Ин нишаст бо ташаббуси Иттиҳодияи Аврупо ва созмони Интернюс ташкил шудааст. Қарор аст, дар ҷараёни нишаст муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон Абдуллло Навҷувонов, журналист ва муҳаққиқи масоили хонаводаҳои ҷангҷӯён Лола Олимова, коршиносони байналмилалӣ ва раҳбарони намояндагии Иттиҳодияи Аврупо суханронӣ кунанд.
Нишасти мазкур дар шароите барпо мешавад, ки охири моҳи апрел аз Ироқ 84 кӯдаки то 18-сола - фарзандони ҷангҷӯёни тоҷикро ба ватан оварданд. Модарони ин кӯдакон, ки 43 нафар гуфта мешавад, дар зиндонҳои шаҳри Бағдоди Ироқ ба ҳукмҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки баргардондани кӯдакон ба ватан баъди он имкон дод, ки Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо ҳукумати Ироқ ҳамкориҳои наздику ҳамаҷонибаи дипломатӣ барпо кард. Дар навбат нақшаи бозгардондани ин занон ба Тоҷикистон аст, ки бояд бар асоси созишномаи истирдоди зиндониҳо сурат гирад.
Фаъолон дар Тоҷикистон мегӯянд, ба ҷомеа ҳамоиш ёфтани ин шаҳрвандон хеле муҳим аст, ба он хотир, то ояндаи хубу бидуни хушунат дошта бошанд. Аксар занону кӯдакон, ки баъди соли 2014 ба минтақаҳои ҷангзадаи Ховари Миёна зери парчами “Давлати исломӣ” рафтаанд, қурбонии тасмимҳои харобкоронаи ҳамсару бародаронашон меноманд. Аз Тоҷикистон ба ин ҷангҳо тақрибан 1900 нафар рафтааст.
Матн такмил мешавад