.

Дар Русия таъқиби муҳоҷирон бештар мешавад (Рӯзгори муҳоҷир #37)
лутфан мунтазир бошед
  • Auto
  • 240p
  • 360p
  • 480p
  • 720p
  • 1080p

Феълан кор намекунад

0:00 18:58 0:00
  • Auto
  • 240p
  • 360p
  • 480p
  • 720p
  • 1080p


Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG