Бибии Аслимо 30 сол боз дар чаҳор фасли сол дар пешайвони ҳавлӣ хоб мераваду оби сардро давои беҳтарин барои рафъи зуком, шамолхӯрӣ, сурфа ва дарди сар мешуморад.
Арӯс ё келини хонадон Ширинмоҳ Хушқадамова мегӯяд, вақте ӯро ба ин хона оварданд, дар ҳавлӣ хоб кардани хушдоманашро дида нороҳат гардид, аммо кӯшиши ба дарун даровардани хушдоман натиҷа надод.
Ба гуфтаи ӯ, "соли 1987 буд. Кампир дар берун хоб мекард ва ман хавотир шудам, ки оё ҳамсояҳо чӣ мегуфта бошанд. Ҳарчанд исрор варзидам, ба дарун даромаданро рад кард. Аммо сокинони маҳалла алакай медонистанд, ки солҳои зиёд боз ҳамсояаашон чунин тарзи зиндагиро ихтиёр кардааст."
Аслимо дар бачагӣ тобистонро дар бистари модараш дар болои бом мегузаронд. Агар бо гузашти тобистон аҳли хонавода ба хона медаромаданд, Аслиморо танҳо боришоти барф аз бом поин мефуровард. Сипас, бо пайдо шудани болопӯши хона вай аз ҳузуру ҳаловати бистар дар болои бом маҳрум гардида, айвони даруни ҳавлиро ҷойи хоби доимиаш интихоб кард.
Дар назди бистари ин кампир ҳамеша зарфи пур аз оби ошомидании хунук, ба қавли худаш, доруи рафъкунандаи кулли бемориҳоро дидан мумкин аст. Худи бибии Аслимо гуфт, "беш аз 30 сол аст, ки дар берун хобам. Ин барои худам фоида дорад. Ягон бор сурфа накардам, грипп нашудам. Сарам гоҳ-гоҳ дард мекунад, оби хунук менӯшам."
Писари бибии Аслимо барои сокинони маҳалла ҳаммом сохтааст, вале танҳо модараш ба он ҷо намеравад. Зеро ӯ дар оби хунук шустушӯ карданро беҳтар мешуморад.
Журналисти садо ва симои Бадахшон Алишери Ҷунайд довталаб шудани сокини 76-солаи Хоруғро барои шомил шудан ба китоби Гиннес нишонаи маъруфияти бештар пайдо кардани ин китоб дар байни мардум мешуморад ва мегӯяд, "ин тамоюл дар ҷумҳурӣ ба дунболи қиссаи дохил шудани парчами миллӣ ба ин китоб рӯ ба афзоиш ниҳодааст."
Ӯ гуфт, "ба фикрам, аз парчами миллӣ дада, ин рӯйдод барои тарғиби худи китоби рекордҳои Гиннес байни мардуми кишвар бештар мусоидат мекунад. Зеро сафи хоҳишмандони гузоштани рекордҳо ва шомил шудан ба ин китоб якбора зиёд шудааст."
Ба андешаи коршинос Парвонаи Фаррухзод, корнамоии кампири 76-сола барои шомил шудан ба китоби рекордҳои Бадахшон мувофиқ аст, аммо шонси ворид шудани исми ӯ ба китоби Гиннес хеле камтар мебошад. Зеро ба гуфтаи ӯ, дар ҷаҳон шояд одамоне бошанд, ки дар шароити сардтар аз иқлими Бадахшон қариб ба шакли ёбоӣ зиндагӣ мекунанд ва бистари дар беруни ҳавлӣ густардаи кампир барояшон шояд роҳаттар бошад.
Довталаб шудани бибии Аслимо барои сабт шудан дар китоби рекордҳои Гиннес ба дунболи афзоиши гуфтугузорҳо дар гирди ин китоб ба вуҷуд омад. Сокинони маҳаллаи Хидорҷеви шаҳри Хоруғ, ки бибии Аслимо дар он ҷо зиндагӣ мекунад, бо огоҳии бештар ёфтан аз китоби рекордҳо ба хулосае омаданд, ки чунин номзади арзанда ба Гиннес якумр боз дар барашон зиндагӣ мекунаду онҳо бехабар монданд ва ба манзури инъикоси ҳаёташ кормандони васоити ахборро даъват карданд.
Зулайхо Назаршоева, сокини маҳалла ва корманди мақомоти маҳаллӣ гуфт, "ҳозир қариб ҳама грипп, вале кампир чӣ будани бемориҳои узвҳои нафасро намедонад. Ба синну сол нигоҳ накарда, дар мактаб- интернат ва қаҳвахона фаррошӣ мекунад. Аз телевизион баъзан наворҳои рекордҳои китоби Гиннесро тамомшо мекунем, фикр дорем, ки кампири мо ҳам метавонад дар ин китоб ҷой гирад."