Дар мушовараи омӯзгорони Бадахшон изҳори нигаронӣ шуд, ки дар бештари озмоишгоҳҳо фақат штативҳо ва теъдоде чанд аз воситаҳои аёнии кӯҳнашуда боқӣ монда, таи солиёни зиёд озмоишгоҳҳо бо васоили таълимии нав муҷаҳҳаз нашудаанд.
Дар ҳамин ҳол, таассуроти гурӯҳи омӯзгорони риштаи кимиёи макотиби Бадахшон, ки тибқи як лоиҳа дар Афғонистон барои ҳамтоёнашон дарс гуфтанд, ин аст, ки озмоишгоҳҳои фанҳои дақиқи макотиби кишвари ҳамҷавор бо асбобу афзори таълимӣ хубтар муҷаҳҳаз гардидаанд.
Ба гуфтаи яке аз ин омӯзгорон, Охонниёз Имомёров аз шиносоӣ бо муассисоти таълимӣ дар вилоёти мухталифи кишвари ҳамсоя бармеояд, ки дар таъмини макотиб бо васоили таълимӣ иқдоми шоиста анҷом шуда, муҳассилини макотиби ҳамсоякишвар имконоти бештари гузаронидани машғулиятҳои амалӣ ва такмилу донишу малакаашонро доранд.
Ба фикри омӯзгорони макотиби Бадахшон, на фақат мушкилоти молӣ ба ҳолати озмоишгоҳҳои фанҳои дақиқ дар макотиб таъсир доштааст, балки меъёрҳои қонунӣ воридоти маводҳои таълимӣ, ба вижа барои фанни кимиёро, аз дигар ҷумҳуриҳо душвор гардондааст. Ба гуфтаи роҳбари литсейи Оғохон дар Хоруғ, Мансур Мансуров, кӯшиши онҳо дар мариди ворид намудани реактивҳои кимиёвӣ барои озмоишгоҳи мактабӣ аз Қазоқистон ва Русия натиҷа надодаанд. Омӯзгорон баён доштанд, теъдоди ками маводҳои кимиёвии таълимӣ, ки дар ҷумҳурӣ истеҳсол мешаванд, барои макотиб дастрас нестанд.
Аммо сардори идораи маорифи вилоят Ғарибшо Ғарибшоев мегӯяд, дар ҳамкорӣ бо як ташкилоти лаҳистонӣ онҳо барои бозомӯзии омӯзгорони фанни физика ва ҷиҳозонидани озмоишгоҳҳо бо васоити таълимӣ иқдом карданд. Вай гуфт, бештар аз 200 озмоишгоҳи макотиби вилоят ба муҷаҳҳаз шудан ниёз доранд.
Намояндаи Вазорати маориф гуфт, онҳо қодир нестанд, ки ба хотири дастрасии маводи кимиёвии таълимӣ садди қонунӣ ва гумрукии байнидавлатиро бишкананд, аммо пас аз чанде дар ихтиёри макотиб нармафзорҳои компютерӣ қарор медиҳанд ва инро як усули ошноӣ додани талабагон ба корҳои амалӣ ба воситаи намоиши тасвирҳо мешуморанд.
Омӯзгорон мегӯянд, « бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад», манзурашон, ки тамошои тасвир наметавонад , ҷойи бо дастони худ гузаронидани таҷрибаи амалиро бигирад.