Ба гуфтаи коргардон, бинобар бартарӣ доштани ҷанбаи тарғиботии намоишномаҳои қаблӣ дар мавриди инъикоси талоши фарзандони тоҷик барои барпо намудани ҳокимияти нав дар Тоҷикистон, онҳо усули дигари «зинда кардани»-и симои Шотемурро дар саҳна ҷуё шуданд. Ба гуфтаи коргардон, намоишномаи ахиран таҳия кардаи Ато Мирхоҷа оид ба Шотемур ҳарчанд навовариҳо дорад, вале дар он бештар ба ҷанбаҳои иҷтимоӣ ва саргузаштии қаҳрамон таваҷҷӯҳ шудааст.
Умед Хусравов баён дошт, дар ин намоишнома бо номи «Дурахши ахтар» онҳо ҳадаф гузоштаанд, симои сиёсӣ ва фарҳангии гуногунҷабҳаи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншо Шотемур ва мавқеъашро дар солҳои эҳёи худшиносии миллӣ ва таъсиси ҷумҳурии мустақили тоҷикон бештар ба такя бо далел ва ҳуҷҷатҳои таърихӣ ба тамошобинон пешкаш кунанд. Ба фикри коргардон, дар солҳое, ки мавҷудияти миллати тоҷик инкор мешуд ва бархе аз сиёсатмадорони давр ба хотири мансаб аз тоҷик буданашон ҳазар мекардаанд, Шоҳтемур аз зумраи шахсиятҳои ангуштшуморе будааст, ки ба хотири дифоъ аз манофеъи миллӣ бидуни ҳеҷ гуна шакку тардид вориди саҳнаи муборизоти шадид гардидааст. Ба гуфтаи саркоргардон, аммо бо ин ҳама, Шириншо рӯи саҳна як шахси оддӣ ва хоксору самимӣ аст, ки аз байни халқ баромадааст ва ба тафаккури тамошобин хеле наздик аст.
Ба гуфтаи ҳунарпешаи театр Қиматшо Парпишоев, насли ҷавон ба Шотемури рӯи саҳна ошноӣ надорад. Вай гуфт, чанд даҳсола қабл тавассути намоишномаҳои «Ситораи Умед» ва «Шамшери бурро» Шотемур дар саҳна зуҳур кард, аммо дар ин намоишномаҳо қаҳрамони асосӣ на Шотемур, балки Инқилоб буд, ки мавҷҳои он ба тақдири миллионҳо нафар таъсир гузоштанд ва Шириншо Шотемур яке аз ин афрод буд.
Нақши Шотемурро дар намоиш Умед Хусравов бозӣ мекунад.
Ба фикри яке аз бозигарон Ҷобир Хубоншоев, намоиш на фақат барои муаррифии бештари симои қаҳрамон, балки боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ ва қаҳрамонӣ кӯмак мекунад.
Дар ҳамин ҳол, ҷиҳати дар таъмир будани бинои театр ҳунармандон дар яке аз мактабҳои шаҳр омодагб мебинанд ва ба гуфтаи саркоргардон, моҳи оянда намоишнома дар толори Донишгоҳи Хоруғ барои нахустин бор ба намоиш гузошта мешавад. Саркоргардон изҳор дошт, ки бозигарон дар намоиш довталабона ширкат варзида, қисман онро идораи фарҳанги вилоят маблағгузорӣ мекунад.