Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Полки абадӣ" дар ду гурӯҳи ҷудогона раҳпаймоӣ кард. ВИДЕО, АКС


Роҳпаймоии "Полки абадӣ" бори чаҳорум дар Душанбе баргузор шуд, аммо ин бор миёни иштирокдорони он мухолифат сар зад. Як гуруҳ ба фазои русӣ додан ба ин роҳпаймоӣ мухолифат карданд, вале аксарият бо парчамҳои Русия ва Шӯравӣ ба назди Боғи Ғалаба рафтанд.

Рӯзи 9 май садҳо нафар бо акси бобо ва хешовандони худ -- иштирокдорони Ҷанги Дувуми Ҷаҳон, ки дар кишварҳои пасошӯравӣ ҳамчун Ҷанги Бузурги Ватанӣ шуҳрат дорад, ба роҳпаймоии "Полки абадӣ" баромаданд.

Ба фарқ аз солҳои қаблӣ дастандаркорони роҳпаймоии “Полки абадӣ” имсол талош карданд, то ҳадди имкон фазои русӣ ба ин чорабинӣ ҳукмфармо бошад. Аммо ин чизе шуд, ки норизоиятии гуруҳи дигар аз ширкатдорони раҳпаймоиро ба вуҷуд овард.

Тибқи эълони ниҳодҳои сафорати Русия дар Тоҷикистон, аз ҷумла оҷонсии “Россотрудничество”, иштирокдорони роҳпаймоии “Полки абадӣ” дар назди театри “Лухтак” бояд ҷамъ меомаданд. Аммо бар хилофи ин, гуруҳи дигар, ки асосан аз иштирокдорони собиқи ҷанги Афғонистон буданд, ба ин гуруҳ напайвастанд.

Элмурод, як собиқадори рафъи пайомадҳои садамаи Чернобил мегӯяд, ӯ ва раиси ташкилоташон дар як гуруҳ набуданд. Ба қавли ҳамсуҳбати мо, онҳо бо даъвати мақомот ба инҷо омаданд, вале ба аксарияти иштирокчиёни “Полки абадӣ” ҳамроҳ нашуданд. Афроди ин гуруҳ дар суҳбатҳои бидуни микрофон гуфтанд, онҳо ба фазои русӣ додан ба роҳпаймоии “Полки абадӣ” розӣ нестанд. Ба андешаи ин гуруҳ, ин чорабинӣ бояд орӣ аз сиёсат ва танҳо ба хотири ёди гузаштагон бошад. Теъдоди иштирокчиёни роҳпаймоии “Полки абадӣ”, ки нахостанд парчами Русияро бардоранд, наздики сад нафар буд.

Аммо ҳудуди ҳазор нафари дигар роҳпаймоии “Полки абадӣ”-ро ҷудогона анҷом доданд. Онҳо бо худ парчамҳои Шӯравӣ ва Русияро доштанд ва кормандони сафорати Русия ин тазоҳуркунандагонро ҳамроҳӣ мекарданд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

"Полки абадӣ" дар ду гурӯҳи ҷудогона раҳпаймоӣ кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:54 0:00

Миршакар Амиршоев, сокини 28-солаи пойтахт парчами Шӯравиро сохта, бо худ ба роҳпаймоӣ оварда буд. Ягон нафар аз наздикони Амиршоев дар Ҷанги дувуми ҷаҳон иштирок накардааст, аммо ӯ мегӯяд, парчами сурх барояш муқаддас аст.

Бо ин ҳам, Амиршоев ҳарос дорад, ки боло кардани парчами Шӯравӣ шояд барояш мушкилзо шавад. "Вақте ғалаба карданд, айнан бо ҳамин парчами сурхи Шӯравӣ ғалаба карданд", -- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Иштирокдорони роҳпаймоии "Полки абадӣ" рӯзи 9 май танҳо баъди анҷоми гашти низомӣ бо иштироки раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон иҷоза пайдо карданд, то ба назди Оташи ҷовидон дар Боғи Ғалаба раванд.

Роҳпаймоии “Полки абадӣ” дар Тоҷикистон тарафдорон ва мухолифони худро дорад. Тарафдорони ин кор мегӯянд, ҳадаф аз он танҳо поси хотири гузаштагон аст, ки дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳон қаҳрамонӣ нишон додаанд.

Мухолифони ин кор мегӯянд, баргузории роҳпаймоии “Полки абадӣ”, ҳасрати замони Шӯравиро бедор мекунад ва "қудрати нарм"-и Русия аст, зарурат надорад.

Аксҳои бештарро дар инҷо бинед:

"Бессмертный полк" ё "Полки абадӣ" як раҳпаймоии ихтиёриест, ки бори аввал соли 2012 бо ташаббуси гурӯҳи журналистони рус дар шаҳри Томск баргузор шуд. Дар Тоҷикистон он соли чаҳорум аст, ки баргузор мешавад ва дар се соли гузашта мақомот баргузории онро манъ мекарданд, вале ин дастури онҳо нидида гирифта мешуд. Аз ҷумла соли гузашта мақомот бо андешаҳои амниятӣ раҳпаймоии "Бессмертный полк"-ро дар Душанбе манъ кардан мехостанд, вале бо вуҷуди чунин мавзеъгирии шаҳрдории Душанбе, раҳпаймоии тарафдорони маърака баргузор гашта буд.

Айни чунин ҳол ду сол пеш низ иттифоқ афтод ва мақомот гуфтанд, аксу портретҳои шахсони фавтидаро ба даст гирифтану ба хиёбон баромадан хилофи арзишҳои исломист. Он замон низ раҳпаймоӣ баргузор гашт.

На танҳо Тоҷикистон, балки дар чанд кишвари собиқ Шӯравӣ низ ба ин чорабинӣ мушкил доранд. Дар остонаи Рӯзи Ғалаба дар Витебски Беларус раҳпаймоии "Бессмертный полк"-ро манъ карданд ва дар Минск ҷояшро иваз намуданд. Дар Оқтеппаи Қазоқистон низ чунин маърака баргузор намешавад. Дар Узбекистон ва Қирғизистон ҳам ин раҳпаймоӣ мухолифони зиёде пайдо карда буд. Дар гузашта мақомоти кишварҳои назди Балтик, Қирғизистон ва Узбекистон ҳам ба баргузории маросими "Полки абадӣ" ва ба бар кардани лентаҳои георгиевӣ монеъ шуда буданд.

XS
SM
MD
LG