Оби обанбори Роғун тадриҷан ҷамъ шудаву сатҳаш боло меравад ва оқибат 40 деҳаи болообро ба қаъри худ мекашад. Кӯчондани аҳолӣ аз ин ҷо яке аз вазифаҳои мушкили ҳукумати Тоҷикистон буд ва ҳамеша интиқод мешуд. Сафар ба ин деҳаҳо вазъи наверо намудор кард.
Рӯзи 16-уми май дар Душанбе нишасти байналмилалӣ дар мавзӯи ҳамоиш ёфтани хонаводаҳои ҷангҷӯёну террористон бо ҷомеа оғоз шуд.
Раҳбарон ва фаъолони ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон мегӯянд, омодагӣ ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дар соли 2020-ро шурӯъ кардаанд.
Роҳпаймоии "Полки абадӣ" бори чаҳорум дар Душанбе баргузор шуд, аммо ин бор миёни иштирокдорони он мухолифат сар зад. Як гуруҳ ба фазои русӣ додан ба ин роҳпаймоӣ мухолифат карданд, вале аксарият бо парчамҳои Русия ва Шӯравӣ ба назди Боғи Ғалаба рафтанд.
Як вакили порлумон барои пешгирӣ аз садамаҳои маргбор дар Тоҷикистон пешниҳод кард, ки ҷаримаи ронандаҳоро боло баранд.
Падаре, ки барои дур мондани духтараш аз таҳсил ҷарима шудааст, бо кумаки ҳамдеҳаҳо ба сохтани мактаби хурде оғоз кардааст.
Ноҳияи Нуробод як ҳафтаи ахир дар сархатти расонаву шабакаҳост. Бархе мегӯянд, дар ин ноҳия масҷидҳо баста ва намози ҷумъа манъ шуд. Бархи дигар ба инанд, ки аслан чунин воқеаҳо ҷой надошт. Радиои Озодӣ хост, ҳақиқатро пайдо кунад.
Ноҳияи Нуробод, тайи як ҳафтаи ахир бо сару садоҳо дар бораи манъи намози ҷумъа дар чанд масҷидаш расонаӣ шуд ва ба яке аз мавзуҳои аслии баҳс дар шабакаҳои иҷтимоӣ табдил шуд. Хабарнигорони Озодӣ барои маълум кардани асли ҳодиса ба ин ноҳия сафар карданд.
То анҷоми мӯҳлати иваз кардани шиносномаҳои коғазӣ ё намунаи соли 1996 бо шиносномаҳои пластикӣ (намунаи соли 2014) барои дарёфти симкорт чаҳор моҳи дигар мондааст, вале талоши мардум барои гирифтани санадҳои нав хеле суст ба назар мерасад.
Ҷавони 22-солаи тоҷик, ки барои қасди ҳамлаи маргталабона дар бинои вазорати умури дохилӣ ба зиндон маҳкум шуд, ҳукми додгоҳро ноодилона хонда, хостори бозбинии он шудааст.
Баъди гузориши Радиои Озодӣ дар бораи бекории маҳбусони собиқ ва зиндагии пурмушкили Наимҷон Исомиддинов, мақомот қисме аз кӯмакпулии ӯро пардохт ва барояш ваъдаи кор кардаанд. Наимҷон баъди панҷ соли адои ҷазо, 4 моҳи пеш аз зиндон озод шуд.
Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон қарори ҷанҷолбарангези худро дар бораи афзоиши нархи Интернет ва гуфугӯҳои мобилӣ бекор кард. Фармони навро рӯзи 24-уми апрел раиси тозатаъйини ин ниҳод Икромиддин Вализода тасвиб намуд.
Фармони баҳсбарангези Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар бораи боло бурдани нархи интернет метавонист, даҳҳо ҷавони нобиноро аз "чашмони сунъӣ" ва садҳо тифли тоҷикро аз дидори ҳаррӯзаи падару модари муҳоҷири худ маҳрум кунад.
Баъди талошҳои бенатиҷа барои поин бурдани нархи истифода аз Интернет дар шабакаҳои иҷтимоӣ, фаъолони ҷомеа тасмим гирифтанд, бо як муроҷиатномаи дастҷамъӣ ба раиси ҷумҳур ва додситони кул муроҷиат кунанд.
Бархӯрди номуносиби дарбориҳо бо шоирони тавоно ва дур аз ҳалқаи ҳукмрон. Ин маҳаки асосии намоишномаи "Фирдавсӣ" аст, ки баъди тақрибан ду ҳафтаи намоиши нахуст дар Душанбе ҷоизаи асосии ҷашнвораи имсолаи "Парасту"-ро соҳиб гардид.
Нахуст намоиши “Фирдавсӣ” шоми 9-уми апрел дар Театри драммавии ба номи Абулқосими Лоҳутӣ бо иштироки вазири фарҳанг, аҳли ҳунар ва тамошобинони зиёд намоиш дода шуд.
Макрами Дарвозӣ, тоҷире аз Тунис, мегуяд, ки гузаштагонаш 500 сол пеш аз ҳудуди ноҳияи Дарвоз ба кишварҳои арабӣ рафта, дар онҷо муқимӣ шудаанд.
Ёфтҳои бештар