Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чароғҳои каммасраф ва... серталаб


Шашсад хонаводаи ноҳияи Мурғоб аз ҷониби мақомот чароғакҳои каммасраф туҳфа гирифтаанд.

Муовини раиси ноҳия Бохирад Худоёрбекова изҳор дошт, ки дар маҷмӯъ ба хонаводаҳои камбизоати маркази ноҳия ва деҳоти гирду атроф 4700 чароғакҳои каммасраф тақсим шудаааст. Ба гуфтаи муовини раиси ноҳия, аммо чароғакҳои нав як камбуди доранд, ки ҷиҳати паст будани шиддати нерӯгоҳи барқии ноҳия гирон намешаванд.

Сокинони Мурғоб мегӯянд, дар чунин ҳолат онҳо маҷбур ҳастанд, ки чароғакҳои каммасрафро минҳайси як армуғони гаронбаҳо барои «рӯзи мабодо» дар сандуқҳояшон нигоҳ доранд. Зеро қаблан мақомот ба онҳо ваъда додааст, ки дар чанд сол оянда хати баландшиддати барқ ахиран аз хиттаи Шуғнон ба Мурғоб мерасад ва нерӯгоҳи «Помир-1» хонаҳои сокинонро ба вижа дар фасли зимистон рушан хоҳад кард.

Сокинони Мурғоб мегӯянд, онҳо маҷбур ҳастанд, ки чароғҳои каммасрафро чун армуғони гаронбаҳо барои "рӯзи мабодо" дар сандуқҳояшон нигоҳ доранд ...
Тибқи як тарҳи дигари мақомот қарор аст, ки дар ноҳия нерӯгоҳи бузургтар сохта шавад. Аммо алҳол ягона нерӯгоҳи барқи обии мавҷуд дар Мурғоб дар фасли тобистон ба миқдори каме зиёдтар 200 ва зимистон 120 киловатт-соат барқ истеҳсол мекунад. Ба гуфтаи сокинони Мурғоб, дар ҳоле, ки сардиҳо аллакай дар мекӯбанд, бештари мардум бо гуфтугузорҳо дар атрофи чи гуна паси сар намудани зимистон ва фарзияҳо дар мавриди тарзи истифодаи чароғакҳои каммасраф худро гарм мекунанд.

Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи сокинони ноҳияи Ишкошим чароғакҳои каммасраф ба маҳаллашон низ расидаанд, аммо бинобар эҳсоси камбуди барқ онҳо ҳарос доранд, ки дар фасли зимистон ба тақдири монанди сокинони Мурғоб дучор хоҳанд омад.

Меҳроваршо Фарайдуншоев, сокини маркази ин ноҳия гуфт, аз ҳозир ин чароғакҳо дар намегиранд ва ё ба зур рушан мешаванд ва зимистон мардум маҷбур мешаванд, ки ин чароғакҳоро канда аз сар ба ҷояшон лампаҳои куҳна гузоранд.

Аммо сокинони Хоруғ мегӯянд, ки дар мавриди истифодаи чароғакҳои каммасраф корашон бештар омад кардааст. Ба гуфтаи сокини шаҳр Ақлимо Шоалифова, алҳол бештари ин чароғакҳои каммасрафро мардум дар даҳлез ва ё роҳравҳо мешинонанд, зеро истифодаи онҳоро дар утоқи зист, ба вижа хонаи васеъи помирӣ ноқулай мешуморанд.

Аз сӯуи дигар фурӯши чароғакҳои каммасраф дар бозори шаҳр ҳануз расм нагардидааст. Ба фикри тоҷирон, ба гумон ҳаст, ки мардум ба зудӣ аз чароғакҳои куҳна дил канда, толиби чароғакҳои каммасраф мешавад. Ба гуфтаи Маҳингул, як фурушандаи бозор бинобар камхаридор будани чароғакҳо вай имрӯз онҳоро ба савдо нагузоштааст.

Рустам Содиқов, як тоҷири дигар чунин мешуморад, ки фаъолияти инҳисории ширкатҳои калон дар мавриди воридоти чароғакҳои каммасраф аз Чин, ки бо истифода аз дасттури ҳукумат ба гарм шудани бозорашон манфиатдор ҳастанд, интихоби харидоронро маҳдуд кардааст. Вай гуфт, мардум бештар ниёз дорад, ки чароғакҳои сохти русӣ ва ё туркиву эронӣ дастрас кунанд, аммо бозорро чароғакҳои сохти чинӣ, ки нархашон ҳам гарон шудааст, пур кардаанд.

Ахиран ба иттилои телевизиони Бадахшон, ширкати «Помирэнержӣ», ки бархе аз мардум аз баланду пастшавии шиддати барқи он ва ҳодисаҳои аз кор мондани асбобу афзори рӯзгор шиква ва ҷуброн намудани хисоротро талаб доранд, нахустин 100 адад чароғакҳои каммасрафро ба идорау муассисаҳо, ба мисли додситонӣ, шуъбаи сохтмони асосӣ ва донишгоҳ тӯҳфа намуда, муассисоти номбурда ба ҳайси пешоҳангони истифодаи чароғакҳои каммасраф тарғиб шудаанд.

Аммо коршиносон ҳадс мезананд, ки дар Бадахшон раванди танг намудани мавқеи чароғакҳои куҳнаи мавсум ба «иличӣ» аз тарафи чароғакҳои каммасраф ба вижа бо фарорасии фасли зимистон ва эҳсоси камбуди барқ дар Бадахшон ба кунди рӯбарӯ хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол ба иттилои манбаъҳо, бархе аз сокинони Мурғоб, ки чароғакҳои каммасрафро армуғон гирифтаанд, аммо ба ояндаи наздики «дурахшон» шудани манзилҳояшон бовар надоранд, сабрро аз даст дода, чароғакҳоро аз сандуқҳо бадар овардааанд ва бо сабзиву пиёз ва картошка «бартер» мекунанд.
XS
SM
MD
LG