Ба гуфтаи соҳибкорон, бинобар адами шароит дар бозори нав ва гарон будани нархи пардохти иҷораи мағозаҳо ва ҷой онҳо ҳанӯз омода нестанд, ки ба ҷойи нав кӯч банданд. Ба гуфтаи эътирозгарон, бештари онҳое, ки дар ҳавои кушод ва зери соябонҳо дар бозор тиҷорат мекунанд, аз хонаводаҳои камбизоат ҳастанд, ки бо қарзи бонкӣ кор мекунанд ва бинобар беқурбшавии сомонӣ ҳамарӯза аз муфлисшавӣ дар хавотир ва ба фишори рӯҳӣ гирифторанд.
Муовини аввали раиси шаҳр Абдулло Холиқназаров мегӯяд, масъалаи кӯчондани соҳибкороне, ки дар гирдогирди бинои бозори кӯҳна ба хариду фурӯш машғуланд, дар робита бо навсозии бинои ин бозор арзи вуҷуд кардааст. Вай гуфт, барои навсозии ин бозор бештар аз 500 ҳазор сомонӣ ихтисос дода шуд ва рӯзҳои наздик корҳои сохтмонӣ дар ин ҷо шурӯъ хоҳанд шуд. Ба гуфтаи муовини аввали раис, қарор аст, бозори кӯҳна дар зудтарин фурсат дар қатори иншоотҳои ҷашнӣ то таҷлили Рӯзи Ваҳдат дар соли оянда мавриди истифода қарор гирад.
Мақомот мегӯянд, ҳамчунин, нигаронӣ аз коҳиши сифати маводи истеъмолӣ ҳангоми фурӯши он дар ҳавои кушод ва риояи меъёрҳои санитарӣ зарураи кӯчондан ба ҷойи навро пеш овардааст.
Ба андешаи соҳибкор Гулсара Шаикова, қаблан, бояд мақомот барои кӯчондани савдогарони молу коло ва масолеҳи сохтмонӣ аз бозори кӯҳна ба бозори нав, ки он аз рӯзи аввали сохтмон «латтабозор» ном гирифт, иқдом намуда, дар биноҳои холишуда савдогарони маводи истеъмолиро ҷо диҳад ва барояшон шароит муҳайё созад. Соҳибкор мегӯяд, бинобар мушоҳадааш дар куллияи шаҳрҳои кишвар ва мамолики ҳамҷавор, ки ба хотири тиҷорат ба он ҷо сафар анҷом додааст, маводи истеъмолӣ ҳамеша дар нуқтаҳои наздик барои шаҳрвандон ба фурӯш бароварда мешавад. Вай гуфт, дар ҳеҷ ҷойе надидааст, ки марудм барои хариди як кило гӯшт ё биринҷ аз як ӯгшаи шаҳр ба гӯшаи дигари шаҳр саргардон ашванд.
Зебидамо Суриева, соҳибкори дигар мегӯяд, пас аз иқдоми мақомоти шаҳрдорӣ вай ва як соҳибкори дигар нахустин шуда, гӯшаи бозори навро иҷора гирифтанд ва макони навро дорои шароитҳои беҳтари тиҷоратӣ ва маишӣ дарёфтаанд.
Дар Хоруғ як бозори марказӣ барои 200 ҷойи савдо амал мекард, аммо дар солҳои ахир дар ҳудуди он батадриҷ қариб ду ҳазор нуқтаи савдо арзи вуҷуд кард, ки ба қавле, дигар «ҷойи сӯзанпартоӣ» ҳам намонд. Мақомот бо назардошти густариши тиҷорат ва ба низом даровардани бозор ва бо ҷалби сармояи хусусӣ дар гӯшаи шаҳр бозори нав кушод. Алҳол, бештар аз 700 тоҷир дар бозори нав ҷой гирифтанд, аммо иддае ҳанӯз бозори куҳнаро нуқтаи арзонтар ва «гармтар»-и савдо мешуморанд.