Рӯзи чоршанбе, тибқи анъана, мардуми Хоруғ ба маросими «чидирдъед» - хонатакконӣ пардохтанд.
Ширкатҳои сайёҳии Бадахшон тақозо кардаанд, ки кӯли Сарез минтақаи сайёҳӣ эълон шуда, маҳдудияти сафари хориҷиён ба ин мавзеи хушманзар лағв гардад.
Ду нафар аз гумонбарони қатли Абдулло Назаров ба мақомоти давлатӣ супурда шудаанд.
Фестивали «Боми ҷаҳон» дар Хоруғ субҳи рӯзи ҷумъа бо баргузории намоиши ҳунарҳои дастӣ оғоз шуд.
Хурду калон дар Бадахшон 10 рӯз дар вазъияти ҷангӣ зиндагӣ карданд.
Як намояндаи «Дафтари зотпарварии Тоҷикистон»-и вазорати кишоварзӣ барои аз худ намудани маблағи хариди қутос муттаҳам гардид.
Ғозҳои сафеди ҳиндӣ, ки онҳоро барои нозукӣ ва зебоиашон "маликаҳои Зоркӯл" меноманд, дар ҷазирачаҳои мобайни кӯл лона гузоштанд.
Раҳмат Некқадамов, сокини шаҳри Хоруғ, мегӯяд, ба манзури ҷуброни зиёни маънавӣ рӯзномаи вилоятии "Бадахшон"-ро ба додгоҳ хоҳад кашид.
Ҳунарпеша ва ширинкори маҳбуби театри Хоруғ Ҷобир Хубоншоев дар намоишҳои наврўзӣ бо саллаву ҷома, вале бе "риш"-и сафеди дароз ва машҳураш дар саҳна ҳувайдо гашт.
Боришоти зиёди барфу борон ва роҳҳои баста сокинони баъзе аз навоҳии Бадахшонро ба камбуди ғизову доруворӣ рӯбарӯ кардааст.
Дар пайи резиши тарма дар маҳаллаи Ниҳодакаи Хоруғ як сокини ноҳияи Шуғнон ба ҳалокат расидааст.
Резиши тарма дар Хоруғ 3 манзили истиқоматиро комилан хароб карда ва 8 манзили дигар қисман тахриб шудааст.
Пажӯҳишгари мустақил Рустами Содиқиён ба натиҷае расидааст, ки вожаҳои зиёди шеваи мардуми Дарвоз метавонанд забони адабии тоҷикиро ғанӣ гардонанд ва дар муошират мавқеи устувор пайдо намоянд.
Олимони тоҷик мегӯянд, сабабҳои заминҷунбии пайдарпай дар маҳалли Сағирдашти ноҳияи Дарвозро муайян кардаанд.
Дар Бадахшон саршумори тамоми намуди ҳайвоноти боркаш афзоиш ёфтааст.
Дар баъзе деҳоти вилояти Бадахшон бабрҳои сафед ба мушоҳида расидаанд.
Сокини 76-солаи шаҳри Хоруғ Аслимо Имомёрбекова довталаби ҷой гирифтан дар китоби рекордҳои Гиннес шудааст.
Рӯзи чаҳоршанбеи 25-уми январ, мардуми бархе аз маҳаллоти Бадахшон тибқи анъана марҳалаи нахустини омодагӣ ба «Шогунбаҳор»-ро ҷашн гирифтанд.
Озодамоҳ Саиднуруллоева яке аз шаш сокини ноҳияи Шуғнон аст, ки мавриди ҳамлаи гургҳо қарор гирифта, аммо ҷон ба саломат бурд. Ҳоло ӯ бо захми дасту гардан дар таҳти назорати табибон аст.
Иҷрокунандаи вазифаи сардори гузаргоҳи марзии Ишкошим барои кочоқи маводи спирт ва сӯистифода аз ваколати хизматӣ муттаҳам гардидааст.
Ёфтҳои бештар