Ҳунарпешагони театри мусиқӣ-мазҳакавии Хоруғ барои ба саҳна гузоштани намоишномаи «Шириншо Шотемур» омодагӣ мебинанд. Ба гуфтаи саркоргардони театр, Умед Хусравов, онҳо тасмим гирифтаанд, ки симои Шотемурро ба тамошобинон аз рӯи асари Қурбон Аламшоев «Куҷое бошам, бо тоҷикон бошам» муаррифӣ кунанд.