Макрами Дарвозӣ, як тоҷири сарватманд аз Тунис барои ҷустуҷуи решаҳояш ба Дарвози Тоҷикистон омадааст ва мегӯяд, маркази фарҳангии Тоҷикистон ва Тунисро таъсис медиҳад.
Беш аз 10 рӯз мешавад ду хонавода, сокинони як кӯчаи Душанбе, бо кумаки ҳамсоягон чӯбу тахтаҳои манзили вайроншудаашонро аз зери харобаҳо берун мекунанд.
Дар рӯзи ҷаҳонии “гемофилия” афроди мубтало ба ин беморӣ дар Тоҷикистон аз мақомот хостанд, барои кумак ва беҳбуд бахшидани зиндагии онҳо барномаи миллӣ қабул шавад.
Мақомот боз аз як бозоре бо симои ба истилоҳ "шарқӣ" даст кашида, соҳибкоронро ба фурӯшгоҳи замонавӣ "даъват" мекунанд. Аксар соҳибкоронро, ки акнун маҷбуранд тиҷорати худро дар ҷойи дигар аз нав созанд, ин тасмим нороҳат кардааст.
Мақомоти Душанбе боз аз як бозоре бо симои ба истилоҳ "шарқӣ" даст кашида, соҳибкоронро ба фурӯшгоҳи замонавӣ "даъват" мекунанд. Аксар соҳибкоронро, ки акнун маҷбуранд тиҷорати худро дар ҷойи дигар аз нав созанд, ин тасмим нороҳат кардааст.
Зубайда Ғиёсова, сокини маҳаллаи Бинокорони шаҳри Ваҳдат видеои сӯҳбати писараш аз Сурияро ба такрор тамошо карда, ашк мерезад. Баъд аз ним соли бехабарӣ аз сарнавишти фарзанд, ин модар фаҳмид ки писараш Абдулаҳад Назаров дар Сурияи ҷангзада зиндаву саломат аст.
Аз миёни сӣ кишваре, ки донишҷӯёни тоҷик имкони таҳсил дар он ҷойро доранд, Русия дар мақоми аввал ва Чин дар ҷойи дувум будааст.
Аз миёни сӣ кишваре, ки донишҷӯёни тоҷик имкони таҳсил дар он ҷойро доранд, Русия дар мақоми аввал ва Чин дар ҷойи дувум будааст. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, аз 30 ҳазор донишҷӯи тоҷик беш аз 20 ҳазор нафари онҳо дар Русия ва якуним ҳазори дигар дар Чин ҳастанд.
Сарони расонаҳои хабарии интернетӣ мегӯянд, бастани сомонаҳо кори чандон бад ҳам набудааст, зеро ба онҳо донишҳои нави технологӣ дод ва ҳам сафи муштариёнашонро ба маротиб бештар кард.
Ҷалолиддин Маҳмудов, узви собиқи раёсати олии ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ, гуфт, 10 моҳ пеш аз адои мӯҳлати ҷазо аз зиндон озод шудааст.
"Мебоист панҷ сол дар зиндон менишастам. Бехабар будам, ки маро се сол пеш шомили қонуни афв кардаанд. Мақомоти зиндон дар ин бора ба ман чизе нагуфта буданд ва интизор ҳам набудам, ки ин шабу рӯз раҳо мешавам. Ҳамагӣ даҳ дақиқа пеш аз он ки озод шавам, маро огоҳ карданд. Ногаҳонӣ буд."
Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 6-уми апрел дар Душанбе пас аз 13 соат ба анҷом расид. Мақомоти тоҷик гуфтанд, дар гуфтушунид ба пешрафт даст ёфтанд.
Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи таъйин ва аломатгузории марз рӯзи 6-уми апрел дар Душанбе ба анҷом расид. Мақомоти тоҷик гуфтанд, дар гуфтушунид, ки беш аз сездаҳ соат идома кард, "ба пешрафт" даст ёфтанд.
Сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон мегӯяд, ба хотири роҳ надодан ба муноқишаҳои марзӣ ва ҳам ҷилавгирӣ аз хушунатҳо ҳукуматҳо бояд шароити зиндагии мардумро беҳтар кунанд.
Як сокини Душанбе иддао кард, ки дар натиҷаи латту кӯби як маъмури милиса узви таносулаш осеби ҷиддӣ дидааст ва чаҳор рӯз боз дар бемористони "Ёрии таъҷилӣ" бистарист.
Мушаррафа Қосимова, ҳунарпешаи маъруфи тоҷик баъд аз зӯҳри 2-юми апрел дар оромгоҳи Сариосиёи шаҳри Душанбе, ба хок супурда шуд. Дар маросими видоъ бо Мушаррафа Қосимова аҳли ҳунару санъат, пайвандон ва намояндагони ҳукумат, ширкат доштанд.
Якуми апрел дар Тоҷикистон даъвати наваскарон ба артиш бо "нонгазон" шурӯъ шуд. Даҳҳо ҷавон дар Душанбе ва манотиқи дигар дар рӯзи нахусти даъват тайи маросимҳое бо волидон хайрухуш кардаву ба хизмати ҳарбӣ рафтанд.
Мушаррафа Қосимова, ҳунарпешаи маъруфи тоҷик, ки соҳибназарон аз ӯ ба унвони "модари театри тоҷик" ном мебаранд, шаби гузашта дар синни 100-солагӣ дар Душанбе даргузашт.
Ёфтҳои бештар