Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи Гӯшаи амрикоӣ


Имрӯз, 23-юми сентябр, дар Хоруғ маркази иттилоотии «Гӯшаи амрикоӣ» боз шуд.

Маросими расмии ифтитоҳи маркази иттилоотии «Гӯшаи амрикоӣ» дар бинои маркази таълимии Хоруғ бо ҳузури муовини раиси шаҳри Хоруғ Бибинигор Саъдоншоева ва маъмури бахши фарҳанги сафорати ИМА дар Тоҷикситон Маккензӣ Милановскӣ дар Хоруғ баргузор гардид.

Муовини раиси шаҳр бо ёдоварӣ аз кумакҳои Амрико дар таҳкими нерӯҳои марзбонӣ, барномаҳои рушди маориф ва беҳдошти ифтитоҳи маркази иттилоотии «Гӯшаи амрикоӣ»-ро як иқдоми дигар дар густариши муносибатҳои фарҳангӣ арзёбӣ намуд.

Хонум Милановскӣ бо пазироии меҳмонон дар «Гӯшаи амрикоӣ» изҳор дошт, ки вай бовар дорад гӯша чун маркази фаъоли табодули назар ва фарҳанг хизмат мекунад. Вай баён дошт, ки он интернет, маводҳои таълимӣ ва иттилоотро дар бораи стипендияҳо ва барномаҳои мубодила дар ИМА барои хоҳишмандон дастрас мекунад.

Гӯшаҳои амрикоӣ марказҳои иттилоотие ҳастанд, ки дар муассисаҳои маҳаллии фарҳангӣ ва маориф бо сарпарастии сафорати ИМА таъсис ёфтаанд. Қаблан чунин гӯшаҳои амрикои дар Душанбе, Хуҷанд, Кулоб ва Қурғонтеппа арзи вуҷуд карданд.

Ба гуфтаи донишҷӯи донишгоҳи Хоруғ Шервоншо Аламшоев, дар маркази вилоят марказҳои таълимӣ ва омӯзишӣ фаъолият доранд, аммо марказии иттлоотии «Гӯшаи амрикоӣ» барои ҷавон ва донишҷӯён имконияти хубтар ва бештари омӯзиши забони англисӣ ва дастрасии ройгон ба интернетро фароҳам месозад.

Фавзия Шоназмиева, ҳамоҳангсози доимии «Гӯшаи амрикоӣ» дар Хоруғ изҳор дошт, ки онҳо дар мавриди фароҳам сохтани шароити созгор барои дастрасии алоқамандон ба иттилоот ва ҳамоҳанг сохтани фаъолиятҳои мушаххаси марбути забони англисӣ ба муассисаҳои маҳалии маориф кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
XS
SM
MD
LG