Додгоҳи олии Тоҷикистон 31 нафарро аз ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ аз 2 то 23 сол зиндонӣ кардааст. Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, маҳкумшудаҳо сокинони деҳаи Жамак, Андарбак ва Будун ҳастанд ва “барои омодагӣ ба харобкорӣ” ва узвият дар гурӯҳи “Ансоруллоҳ” гунаҳкор дониста шудаанд.
Ду гузаргоҳро дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи 13-уми март боз карданд. "Гулистон" (Қизилбел) ва "Маданият" (Қайрағоч) аз соли 2021, пас аз задухӯрди мусаллаҳонае, ки аз ду ҷониб чандин куштаву захмӣ барҷой гузошт, баста буд.
Дар ҳоле ки чашми ҷаҳониён ба музокироти поён додан ба ҷанги сесолаи Русия дар Украина дӯхта шудааст, ду кишвари Осиёи Марказӣ сокиту хомӯш тавонистанд, то як муноқишаи дароз ва гоҳе хунинро ба гузашта бисупоранд.
Раҳбарони Тоҷикистон ва Қирғизистон созишномаро дар бораи марзи давлатии ду кишвар имзо карданд. Маросим рӯзи 13-уми март дар шаҳри Бишкек баргузор шуд. Ҷое, ки расиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ рафтааст.
Чандин баробар боло рафтани арзиши санади нобудӣ ё утилизатсия воридкунандагони мошинҳоро ба Тоҷикистон нигарон кардааст. Онҳо мегӯянд, ин иқдом ба нархи мошин бетаъсир нахоҳад буд.
Мақомоти амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон дар пайи як амалиёт беш аз 20 сокини маҳаллаи "Дарвоз"-и шаҳри Душанберо боздошт кардаанд.
Ёфтҳои бештар