Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бе шиносномаи нав. Симкорт "зинда" ё хомӯш?


То анҷоми мӯҳлати иваз кардани шиносномаҳои коғазӣ ё намунаи соли 1996 бо шиносномаҳои пластикӣ (намунаи соли 2014) барои дарёфти симкорт чаҳор моҳи дигар мондааст, вале талоши мардум барои гирифтани санадҳои нав хеле суст ба назар мерасад.

Бар асоси маълумоти ширкатҳои мобилӣ, беш аз 3 миллион симкорт бо шиносномаҳои коғазӣ фурӯхта шудааст. Cуоли матраҳ ин аст, ки оё дар мӯҳлати боқимонда (то 16-уми август) имкони иваз намудани 3 миллион шиноснома имконпазир ҳаст ё на? Ва пурсиши дигар ин аст, ки агар мӯҳлати муайяншуда анҷом ёбад ва сокинон натавонанд шиносномаҳои нав гиранд, оё ширкатҳои мобили симкортҳои онҳоро қатъ хоҳанд кард?

Қарори ҳукумат дар бораи сабти дигарбораи симкортҳо дар Тоҷикистон вокунишҳои мухталифро ба бор овард. Бархе аз иқтисоддонҳо мегӯянд, ки чунин тарзи иваз намудани шиносномаҳо ва сабти дигарбораи симкортҳо, роҳи дигари пур кардани будҷаи давлат аз ҷайби мардум аст.

Илҳом Атоев, муовини аввали раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон.
Илҳом Атоев, муовини аввали раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон.

Илҳом Атоев, муовини аввали раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, агар баъди чаҳор моҳ мӯҳлати иваз намудани шиносномаҳо ба анҷом расад, симкортҳо бекор нахоҳанд шуд.

"Имкон дода хоҳад шуд, мардум санадҳои худро омода кунанд. Агар пас аз 16-уми август симкортҳо лағв шаванд ва ё дода нашаванд, ин ба зарари мардум ва ҳам ширкатҳои мобилӣ аст. Фақат ин ки вақте ба мардум дар бораи пас аз мӯҳлат идома додани шонси дарёфти симкортро таъкид мекунӣ, зуд хотирҷамъ мешаванд ва аз пайи иваз намудани шаҳодатномаҳо намешаванд ва танбалӣ мекунанд. Ҳарчи зудтар иваз намудани шиносномаҳо ба фоидаи ҷомеаи кишвар аст", -- афзуд Илҳом Атоев.

Шиносномаи кӯҳна чӣ мушкил дорад?

Ҳоло суоле сари забонҳост: шиносномаи соли 1996, ки дар дасти мардум аст, чӣ мушкил дорад ва чаро барои сабти симкортҳо ҳатман шаҳодатномаи пластикӣ гирифта шавад? Атоев мегӯяд, дар шиносномаҳои коғазӣ из ё нақши ангушт ва навъи хун ҷой надорад, вале дар шиноснома ё кортҳои намунаи соли 2014 чунин маълумот вуҷуд дорад.

Аз сӯи дигар ба гуфтаи вай, "дар шиносномаҳои коғазӣ ҳарфҳо то охир навишта намешаванд. Ҳангоми ҷустуҷӯи шахс ва дархост аз махзани ягонаи симкортҳо, маълумоти пурра дар бораи шаҳрванд бароварда намешавад."

То ҳанӯз оморе аз ҷониби Идораҳои шиносномадиҳии кишвар дар мавриди шумораи сокиноне, ки дар се моҳи гузашта шиносномаҳои худро барои сабти дигарбораи симкорт иваз кардаанд, нашр нашудааст.

10 доллар барои гирифтани шиносномаи нав

Замоне ки хабарнигорони Радиои Озодӣ ба идораҳои шиносномадиҳии ноҳияҳои пойтахт рафтанд, дар ин ҷо тақрибан ҳолати навбатпоӣ ба назар намерасид. Сокиноне, ки дар пайи иваз намудани шаҳодатномаҳои худ буданд, хеле кам ба назар мерасиданд.

Абдураҳмон Раҳмонов
Абдураҳмон Раҳмонов

Абдураҳмон Раҳмонов, хабарнигори тоҷик, чанд вақт шиносномаи нав гирифтааст. Ӯ рӯзи 2 май гуфт, дар ивази 10 доллар корти пластикӣ гирифт ва акнун симкорташро аз нав сабт менамояд.

"Дар Шӯъбаи шиносномадиҳии ноҳияи Сино будам. Барои сабтиноми дубора 13 сомонӣ гирифтанд, барои маълумотнома -- 5 сомонӣ. 10 сомонӣ барои маълумотнома аз ҷойи зист ва ва 10 доллар барои шиносномаи пластикӣ супоридам. Дар маҷмуъ, сездаҳ доллар шуд",- афзуд Раҳмонов.

Адҳам Сафаров, сокини ноҳияи Панҷ, гуфт, барои дарёфти шиносномаи пластикӣ 94 сомонӣ пардохт кардааст. Вале барои гузашти муҳлати паспорти коғазиаш, 54 сомонии дигар ҷарима бастаанд. Чунин хатар ба бисёре аз шаҳрвандон таҳдид мекунад.

"Касеро ҷарима намекунанд"

Муовини аввали раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон гуфт, барои иваз намудани шаҳодатнома ба хотири симкорт ба ҳеҷ сурат ҷарима бастан нодуруст аст. "Ҳоло овоза ҳаст, ки касоне паспорти соли 1996-ро доранд, бояд ҷарима супоранд. Ин дурӯғи маҳз аст", -- мегӯяд ӯ.

Илҳом Атоев афзуд, "бубинед, барои нашри як СМС дар бораи онки гӯё дар Тоҷикистон заминларза сурат мегирад, чӣ қадар мардум безобита шуданд. Бархе шаби худро дар кӯча рӯз карданд. Маълум нашуд, ки соҳиби ин симкорт кӣ буд. Баъди он ки симкорти нав дода мешавад, дар он ҳамаи маълумот дар бораи соҳиби он ҷой дорад ва дар сурати чунин ҳолатҳо, ошкор кардан осон мешавад".

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, бо қарори ҳукумати Тоҷикистон ба сокинон мӯҳлат дода шудааст, ки то 16-уми август шиносномаи пластикӣ бигиранд: "Барои дарёфти ин санад ҳеҷ монеа вуҷуд надорад. Идораҳои шиносномадиҳии кишвар се моҳ боз хоҳиши мардумро иҷро мекунанд."

Ӯ афзуд, онҳое ҷарима мешаванд, ки ба синни дарёфти шиноснома расидаанд, аммо ин санадро нагирифтаанд ё кӯшиши гирифтан накардаанд. "Инчунин, онҳое, ки муҳлати шиносномаашон гузаштааст, вале барои гирифтани он муроҷиат намекунанд, ҷарима мешаванд", - шарҳ дод Умарҷони Эмомалӣ.

Умарҷони Эмомалӣ
Умарҷони Эмомалӣ

Сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, масъалаи иваз намудани шиноснома пас аз 16-уми август низ идома хоҳад ёфт, аммо инки пас аз ин сана симкортҳо ба қайд гирифта мешаванд ё на, ба Хадамоти алоқа рабт мегирад.

Пур кардани будҷа аз ҷайби мардум?

Ба назари иқтисоддонҳо ҳадафи аслии ин қарори ҳукумат дар бораи тартиби пайвастан ба шабакаи алоқаи барқӣ ва кӯшишҳои Хадамоти алоқа ва Кумитаи андоз, як роҳи дигари аз кисаи андозсупорандагон ба будҷа рехтани маблағ аст.

Шамсиддин Ҷалолов, таҳлилгари иқтисодӣ гуфт: "Ҳукумат метавонад аз ҳисоби корхонаҳои истеҳсоли семент, ТАЛКО ва корхонаҳои дигар будҷаро пур кунад. Ҳоло мебинем, ки Хадамоти алоқа ба хотири "Махзани ягонаи маълумот", роҳҳои дигарро истифода намуда, бо иваз кардани шаҳодатномаҳо водор мекунад, ки мардум симкортҳои худро дубора сабт кунанд. Барои амалӣ намудани ин иқдом аз кисаи сокинон маблағ ситонда мешавад".

Шамсиддин Ҷалолов
Шамсиддин Ҷалолов

Баҳси 50 маротиба боло бурдани нархи симкорт

Масъалаи 50 маротиба боло бурдани нархи симкорт баъди чанд ҳафтаи ҳамла ба ҷаҳонгардони хориҷӣ матраҳ шуда буд, ки Тоҷикистонро дар як лаҳза ба сархати хабарҳои ҷаҳон баровард. Дар ҳодисаи моҳи июли соли 2018 дар ноҳияи Данғара чаҳор ҷаҳонгарди ғарбӣ кушта шуд.

Мақомот бар ин бовар буданд, ки агар нархи симкорт 250 сомонӣ шавад, террористҳо имкони дарёфти онҳоро аз даст медиҳанд. Дар баҳси корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз ангезаҳои моливу иқтисодии қарор интиқод шуд.

Илова ба ин, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон пешниҳод кард, нафароне, ки симкортҳои худро барои истифода ба дигарон додаанд ё нафари дигар онро ғайриқонунӣ соҳиб шуда, "ба оқибатҳои вазнин оварда расондааст", то 12,5 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 2 то 3 сол зиндонӣ шаванд.

Дар пайи норозигии сокинон, иҷрои ин қарор боздошта шуд. Дертар мақомот дар иваз гирифтани шиносномаи пластикӣ ва сабти дубораи симкортҳоро ба роҳ монданд. Чизе, ки ба қавли баъзе аз сокинон, дар ҳарду ҳолат ба кисаи онҳо зарба задааст.

XS
SM
MD
LG