Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ беш аз бист сокини боздоштшудаи маҳаллаи "Дарвоз"-и Душанберо, ки язгуломӣ ҳастанд, ду моҳ ба ҳабс гирифтааст. Язгулом ҷамоате дар ноҳияи Ванҷ аст, вале баъзе аз зодагонаш дар пойтахт ва гӯшаҳои дигари Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.
“Forum 18” дар як гузориш мақомоти Тоҷикистонро танқид кардааст, ки монеи баргузории маросими исмоилиён дар шаҳрҳои Хоруғ ва Душанбе шудаанд. Ин пойгоҳ вазъи озодиҳои диниро дар ҷаҳон бозтоб медиҳад. Гузориш рӯзи 19-уми март нашр шуд.
Маъмурони амниятӣ дар вилояти Суғд Аюб Усмонзода, раиси Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷандро боздошт кардаанд. Ҳарчанд дар ин бора ҳеч ниҳод маълумоти расмӣ намедиҳад, ба иттилои дарёфтӣ, ҳодиса дар аввали моҳи март рух дода, Усмонзода ба ришваситонӣ гумонзад аст. Ҷузъиёташ феълан дастрас нест.
Гулракат Мирзоева, модари Далерҷон Мирзоев, яке аз гумонзадҳои ҳамла ба толори консертии “Крокус” дар Русия як сол боз аз писараш хабар надорад. Ҳар гоҳ хумори писараш гирад, ба Интернет рӯй меорад, то аксҳои ӯро бинад ва ё дар борааш маълумоте гирад, аммо чизи дилгармкунандае намеёбад.
Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) дар таҳқиқоти наве гуфтааст, ки пас аз ҳамла ба толори консертии “Крокус”, муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар Русия пайваста таъқиб ва озору азият мешаванд.
Бадахшон Сафарова, сокини 30-солаи ноҳияи Восеъ, мехоҳад ду фарзанди хурдсолашро ба ятимхона ё интернат бисупорад. Ӯ аз шавҳар ҷудо шудааст ва ба танҳоӣ наметавонад ҳам кор кунад ва ҳам фарзандонашро нигоҳубин.
"Агар курсии раисии як ҳизбро додан ин қадар душвор бошад, пас, Раҳмонов курсии президентиро чаро диҳад?" Муҳаммадиқболи Садриддин, яке аз намояндагони мухолифини тоҷик дар берун аз кишвар, бо баёни ин ҷумлаҳо хоҳони "истеъфои довталабона"-и Муҳиддин Кабирӣ аз раҳбарии Ҳизби наҳзати исломӣ шудааст.
Ёфтҳои бештар